Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 21 август 2017, 02:02

Тафтиши мусофирон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон ҳатмӣ мешавад

18 январ 2017, 14:22

Дар истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон тафтиши мусофирон ҳатмӣ мешавад. Ҳадафи ин иқдомро мақомот “баланд бардоштани сатҳи амнияти мусофирон ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ” мехонанд.

Жубан Корпебаев, сардори Идораи истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон гуфтааст, тафтиши мусофирон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Алмаато-1 ва Алмаато-2 сар аз 1 феврал оғоз шуда, иқдоми мазкур дар истгоҳи Остана аз 1 апрел ва дар истгоҳҳои дигари кишвар аз 1 июли имсол ҷорӣ мешавад. Ба гуфтаи Корпебаев, алакай даҳҳо маҷмуаи дастгоҳҳои махсуси назоратӣ дастрас шуда, ба мусофирон тавсия мешавад, ки ба истгоҳҳо пеш аз вақти сафар ҳозир шаванд. Дар бораи тартиб ва муҳлати раванди тафтиш чизе гуфта намешавад. Мақомоти Қазоқистон сар аз 16 январ сатҳи “зард”-и хатари террористии муътадилро, ки баъди ҳамлаҳои хунини моҳи июни Оқтеппа эълон шуда буд, лағв карданд. Баъди ин ҳамлаҳо, ки Остона онҳоро теракт хонд, кормандони мақомоти қудратии Қазоқистон як қатор тамринҳои ба истилоҳ “зиддитеррористӣ” анҷом дода, порлумон ба қонунҳои марбут ба терроризму экстремизм тағйиру иловаҳо ворид кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!