Бахшҳо
18 янв 2017 10:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

(САДО) Аҳмадзода дар бораи бинои нави парлумон, ҳукумати шаҳр ва гулгашту фаввораҳо

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, масоҳати бинои нави парлумон беш аз 8 га хоҳад буд.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси кумита имрӯз, 18 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, бинои нави парлумон дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ дар ҷойи бинои шаҳрдорӣ ва Вазорати кишоварзӣ дар назар аст: "Тарҳи сохтмони бинои нави парлумонро таҳия шуда, рӯзҳои наздик ба ҳукумат пешниҳод мекунем. Дар сурати тасдиқ шудан корро сар мекунем".

Моҳи майи соли 2016 Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, омодагии кишварашро барои маблағгузории бунёди маҷмааи парлумонӣ баён дошта буд.



Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, тибқи нақша дар ҷойи театри тахрибшудаи Маяковский, бинои Ҳукумати шаҳри Душанбе қомат хоҳад афрохт: "Бинои феълии Ҳукумати шаҳри Душанбе хароб мешавад, зеро он солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, таҳкурсии он мустаҳкам нест. Соли 2000 дар бинои маҷлисгоҳ пули калонро сарф карда, мустаҳкам кардаем. Азнав мустаҳкам кардани бино пули калонро талаб мекунад, беҳтар ин аст, ки мо бинои нав созем ва ин арзон меафтад".

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои расонаҳо, ҳайати дастгоҳи шаҳрдории Душанбе зери раҳбарии раиси нави он Рустами Эмомалӣ ба бинои пешини раёсати ҷумҳурӣ кӯчидааст.

Ба гуфтаи Ҷамшед Аҳмадзода, бар асоси лоиҳа дар ҷойи бинои Фурушгоҳи марказӣ ё СУМ бинои баландошёнаи маъмурӣ ба нақша гирифта шудааст: “Аз назди бинои нави парлумон то охири театри Лоҳутӣ 53 метр гулгашту фаввораҳо бунёд мешавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)