Бахшҳо
16 янв 2017 15:32Тоҷикистон / Сиёсат

Шоҳиён: Ба ҳукми қатл айни ҳол зарурат нест

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, барои татбиқи ҳукми қатл дар кишвар зарурате намебинад.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 16-уми январ дар посух ба суоли “Озодагон” баён дошта, афзуд, “бубинед дар 13-14 соле, ки ҳукми қатл дар кишвар татбиқ намешавад, афзоиши ҷиноятҳои вазнин ва мудҳиш сабт нашудааст”.

Шоҳиён таъкид намуд, ки татбиқи ҳукми қатл масъалаи бисёр ҷиддист. Раиси Суди Олӣ аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои омӯхтани афкори омма дар мавриди ҳукми қатл зикр карда, афзуд, феълан ҳукми қатл мавқуф гузошта шудааст: “Ман фикр мекунам ин мавқеи Тоҷикистон дуруст аст”.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон моҳи августи соли 2016 гуфт, ҷонибдори роҳандозии дубораи ҳукми қатл дар кишвар мебошад.

Ӯ изҳор дошт, ки ҳамчун прокурори генералӣ ҷонибдори татбиқи ҳукми қатл нисбати онҳое мебошад, ки ислоҳ намешаванд: “Ҷонибдори татбиқи ҳукми қатли онҳоеям, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин-куштори чанд нафар содир мекунанд. Ҷиноятҳои давлатӣ, аз ҷумла қасди табаддулоти давлатӣ мекунанд. Инчунин афроде, ки даст ба амалҳои террористӣ мезананд”.

Юсуф Раҳмон таъкид намуд, ки ин мавқеи шахсии ӯ мебошад ва аз ҷониби дигар Тоҷикистон ҳамчун узви Конвенсияи байналмилалӣ уҳдадориҳои худро дорад.

Ин дар ҳолест, ки феълан панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд, аммо амалан он татбиқ намешавад, зеро Тоҷикистон аз аввали солҳои 2000-ум барои татбиқи ин ҳукм маротория эълон намудааст.
Мӯҳр
Ватандуст
Барои ватани азизамонро дар хавои тенчу ором нигохдоштан мо бояд ба он шахсоне ки хиёнат ба ватан мекунанд ва кушиши ноором сохтани он мекунанд мо бояд хукми катлро чори кунем!

Дуруст, зарурат надорад. Тафаккури инсонхо тагйирёбанда аст. Мутафаккиронаказоват кардааст Шермуҳаммади Шоҳиён. Мо дар замони асрхои миёна зиндаги намекунем, ки аксаран инро нафахмем. Донишу фахмиши инсоният аз он чохилиятхо болотар гузаштааст то дарачае.

Зоокавбой
Оооо буи гап ки бромад значит мекнанша. Эххххх эххх эххх ба тарафи зоологическая анархия рафтестем. Кани гуманизм???

Одил, ш. Душанбе.
Тадбики хукми катл ин чохили нест, ин дарачаи олии гуманизм ва демократия ва тарбия мебошад. Як гунахкорро катл кардаю хазорхо нафари дигарро дар амон гузоштан магар, магар адолат нест? Аз руи инсоф аст, ки касеро, ки садхо миллион суми давлатро тасарруф кардааст, хамаги ба чанд солаке махбасаш созем? Маълум, ки у бо сумхои дуздидааш хам дар махбас ва хам дар амони савлат карда мегардад.
Ман сад дар сад чонибдори Додситони кулл Юсуф Рахмон хастам. Агар хукми катл заруррат намедошт, онро дар демократитарин кишвархои олам Амрико татбик намекарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)