Бахшҳо

“Ба ташхисгоҳи “ДНК”-и Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя низ муроҷиат карда истодаанд”

Лабораторияи молекулярӣ-генетикии тиббии судӣ-таҳлили “ДНК”-и инсон дар Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли гузашта ба фаъолият оғоз кард, минбаъд парвандаҳои ҷиноятӣ ва баҳсҳои судии падариву модариро дақиқ хоҳад кард. Дар ин бора Абдусалом Ваҳҳобзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд аснои суҳбат бо журналистон дар нишасти солонааш хабар дода, гуфт, ин дастовард дар соҳаи тиббии судии вилоят на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар хадамотҳои тиббӣ-судии давлатҳои ҳамсоя -- Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон низ аввалин мебошад.

Бино ба иттилои ӯ, ин ташхисгоҳ барои гузаронидани тадқиқоти тиббии судӣ-генетикӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба муқаррар намудани мансубияти объектҳои биологӣ ба шахси алоҳида ва идентификатсияи шахсият равона карда шудааст: “Ташхисгоҳи “ДНК”-и инсон бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имрӯз то ҷое масъалаҳои судии оилаҳоро низ ба танзим даровардааст, ки маблағи муайян кардани падариву модарӣ ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ, тадқиқоти тибии судӣ-генетикӣ алайҳи парвандаҳои ҷиноятӣ бошад, наздик 1315 сомониро ташкил медиҳад”.

Ҷаноби Ваҳҳобозода мегӯяд, ташаббускори ин ташхисгоҳ Фурқат Ғаниев буда, бо дастгири ҳукумати вилояти Суғд, Вазорати тандурустии кишвар ва созмонҳои байналхалқӣ ин лабораторияро таъсис додааст: “Аз рўйи маълумоти ман, ба ин ташхисгоҳ на танҳо сокинони кишвар, балки аз кишварҳои ҳамсоя низ муроҷиат карда истодаанд”.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, дар баробари ин, соли 2016 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят 2 ҳазору 834 номгўй таҷҳизот, аз ҷумла муолиҷавӣ, муоинавӣ ва ёрирасон, ба маблағи умумии 12 миллион сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст, ки аз нақшаи солона 4 маротиба зиёд мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)