Бахшҳо
21 янв 2017 12:05Тоҷикистон / Сиёсат

Аз А то Я-и кори милисаи тоҷик аз қавли вазир: Қасди куштори ходимони давлатӣ ва...

“Озодагон” гузориши муфассали Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистонро аз кори милисаи тоҷик дар соли 2016 ироаи хонандагон мекунад, ки аз қасди куштори ходимони давлатӣ то сӯиистифодаи мансабдорон аз мошинҳои хидматӣ ва терроризму ифротгароиро дар бар мегирад. Раҳимзода, 20-уми январ гузоришро аз омори умумии ҷиноятҳои сабтшуда дар соли 2016 оғоз кард:

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар соли 2016 аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ 21 ҳазору 689 (соли 2015-21585) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 ҷиноят ё ин ки 0,48 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14678 (соли 2015-14891) ҷиноят ошкор карда шудааст, ки 67,6 фоизи ҷиноятҳои сабтшударо ташкил медиҳад.

Муҷозоти 464 нафар барои терроризму ифротгароӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 34 гурӯҳи ҷиноятии дорои хусусияти муташаккилдошта бо аъзогии 169 нафар муайян ва дастгир карда шуданд. Ҳамзамон, 1367 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор карда шуда, дар натиҷа 464-нафар аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ҷилавгирӣ аз қасди куштори ходимони давлатӣ

Инчунин, дар натиҷаи чораҷӯии якҷояи мақомотҳои қудратӣ 26 ҳолати сӯйиқасд ба амали террористӣ ва қасди куштори ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ ва вобаста ба ин амалҳо 50 нафар аъзоёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дастгир карда шуданд. Аз дастгиршудагон 9 адад таппончаи тамғаи “Макаров”, 4 адад норинҷак, 7 адад садохомушкунак, 12 адад тирдон, миқдори зиёди балонҳои кислород, моддаҳои тарканда, кимиёвӣ, воситаҳои техникӣ ва инчунин лавозимоти ҳарбӣ мусодира гардид. Дар самти ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳо ва амалиётҳои мақсаднок гузаронида шуда, дар натиҷа 555 (соли 2015-511) ҷиноят ошкор ва ба ҳисоб гирифта шудааст.

Мусодираи моддаҳои заҳролуд ва қимматбаҳо

Аз муомилоти ғайриқонунӣ 21 килограмму 285 грамм моддаи заҳролудкунандаи «симоб», ки арзиши ҳар як килограми он дар бозори сиёҳ ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда шудааст, мусодира гардид. Маблағи умумии симоби мусодиракардашуда 425 ҳазору 700 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар 12 моҳи соли 2016 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 20 ҷиноят вобаста ба қочоқи металҳо, сангҳои қимматбаҳо ва маснуотҳои заргарӣ, ки аз металҳои қимматбаҳои навъи тилло ва нуқра сохта шудаанд, муайян ва ошкор шудааст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 18 килограмму 359 грамм ёқути сурх, лаъли асил, зумрад, сапфир, тиллои хом, нуқра ва маснуоти заргарии ғайристандартӣ, ки арзиши умумии онҳо 1 миллиону 870 ҳазору 507 сомониро дар бар мегирад, мусодира карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 724 ҷинояти солҳои пеш содиршуда, аз ҷумла ҷинояти одамкушӣ - 6, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор - 22, таҷовуз ба номус - 2, ҷинояти дуздӣ - 237, қаллобӣ - 151, авбошӣ - 46, ҷинояти роҳзанӣ - 6, садамаи нақлиётӣ - 10 ва 244 ҷинояти дигар ошкор карда шуданд. Илова бар ин, 1 ҳазору 589 нафар шахсони дар кофтуковбуда дастгир ва 698 нафар шахсони беному нишон гумшуда, муайян карда шуданд.

Таҳсили ғайрирасмии 368 тоҷик дар муассисаҳои динии хориҷӣ

Дар натиҷаи андешидани чораҳои тарбиявӣ, вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон 37 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, айни замон 368-нафари дигар боқӣ монданд.

Заминфурӯшӣ

Вобаста ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин - 889, қаллобӣ вобаста ба замин - 41 ва сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ дар самти замин - 16 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 402 ҷинояти худсарона ишғол намудани замин, 20 ҷинояти қаллобӣ вобаста ба замин ва 5 ҳолати сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ дар самти замин ошкор карда шудааст.

Депорти 189 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон

Дар натиҷаи гузаронидани 1131 амалиёти муштарак, нисбати 1065 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 1 млн. 78 ҳазору 510 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Аз ин теъдод 189 нафари онҳо тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд. Дар ин марҳила 50 ҳазору 823 нафар шаҳрвандони хориҷиро, ки ба ҷумҳурӣ бо корҳои шахсӣ, барои фаъолияти меҳнатӣ, тиҷоратӣ, истиқомати доимӣ ва донишомӯзӣ ворид шудаанд, ба қайд гирифта шуданд. Дар ин давра 1795 нафар (соли 2015-1544) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки иҷозат барои зисти доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, дар қайд меистанд, аз ин 1030 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 765 нафар шахсони бешаҳрванд мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 251 нафар зиёд мебошад.

Ҷинояткории духтарони ноболиғ

Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ноболиғон дар намуди одамкушӣ 2 ҳолат (2015-1), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 3 (2015-4), таҷовуз ба номус 1 (2015-3), ҳаракатҳои зуроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ 9 (2015-8), тайёр ва истифодаи моддаи нашъадор 1 (2015-5), дуздӣ 517 ҳолат (2015-511), қаллобӣ 5 (2015-6), ғоратгарӣ 11 (2015-13), авбошӣ 56 (2015-68) ва дигар ҷиноятҳо 85 ҳолат (2015-121) ба қайд гирифта шудааст. Дар 690 ҳолати содир намудани ҷиноят 37-нафари онҳо духтарон мебошанд.

Муҷозоти волидон барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд

Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд фаъолият дар самти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои дахлдор дуруст ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар ин давра нисбати падару модароне, ки ӯҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 12 моҳи соли ҷорӣ 14 ҳазору 637 (2015-12098) протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои дидани чораҳои қонунӣ нисбати падару модароне, ки ӯҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбати масъулини мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудаанд. Аз инҳо, нисбати 8 ҳазору 548 нафари онҳо (соли 2015-9775) ба маблағи 864 ҳазору 225 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст. Ҳарчанд чораҳои пешгирикунанда пурзӯр гардида бошад ҳам, вале содиршавии ҷиноят аз тарафи ҷавонон ташвишовар боқӣ мондааст.

Афзоиши ҷинояткории ноболиғон

Чунончӣ, дар 12 моҳи соли равон аз тарафи ҷавонон 5852 (соли 2015-5840) ҷиноят содир шудааст. Чорабиниҳо дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ тибқи қонунҳои соҳавӣ идома дода шуда, дар ин самт мунтазам рейдҳо ва амалиётҳои махсус гузаронида мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ бар асари 1323 садамаи нақлиётӣ 427 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 1415 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 шумораи садамаҳо 152 адад (10,3%), ҳалокшудагон 22 нафар (4,9%) ва маҷрӯҳшудагон 161 нафар (10,2%) коҳиш ёфтааст.
Зимни бурдани назорати ҳаракат дар роҳ дар давраи ҳисоботӣ 1 миллиону 134 ҳазору 17 (соли 2015-1191354) ҳолати қоидавайронкунӣ дар роҳ, аз он ҷумла, дар ҳолати мастӣ – 6553 (соли 2015-6145), бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 46584 (соли 2015-38437), идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами давлатӣ – 5000 (соли 2015-5046), ҳолат ва дигар қоидавайронкуниҳо муайян карда шуданд. Ҳамзамон, 663 далели истифодабарии автомашинаҳои хизматӣ аз тарафи хизматчиёни давлатӣ ба манфиати шахсӣ ошкор карда шуд.

Нақзи қонуни танзими расму оин

Новобаста аз чораҳои пешгирикунанда дар давоми 12 моҳи соли ҷорӣ 6 ҳазору 365 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуда, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуданд. Аз ҷумла, 5600 ҳолати аз меъёр зиёд истифода бурдани автомашинаҳо дар тӯйҳои арусию домодӣ ва 765 ҳолати қонунвайронкунӣ дар тӯю маъракаҳо.

Дурбинҳои Душанбе 281 ҳазор қоидавайронкуниро сабт кардаанд

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Маркази “Шаҳри бехатар” нисбати 281 ҳазору 486 (соли 2015-338764) далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳо ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 197 ҳазору 830-тоаш мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷаи давлат 18 миллиону 638 ҳазору 700 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Бо истифода аз имкониятҳои Маркази номбурда зиёда аз 5700 далелҳои вайронкунии тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе саривақт ба маҳалҳои қонунвайронкунӣ равон карда шуданд. Дар ин давра ҳайати шахсии Марказ тавассути камераҳои назоратӣ дар ошкор ва кушодани 62 ҷиноят иштирок намуданд.

Ҳалокати 17 нафар дар сӯхтор

Дар ҷумҳурӣ 1456 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи сӯхторҳо 17 нафар фавтида, ҳаёти 161 нафар шаҳрванд наҷот дода шудааст.
Маблағи зарар аз сӯхторҳо 7 миллиону 769 ҳазору 649 (2015 - 7 миллиону 529 ҳазору 241) сомониро ташкил медиҳад. Маблағи эмин доштан ва наҷот додани молу мулк аз сӯхтор бошад, 224 миллиону 856 ҳазору 670 (сол 2015-167927782) сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта ба маблағи 56 миллиону 928 ҳазору 888 сомонӣ, ё ин ки ба миқдори 33,0 фоиз зиёд мебошад. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, аз тарафи масъулини хадамоти давлатии оташнишонӣ санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори 44 ҳазору 879 иншоотҳо гузаронида шуд.

Ифлоскунии муҳити зист

Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист 14588 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки аз инҳо барои сайди ғайриқонунии моҳӣ – 53, ғайриқонунӣ буриши ҷангалзор ва дарахтони сояафкан – 183, шикори ғайриқонунии олами ҳайвонот ва паррандаҳои нодир – 12 ҳолат ошкор карда шудааст. Ҳамагӣ 45 ҳолати ғайриқонунӣ коркарди растании шираи камол ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати 41 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 4 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори 925 килограмму 949 грамм шираи камол мусодира карда шудааст. Фаъолияти хизматии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар самти амалияи маъмурӣ пурзӯр карда шуда, дар ин давра 1 миллиону 811 ҳазору 920 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи ситонидашуда 65 миллиону 701 ҳазору 622 сомониро ташкил медиҳад.

Барқдуздӣ

Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 82 ҷиноят дар соҳаи барқ ошкор карда шудааст, ки зарари расонидашуда аз ин ҷиноятҳо 866 ҳазору 628 сомониро дар бар мегирад. Аз ҳисоби қарзҳои истифодаи қувваи барқ 16 миллиону 809 ҳазору 73 сомонӣ руёнида, ба буҷети давлат ворид карда шудааст. Дар ин давра алоқаи «Хизмати Мадад 19-19» ба тамоми ҷузъу томҳои мақомот пайваст карда шуд, ки шаҳрвандон ва намояндагони идораву корхонаҳо метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPS, CDMA), хонагӣ ва корӣ, занг зада, пеш аз ҳама оид ба тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, мушкилоти тиббӣ, сӯхтор, фаромадани тарма, ярч, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.

Тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) 2427 хабар оид ба содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 685 ҳолати он тасдиқи худро ёфтааст.
Мӯҳр
Раҳим Рамазон Хдованд ҳамавақт зинда бошӣ да сари вазифа бошӣ.Шмо беҳтарин кадри Тоҷикистонен я тебя уважаю...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)