Бахшҳо

Раҳимзода: Милиса, ки фарбеҳ шуд, кораш суст мешавад

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон назорати вазни милисаҳоро дар кишвар тасдиқ кард.

Раҳимзода имрӯз, 20-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар назди раёсати тандурустии Вазорат комиссия амал мекунад: “Дар вазорат бояд қаду вазни кормандон аз рӯи талабот бошад”.

Вазири умури дохилӣ таъкид кард, ки вақте милиса фарбеҳ мешавад, кораш суст мегардад ва ин назорат карда мешавад: “Дар мавриди фарбеҳӣ ҷадвали байналмилалӣ аст ва ин талабот хоси Тоҷикистон набуда, дар дигар кишварҳо низ ҳаст”.
Мӯҳр
Nabi farhor
Салом.Гапи ҳақро гуфтед ҷаноби вазир.
Бовар кунед, фарбеҳ будан дар ин сохторҳои давлати намезебад
Милисае, ки давида натавонад, турник кашида натавонад ё вертушка назанад, чи даркор ин хел милисаҳо.

Милисахои шикамкалон бояд аз сафхои милиса хорич карда шаванд.

1
Одобу муоширатро низ фаромуш накунед.

Курбон
Милисахои точик хар нафареро бинанд, дар назарашон чинояткор хаст, локин худашон хукуки шахрвандонро бисер поймол мекунанд. Милиса бояд пеш аз хама худаш одобу муоширати хуб дошта бошад.

РОСТИН ш. Душанбе.
Э, офарин, чаноби Вазир! Милисаи хакикиро на ба дониш, балки ба каду баст, китфу бозу, куввату кобилият ва бо он ки чи кор аз дасташ меояд, бояд бахо дихем. Агар милиса одами катори бошаду ишкамаш аз пешу пас даридаги ва мисли бахмут базур-базур рох гардад, пас ин хел милиса ба чи дарде мехурад? Милиса хамон аст, ки зураш ба 5-10 нафар мерасаду дар зарурат дилхох одамро дар як лахза ба замин мехобонад ва ишкелро ба дастонаш меандозад. Милиса бояд чунон чусту чолок, чакон, босалобат, пуркувват, бовикор, кави, нотарс ва пурчазаба бошад, ки хар касе аз наздаш мегузарад, хуб эхсос кунад, ки ин чо милиса истодааст. Аз у хам хазар кунаду хам ифтихор. Хазар ба он хотир, ки у милиса аст, ифтихор ба он хотир, ки дар пушташ хамин гуна хомии муктадир дорад.
Дар хорича комисархои палитсия айнан хамин гуна одамонанд. Ба онхо касе даст расонида наметавонад. Хама гуна мунокишаро дар як лахза тинч месозанд. Дар мо милисахо аз чанчолу хархашахо мегурезанд. Хатто аз одамони маст метарсанд. Раваду майзадае ба як зани бечорае дарафтад, милиса онро начот дода наметавонад. Чаро? Зеро, ки у тарсу, бегайрат, камкувват ва гайрикасби аст, ки аз як майзаде, ки базур дар болои пояш истодааст, метарсад, кучо расад ба авбош, дузд ва кисабур.
Агар вокеан, ин икдом аз чониби Вазир сурат гирифта бошад, пас икдоми хеле нек ва шоистаест.
Дар иртибот ба ин як чизи дигарро гуфтаниям, ки сафи милисахои тасодуфиро хеле кам кардан даркор ва аз хисоби онхо маоши кормандони хакикиро бардоштан лозим. Унвони "Комисар политсия" -ро чори карда, барои дарёфти он конкурс гузаронидан лозим. Дар конкурс бехтарин сифатхо барои милитсия аз кабили куввату кобилият, зуровари, доштани малакаи гуштингири, муштзани, вазнбардори ва боз даххо хунаре, ки барои милитсияи касби, зарур аст, ба хисоб гирифта шавад. Онхое, ки макоми "Комисар палитсия"-ро сохиб мешаванд, набояд аз 500 доллар камтар маош гиранд. Аз додани маоши баланд ба милисахои хакики мо бояд натарсем. Як милитсияи хакики дар як шабонаруз хазор долар зиёд фоида меорад. Агар дар шари Душанбе хамин гуна сад нафар бошад, дигар ба милисахои зиёд зарурат намемонад. Яъне, як Комисар политсия чои сад нафар милитсияи тарсончакро мегирад.
Пароканда лашкар наояд ба кор
Дусад марди чанги бех аз сад хазор. (Фирдавси.)

Анорбой
Акаи Рамазон илтимос милисахои шикампарасту фарбехро аз ВКД пеш кунед. Бисйор нафратовар аст.

О, кариб 70 фоизи милиса шикамкалону "пивной животик" доранд.

Наблюдатель
Ээээ ташакури зиед от души хандидам.... вуахахахаха....

Рост гуфти чаноби Вазир... Ай Гинирал Навчувонов ибрат гиред.

Шахбоз
Вазир бало ба паси фарбехшави, хами муоширати хубро бо мардум зиёд кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)