Бахшҳо

Пешниҳоди ба номи Убайдуллоев гузоштани яке аз хиёбонҳои Душанбе

Баъди аз мансаби раиси шаҳри Душанбе озод шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев дар рӯзи 12 январ бештари баҳсҳои марбут ба тағйироти кадрӣ дар интернет ба ӯ пайванд мехӯрад. Дар бештари маврид шахсияти Убайдуллоев ва то куҷо шаҳрдори муваффақ будани ӯро баҳс мекунанд.

Корбарони сомонаи хабаргузории “Озодагон” ҳам зери хабарҳои марбут ба Маҳмадсаид Убайдуллоев шарҳҳои зиёде менависанд. Бархеҳо аз ӯ ба унвони як шаҳрдори муваффақ ном бурда, қисме мегӯяд, тӯли солҳои роҳбарӣ баъзе мушкилиҳои аслии сокинонро натавонист рафъ созад. Дар ҳамин ҳол, бархе хонандаҳои сомона пешниҳод кардаанд, бояд ҷойеро ба номи ӯ гузошт. Дар матлаби "Раҷаби Мирзо: Убайдуллоев рафт. Акнун чӣ мешавад?", ки 13 январ дар хабаргузории “Озодагон” нашр шуд, корбаре бо номи “Оиша” навиштааст, “хуб мешуд яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба номи Маҳмадсаид Убайдуллоев гузошта мешуд”.

Ва ба дунбол хонандаи дигар, ки худро “Помирӣ” гуфтааст, пешниҳод намуда, ки маркази Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба номи раиси акнун собиқи шаҳри Душанбе гузошта шавад. Ӯ дар шарҳи ин пешниҳодаш менависад: “Мардуми маҳаллӣ ин шаҳр - Хоруғро Хараг мегӯянд. Чӣ номи дағалу безеб. Шаҳри Убайдулло - звучить хорошо! Бигзор як кас дар зиндагиаш қадршиносии мардумашро бинад”.

Корбари дигар -- “Ростин аз ш.Душанбе” бо тавсифи Убайдуллоев, ки “ягона роҳбари воломақоме буд, ки мактубҳои ба унвонаш омадаро шахсан мехонд, чора медид, ҷавоб мегардонд”, аз пешниҳоди ду хонандаи боло пуштибонӣ кардааст. “Баъзеҳо таклиф кардаанд, ки ба номаш маркази ВМКБ -ро гузоранд ё яке аз хиёбонҳои калонтарини Душанберо. Чӣ ҷои шубҳа дар ҳақиқат арзанда аст. Агар нагузорем ҳам номи ӯ то замоне, ки шаҳри Душанбе ҳаст, боқӣ мемонад”,-навиштааст вай.

“Алиҷон”
бошад, пешниҳод кардааст, ки ба Убайдуллоев унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад: “7-умин Қаҳрамон дар Тоҷикистон, ба мисли Тоҷи ҳафт ситора, Ҳафт Қаҳрамон, Ҳафт Ахтар”.

Аммо бархеҳо ин ҳамаро чоплусӣ унвон кардаанд. Ба гунаи мисол, “Ростгӯ”, ки менависад: “Кори Тоҷик аз АЗАЛ чоплусист. Ин дар рагу хунатон буд, ҳаст ва мемонад”.

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 64-сола, ки аз соли 1996 курсии раиси шаҳри Душанберо дар ихтиёр дошт, 12 январ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа озод шуд. Ӯ ҳоло раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон аст.
Мӯҳр
Фархори
Махмадсаид Убайдуллоев дар хакикат кадри бехтарини Точикистон буда, хизматхои бузурге ба мардуми Точикистон карда аст, хуб мешуд дар зодгохаш нохияи Фархор махалла ё кучае ба номи у гузошта шавад.

душанбе
Бале фикри Аличон дуруст аст ва Махмадсаид Убайдуллоев арзанда аст!!!

ba khotiri khizmathoyashon nomi yak nohiyai poitakhtro ba nomi ubaidulloev guzored dar zinda budanashon.arzandaast.

Саидахмад - Вешаб
Агар хамин тавр шавад, бехтарин икдом барои Махмадсаид Убайдуллоев аз чониби Пешвои миллатамон Эмомали Рахмон мебошад. Чун хамагон шохиди он хастанд, ки махз дар давраи вазниниву ноороми Убайдуллоев кори сангину душвореро пеш мебурд, чунки на хама кас дар он давра аз ухдаи кор мебаромад. Чун имруз Душанбе ободу зебо гашт ва номи ин шахси арзанда ба яке аз хиёбонхо гузошта нашавад айб аст, айб бовар кунед. Озодагон саломат бош барои овозахои хуб!

Алиҷон дуруст мега бигзор унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шавад.7-қаҳрамон олиҷаноб

Номи зиндаҳо ба шаҳр дода намешавад.
Хоруғ бошад чӣ дахл дорад ба Убайдуллоев.
Шаҳраки Фархорро номгузорӣ кунанд.

Юлдош
..Биёед, ҳамаи Тоҷикистон мисли Фролов-Ляков сафири Руссия дар Тоҷикистон охири фамилиаамона масалан Каримов- Убайдуллоев ё Салимов- Убайдуллоев кунем ба ҳамин, монанд, бачаҳо боз як фикр кунед.
Ноҳияиҳои Синою Рӯдакию Фирдавсиро номашонро дигар карда мондан мумкин... Ҳамин Данғараю Қабодиёну Ҳисору Бадахшон ҳам куҳна шудагӣ

Шахоне, ки аз номи Помири ё Бадахшон коммент навиштаанд, аз тарзи навиштанашон маълум, ки дар хакикат помири ё бадахшони нестанд. Бадахшонихо мисли ин чоплусхо нестанд ва номи Хараг, Помир ва Бадахшонро хазор солахо тагир надоданд, намедиханд ва харгиз нахоханд дод. Ва хар як фарди Бадахшони аз хурд то бузург бо тариху, фархангу, суннатхо ва анъанахои худ ифтихор доранд. Инчунин бо ин ифтихору хиси баланди ватандусти на факат номи Бадахшон ва Помирро балки тамои Точикисторнро дар арсаи чахон бардошта истодаанд. Аз ин лихоз агар мард бошед номи хакикии худро нависед ва аз номи худатон комент нависед. Бадахшонихо ба коментхои чоплусонаи шумо ниёз надоранд. Фархори,

шахрванд
Мардум ва таърихи Точикистон Убайдуллоевро хеч гох фаромуш намекунанд, сахтарин ва бехтарин сиёсатмадор аст.

Дар хакикат арзанда хаст у аз аввал дар бари чаноби оли буд то хол хаст ва бояд нохияеро ба номаш монанд ва кахрамони Чумхурии Точикистонаш кунанд. Убайдуллоев худаш кормандоне ки дар чумхуриямон хизмат карда будан номхои кучахои шахрро ба мисли Асадулло Гуломов мондааст

Биёед советнико сари ҷаноби олиро вайрон накунаду 5 ноҳия ташкил кунед дар шаҳр ва ба номи Муҳаммад. Убайдуллоев монед ба ҳама малум ки саҳмаш да Душанбе зиёд аст.
Бас кунед бахили ву нотавонбиниро.Аз Худо тарсед 10 сол пеш чихел буду ҳозир чихел аст.Ва он норасохиои дигар худаш давоми 2 ё 3 соли дигар ҳал мешуд.
Ман хамшахриаш нестам аммо оилаи мо 100 соли охир дар ҳамин шаҳр зиндагӣ кардааст.

точик
агар бо як шиму костюм аз мансаб мерафт он вакт арзанда буд

Махмадсаид Убайдуллоев шахси руирост, сиёсатмадор ва хеле дилсуз хастанд. Мухимтарин хислаташон ин аст, ки бадро аз нек ва ДУСТРО АЗ ДУШМАН фарк мекунанд. Ин буд муваффакият пайгирашон буд.
Ба КАХРАМОН буданашон хам шакке надорам. Арзандаанд ба Худо.

Точики асил
Ба унвони Кахрамони миллати точик дар солхои ба даст овардани истиклолият факат Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон арзанда мебошад ва кахрамони миллати точик мухтарам Эмомали Рахмон мебошад ва хеч каси дигар дар айни хол арзанда нест. Ба Убайдуллоев М орден доданд, кифоя мебошад.

Д.Бобохуча
Агар ба таърихи гузашта назар афканем мебинем,ки чи кадар шахсиятхои бузург дар сахифахои он сабт гаштаанд.МАХМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ яке аз чунин шахсиятхои бузург ба шумор меравад ва ба хама унвон ва кадршиносихо меарзад,гарчанде худи у ба чунин бахододан ки яке аз хиёбон ва ё шахру вилоятро ба номаш номгузори карда шавад ниёз надорад,аммо дар дилу дар хакикат у кахрамони миллат аст,зеро дар тули рохбарии сиёсати ЭМОМАЛИ РАХМОН бо тамоми хастиаш содик вафодор ба супоришу дастурхои Пешвои миллат Чаноби оли мебошад.Симои шахри Душанбе маркази пойтах ба кулли тагйир ёфтанаш захматхои мухтарам МАХМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ мебошад,хиёбону гулгаштхои шахр,бинохои баландошёнаи замонави,вазорату идорахои нав ва як катор навигарихое ки ба чашм мерасанд хамаааш хизматхои ана хамин марди дар дили мардум кахрамон аст.Асосаш он аст,ки то ба охир ба ин давлату миллат ва рохбари он содику вафодор мемонад.ОФАРИН МАХМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВИЧИ АЗИЗУ МУХТАРАМ!!!!!!!Домо сихату саломат ва сарбаланду комёб бошед,Шумо хизмататонро 100% ичро кардаед акнун истирохати хубу гуворо насибатон,ба харгуна акидахои баъзе нодида мегирифтагихо ахамият надихед.........бехуда нагуфтаанд.....ПАСИ ПОДШОХ ГАЙБАТ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)