2016: 40 тоҷикистонӣ ба ДИИШ пайвасту 22 нафар хориҷ шуд
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 40 тоҷикистонӣ ба созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастанд.
Раҳимзода имрӯз, 20-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, омори пайвастшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ДИИШ дар соли 2016 нисбати солҳои пешӣ камтар мебошад.
Ӯ афзуд, соли гузашта 22 шаҳрванди Тоҷикистон ихтиёран аз сафи “ДИИШ” хориҷ шуда, ба Ватан баргаштаанд. Дар маҷмуъ теъдоди нафароне то ҳол аз ДИИШ баргаштаанд, 80 нафар арзёбӣ намуд.
Дар мавриди теъдоди умумии тоҷикистониён дар ДИИШ вазири умури дохилӣ афзуд, ки ҳисоби онҳо хеле мушкил аст ва омори дақиқро ироа накард.
Қаблан мақомоти тоҷик теъдоди ҷангиёни тоҷикро дар ДИИШ беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки ҳудуди 300 нафарашон кушта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |