Бахшҳо
17 янв 2017 12:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Каримзода бохти Душанбе аз Иттиҳоди гумрукиро ном бурд

Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҷанбаҳои манфии узвияти кишвар дар Иттиҳоди гумрукиро шарҳ дод.

Хуршед Каримзода имрӯз, 17-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” оид ба бурду бохти Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гуфт, "пеш аз дохил шудан бояд донем, ки дар бозори ягонаи хизматрасониҳо дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ чӣ пешниҳод карда метавонем, масъалаи бурду бохт ҳаматарафа омӯхта шавад. Иттиҳоди гумрукӣ як қатор меъёру қонун ва талаботи худро дорад ва яке ин воридоти мол ба бозори умумӣ дар асоси стандартҳои муаяйнкардаи он мебошад. Барои мисол, агар маҳсулоти кишоварзие, ки аслан мо мехоҳем содирот намоем, тибқи меъёрҳое, ки дар Иттиҳоди гумрукӣ муайян шудааст, ягон мошин маҳсулоти кишоварзии мо ба бозори он роҳ намеёбад, зеро бахши кишоварзии мо дар он сатҳи зарурие, ки лозим аст, омода нестанд. Мо то ҳол намедонем, ки аз аъзошавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ то кадом дараҷа ба фоидаи мо аст, ё зарари мо”.

Муовини сардори Хадамоти гумрук гуфт, дар сурати узвият ба ин Иттиҳод минбаъд бояд санаду меъёрҳои онро иҷро кунанд ва маҷбуранд тамоми молҳое, ки дар он давлатҳо истеҳсол мешавад, ба бозори Тоҷикистон бе ягон монеа роҳ диҳанд. Ӯ афзуд, дар сурати сарозер шудани мол аз кишварҳои дигари Иттиҳоди гумрукӣ маҳсулоти ватанӣ наметавонад бо он рақобат кунад: “Агар ҳамин маҳсулоти кишоварзиро гирем, сӯзишворию нуриҳои менералие, ки аз дигар ҷо оварда хоҷагии қишлоқамонро ба роҳ мемонем, арзиши аслии маҳсулоти дар мо истеҳсолшуда нисбати дигар ҷумҳуриҳое, ки захираҳои энергетикию нуриҳои менералӣ доранд, қиматтар мешавад. Албатта мо наметавонем, ки рақобати солимро дар бозори умумӣ таъмин кунем. Он меъёрҳое, ки аз тарафи Иттиҳоди гумрукӣ муайян шудаанд, мо ба ҳамон меъёрҳо маҳсулоти ҷавобгӯй пешниҳод карда наметавонем”.

Хуршед Каримзода таъкид намуд, ки ҳоло масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳоли омӯзиш аст ва дар ин самт таҷрибаи дигар кишварҳои аъзои ин иттиҳод ба назар гирифта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки арзонии молу маҳсулот, интиқоли бемонеаи пул ва сабукӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз паҳлӯҳои мусбати узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукӣ арзёбӣ мешаванд.
Мӯҳр
Итиходи гумруки як дарди сар аст барои мо. Баъди ворид шудан ба ин итиход ба кишвари мо ягон сармоягузор намеояд. заводро дар Русия Казокистон месозанд ё дар Киргизистон молхояшонро бе гумруку бе мушкили ба кишвари мо содирот мекунанд. Дар холе ки аз амняти кишвари мо нигаронанд сармоягузорон. Сохибкорони моро миёнашон мешиканад.
Хама мухочир мегуянд агар ба ин итиход дароем боз як асри дигар мардуми мо хаминхел мухочири сарсону саргардон мемонад.
Хубаш ба ягон итиход надаромада иктисоди худамонро баланд бардорем.

Durust
Мусофир,
Rost gufti barodar! Man ham chunin fikr doram.

Иттиходи гумруки хам фоида дорад ва хам зарар. Фоида ба мардуми РТ,ЗАРАР ба кисаи чапи гумрукчиён. Хар як мошину вагоне,ки ба РТ бор ворид мекунад ,бе "доля"-и гумоукчи "растаможка" намешавад. Содирот низ инчунин аст.

шахрванд
Ба "Мусофир"
Магар иктисод дорем??????

Шаф шаф нагуфта шафтолу гуед чаноб. Аввалан ин хел халлу фаслро бояд иктисодчиен кунанд на коргари гумрук. Дуюм гумрук танхо фоидаи худро мебинад. Зиеда аз як миллион мухочиронро ба инобат намегирад.Кани бо факт гап занед, гумрук дар як сол чи кадар ба давлат фоида мебиерад? Тибки иттилоь аз сомонаи шумо дар соли 2016 3 миллиарду 824 миллион сомони бочи гумруки пардохт карда шудааст. Агар як миллион мухочир ба хисоби миена 50 хазори руси е 7500 сомони аз харчи патентро ба Точикистон равон кунад ин маблаг ба 7 миллиарду 500 миллион сомони баробар аст.Мусофир,

Ана ҷавобу мана ҷавоб... "Мо то ҳол намедонем, ки аз аъзошавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ то кадом дараҷа ба фоидаи мо аст, ё зарари мо”. Боз шонашон МУОВИНИ АВВАЛ будаанд. О агар инро надонӣ, дигар чиро медониста бошӣ. Чӣ хел муовини аввал шуда кор карда истодаӣ а?

itihodi gumruki zarar ba vatanu millat ast.foida rusho mebinandu kazoku uzbak na tojik.

али
охир дар ин 25 чи кор кардед?бояд ки мекардед мувофики стандартхои чахони,дар тв точикистон факат пешравию нархи арзону серию пури ку,акнун гирья мекунен ки аъзо шавем ин мешаваду он мешавад,чи намехохен ба мардуми одди сабук шавад?

точик
иттиходи гумруки бар фоидаи мардуми оддиву бар зарари мониполистхои дохилист. Фикри 1.5 млн мардикори овораро кардан лозим на кисаи сарватмандонро. Агар маблаги мардикорон набошад иктисоди набуда низ тамоман мемурад. Касе ки зидди ин иттиход аст, парвои мардуми одди надорад!

мо назди мардуми Расия ғулом ҳастем на муҳоҷир ва ғулом мемонем,

Бывший сохибкор
Ку бгирен гумрукчен хами ду сохибкори мондагирам тору мор кнен халос бшем даааааа..... ин окибати хуб надорад. Системаи нав хам чори кардед, лек ердам накард

Инро хама медонад, ки Даромадан ба итиходияи гумруки ба фоидаи халк мешавад на ба фоидаи Давлат.
Хаминашро медонам, ки тамоми чизу чораи зиндаги арзон мешавад ва монопалистони дохили хору залил мешаванд, ба мухочирони мехнати сабуки мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)