Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 13:53

Ҳимояти муфтии Маскав аз қарори мақомоти тоҷик: Ҳар мулло набояд никоҳ кунад

17 январ 2017, 11:00

Элдар Аллоуддинов, муфтии шаҳри Маскав тасмими мақомоти тоҷикро, ки хутбаи никоҳ танҳо аз сӯи руҳониёни расмӣ хонда шавад, саривақтӣ хондааст.

Аллоуддинов дар дар суҳбат бо “Sputnik” зарур хондааст, ки раванди издивоҷ бояд то ҷое мушкил шавад. Ӯ гуфтааст, бояд дар хотир дошт, ки оила чизи муқаддас ва муҳим буда, нисбати он бояд ҷиддӣ муносибат кард: “Дар назди муллое рафта, хутбаи никоҳ хонда, гӯё дар назди Худованд зану шавҳар шудан, нодуруст аст. Дар бораи он ки дар Тоҷикистон ба ҳама муллоҳо хондани хутбаи никоҳро иҷозат надодаанд, ман розиям. Ба фикри ман бояд ин равандро то ҷое мушкилтар кард".

Муфтии Маскав инчунин аз издивоҷи дуюм, сеюм ва ҳатто чоруми муҳоҷирон дар Русия зикр карда, таъкид намудааст, ки аксарашон бе огоҳии зани аввал ва худсарона сурат мегиранд: “Ин як бесарусомонист. Масъалаи аз ҷониби муҳоҷирон барпо кардани оила дар Маскав ташвишовар аст".

Ахиран масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон эълон карданд, ки хостори манъи хондани ақди никоҳ аз тарафи рӯҳониёни ғайрирасмӣ мебошанд. Ин ниҳод пешниҳод кардааст, ки масъулияти бастани никоҳи шаръӣ пурра ба ихтиёри имом-хатибон гузошта шавад. Ин ниҳод тасмими мазкурро ба хотири ҷилавгирӣ аз никоҳи ноболиғон ва никоҳҳое, ки дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба қайд гирифта нашудаанд роҳандозӣ кардаст. Кумитаи дин бо пешниҳоди тарҳе ба порлумон ва Додситонии кулл хостааст, ки барои риоя накардани ин тартиби бастани никоҳ ҷавобгарии ҷиноӣ ё ҳадди ақал ҷавобгарии маъмурӣ муайян карда шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз кай боз Маскав хукуки дуруст ё нодуруст будани кори уламои точикро пайдо кардааст?. Мо ки бо фахр Эмом Ханифаву Бухори мегуфтем... ин чи бало задааст ки аз як кишвари христяни дар бораи дуруст будан ё набудани корхои мусалмонии мо тасмимгиранда мешудааст!? Э ВОЙ бар сари мо!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кал додари кур.
Посух додан
  • шахрванд

  • 17 январ 2017 19:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба "Мусофир"
Э ВОЙ бар сари ту барин инсон. Охир ин муфтий икдоми макомоти точикистонро дастгири кардааст на балки фармон додааст
Посух додан
  • али

  • 17 январ 2017 21:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ду шохиди мусулмон бошад никох мешавад,муллохои давлати даркорне
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мусо,
пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад. Пеш аз хама ба шумо машварат додани хастам, ки пеш аз оне ки як чизро менависед, аввал хуб фикр кунед. Яккум, саводнокии Шумо бехад паст мебошад, ин муфтии Маскав мисли мову шумо мусалмон аст, баъдан у фикру мулохизаи худро гуфтааст, на ба мо рох нишон додааст. Дуввум, агар тасаввурот оиди ин шахсият дошта бошед, миллати у тотор мебошад ва пайравикунандаи Имоми Аъзаме, ки шумо дагдага доред, мебошад. Дар ислом ягон хел фаркият миёни мусулмонхо вучуд надорад. Сеюм, Русия кишвари ба гуфти Шумо "християни" нест, балки кишвари дорои миллатхои зиёд мебошад, ки чанд миллатхои дар ин кишвар якчанд дину оинро пайрави мекунанд. Чорум, карори пешгирифтаи макомот чихати махдуд кардани хондани хутбаи никохро сад дар сад дастгири ва кобили кабул мешуморам.
Барои хамин, аз Шумо илтичо мекунам, ки барои аз мафкураи танг ва тангназари баромадан бештар мутолиа кунед. Оиди таъриху оину фарханги кишвархои пешрафта, оиди шахсиятхои бонуффузи чахони исломи...Чунки кишвари махбубу азизамон ба шахсиятхои дорои маърифати баланд ва тафаккури васеъ ниёз дорад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!