Бахшҳо
16 янв 2017 15:27Тоҷикистон / Акс / Тема дня

Бунёди Маркази миллии Оши палав дар шимоли Тоҷикистон

Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд Маркази миллии Оши палав бунёд хоҳад шуд. Ин маркази дуошёна дар маҳаллаи 20-уми шаҳр, назди масҷиди “Нури Ислом” сохта мешавад.

Аз маъмурияти вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, Маркази миллии Оши палавро як соҳибкори ватанӣ бунёд хоҳад кард: “Маркази хӯрокҳои миллӣ дуошёна буда, ороиши он пурра бо усули меъмории анъанавӣ ба роҳ монда мешавад ва дар ин ҷо беш аз 10 намуди оши палав ва навъҳои гуногуни таомҳои дигари миллӣ омодаву ба мизоҷон пешниҳод гардонида мешаванд”.

Манбаъ ҳадафи аслии сохтмони марказро “эҳё ва рушду нигаҳдории фарҳанги миллии ошхонадории тоҷикон” унвон кард.

Бунёди Маркази миллии Оши палав дар шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки 30 ноябри соли 2016 Идораи илму фарҳанги СММ – “ЮНЕСКО”, оши палави тоҷикиро ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, оши палав дар Тоҷикистон “шоҳи ғизоҳо” ном дошта, беш аз 200 тарзи таҳия дорад. “ЮНЕСКО” инчунин оши палави пешниҳодкардаи Узбакистонро низ ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда, шарҳ додааст, ки ош ба таҳкими равобити иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Феълан феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият 366 номгӯи суннатҳову арзишҳои халқҳои ҷаҳонро дар бар мегирад.

Бунёди Маркази миллии Оши палав дар шимоли Тоҷикистон
Мӯҳр
Кӯлобӣ
Аввалҳои солҳои навадум дар Душанбе як дӯсти Хӯҷандиямро вохӯрдам. Гуфт, ки Кӯлобанда аз рӯи шунидам ҷо зира мӯл, манба зира фирист. Ман гуфтам, ки намебини вилояти Кӯлоб блокада шудагӣ, мо дар ғами ҷону ту корат зираковӣ. Боз Хӯҷанд бародаршаҳри Кӯлоб, чи хел фаҳмем..
Баъди ҳамон солҳо ба наздикӣ дар Душанбе вохӯрдем. Ман гуфтам, ки ҳамон вақт Кӯлоб нотинҷ буд, зира фиристода натавонистам, оши ленинободи бе зира чи хел мешавад?..
Дӯсти хӯҷандиам шӯхиомезона гуфт: рӯи наҳсат гурба аз ҳамон сол моҳон зираи ёфтагиамона Кӯлобанда фиристода шиштем.
Ҳамин паловхонаи Хӯҷанда дида, шӯхии ҳамон дӯстам ба ёдам омад...

Az baroi khudo digar kor nadored bogcha sozed markazi talimi sozed hamun oshi nahora dar tamomi jumhuri pahn karded khub aknun boz markazzozira sar kunand misli hamon choykhonaho yagon ideyai bakuvvat peshnihod kuned osha arzon kuned masalan

Калакалон
Чудоям чои нагз мещудас. Маладес кандаша занад сохтоскихо....
Лекин гап ошпазанда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)