Бахшҳо
23 янв 2017 09:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

Автобусу троллейбус: Ба ҷои ҳал мушкилро бештар карданд (АКС)

Маъракаи ивазкунии “старекс”-у “мерседес” бо автобусу троллейбус, ки аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз гардид, дар рӯзҳои аввал мушкилзо шудааст.

Субҳи имрӯз, 23-юми январ дар пайи кандашавии хатти ҳаракати троллейбус дар буриши кӯчаи Неъмат Қарабоев ва Саъдӣ Шерозӣ боиси танбашавии мошинҳо дар ин масир гардид.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе ният дорад, зина ба зина дар кӯчаҳои пойтахт ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои мусофирбар ҳаракати автобусу троллейбусҳоро роҳандозӣ кунад. Ғаюрбек Искандаров, директори муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон" 18 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ки "корро аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз мекунем ва зина ба зина монанди хиёбони марказӣ дар кӯчаҳои дигари пойтахт роҳандозӣ мешавад”.

Раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” далели ивазкунии “старекс” ва “мерседес”-ҳоро ҳалли мушкили мусофирбарӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки феълан дар Душанбе даҳҳо ҷамъиятҳои мусофирбарӣ фаъолият дошта, ҳудуди 3 ҳазор “старекс”-у “мерседес”-ро дар бар мегиранд.

Аксҳо аз кӯчаи Неъмат Қарабоев:


Автобусу троллейбус: Ба ҷои ҳал мушкилро бештар карданд (АКС)

Автобусу троллейбус: Ба ҷои ҳал мушкилро бештар карданд (АКС)

Автобусу троллейбус: Ба ҷои ҳал мушкилро бештар карданд (АКС)

Автобусу троллейбус: Ба ҷои ҳал мушкилро бештар карданд (АКС)

Автобусу троллейбус: Ба ҷои ҳал мушкилро бештар карданд (АКС)
Мӯҳр
"Муборак" маслихатчиёни наве, ки аввалин (дар корхои дигар чандин) хизмати хирсонаро дастбапешибар анчом додаанд. Дустони чониро аз душманон фарк кардан лозим барои пешравии ному кор.

5
Дар хакикат вазъиятро бадтар кард ин навигари.Пештар аз 1-ум совет то сирка 1 сомони буд акнун 2 сомони талаб мекунанд чуброни инро ки мепардозад.Аввал наклиети алтернативиро мухаё кунед ана баъд манъ кунед старексро.Дуюм ин ки то кумитаи андоз е гулистон аз советски чи тавр оянд муштариен?кани дигар намуди наклиет?

Троллейбусу автобус рохи халли наклиет шуда наметавонад. Онхо танхо рохи альтернативи мебошанд. Дар давлатхои тараккикарда аз метро истифода мебаранд, агар масофа якчанд км бошад. Бо автобусу троллейбус 1-2 истогох мераванду халос. Тасаввур кунед, бо троллейбус 20 км рох рафтан вакти хеле зиедро мегирад. Аз Зарафшон то Корвон мумкин дар 1-1,5 соат расид, ки вакти зиед аст....

Ки бошад ин маслихатчихо? Ин намуди маслихатчиён мошинхои хизмати доранд.

Контролери колхоз
Эээ офарин офарин ана мешудаст ку!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)