Бахшҳо

Фармони Президент: Вазирон савгандро ёд ва имзо мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармон тартиби савгандёдкунии аъзои ҳукуматро тасдиқ карда, Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи Президентро масъули ташкилу назорати маросим таъин намудааст.

Тибқи тартиби тасдиқкардаи Президент маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар Қасри миллат дар фазои тантанавӣ баргузор шуда, доираи иштирокдоронро дар ин маросим худи раисиҷумҳур муайян мекунад: “Варақаи савгандёдкунӣ бо зикри ному насаб ва вазифаи узви ҳукумат аз ҷониби дастгоҳи Президент пешниҳод мешавад ва узви ҳукумат дар толор, ки он ҷо парчами Тоҷикистону ливои Президент барафрохта шудааст, дастро болои Конститутсия монда дар рӯбарӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо овози баланд савганд ёд мекунад”.

Дар пайи савгандёдкунӣ узви ҳукумат варақаи онро имзо мекунад ва ин варақа дар парвандаи шахсияш дар дастгоҳи раисиҷумҳур ҳифз хоҳад шуд. Савганди аъзои ҳукумат хидмати содиқонаю софдилонаро барои пешбурди иқтисодию иҷтимоии давлат фаро мегирад.

Тасдиқи ин тартиб дар ҳолест, ки соли 2017, ки соли ҷавонон эълон шудааст, коршиносон аз раисиҷумҳур таъини кадрҳои ҷавонро дар ҳукумат интизоранд.
Мӯҳр
рахмдил
Илтимос дар вакти савганд ёд кардан ёдрас шавад ки аз зодаи кадом минтака хаст. Он вакт шафоф хохад шуд.

чамолиддин
рахмат падари миллати точик мухтарам Эмомали Рахмон ахсан ба шумо падарчон шуморо дуст медорам кадрой чавонро дасгири мекунед ахсан ба шумо падарчон

Точикистони
рахмдил,
О фаркаш чи зодаи кадом минтака хаст? Шумо хаёл мекунед гап дар минтака аст. Не гап дар минтака нест, гап дар одаме хаст ки дастгири мекунад. Минтакабози дар давраи шурави низ буд. Як сабаби чанги шахрванди хамин буд. Имруз бошад Вазир аз як минтака бошад 4 муовинаш аз минтакахои гуногуни Чумхуриянд.
Хубш масъалаи КУМИТАИ АНДОЗА бинанд. Аз андози баланд безор шудем.

чамолиддин,
чамолиддин,
Ба фикрм подари Хта падар гуфтаги нести дар хаетыт,,,

Хуб аст, ки Пешвои миллат хануз Сарварамон хастанд.....Худо нишон надихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)