Бахшҳо
23 янв 2017 12:18Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ тағйироти кадриро амалӣ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои президент Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Худоёрзода Худоёр Завқибек - Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонзода Сулаймон Саид - Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзода Тоҳир Сироҷиддин - муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Имомназар Хоҷаназар Лутфулло - иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод кардааст, ки Давлатзода Дилмурод Ашурбек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад ва Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, раиси ин Палата таъин гардад.

Ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон - муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Азиз Абдусаттор, Камолзода Мирҳамуддин - муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Назарзода Ризо Шодик-муовини якум ва Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ - муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Набизода Мадина Раҳмат - Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд”, Шарифзода Маҳмадзариф Раҳмон - Директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии “Тиллои тоҷик” ва Пиризода Ҷалил Сафар - Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрова Зулфия Маҳманабиевна аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор аз вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пиризода Ҷалил Сафар аз вазифаи Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.

Муинова Матлуба Сайфиддиновна аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” ва Асоев Асват Раҳимович аз вазифаи муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва Варзоб кадрҳои соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъин, ки аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намудааст.



АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...
Мӯҳр
Мухтарам Озодагон!!!
Директори ТВ Чахоннамо ки шуд?
Сардори РВКД Хатлон ки шуд?
Сардорони ШВКД-хо ки шудан?

Piranhas
Шамсу қамарам омад, самъу басарам омад,
В-он симбарам омад, в-он кони зарам омад.
Мастии сарам омад, нури назарам омад,
Чизи дигар ар хоҳи, чизи дигарам омад.
Он роҳзанам омад, тавбашиканам омад,
В-он Юсуфи симинбар ногаҳ ба барам омад.
Имрӯз беҳ аз дина, ай муниси дерина,
Ди маст бидон будам, к-аз вай хабарам омад.
Он кас, ки ҳамеҷустам ди ман ба чароғ ӯро,
Имруз чу танги гул бар роҳ гузарам омад.
Ду даст камар кард ӯ, бигрифт маро дар бар,
З-он тоҷи накуруён, нодир камарам омад.
Он боғи баҳораш бин, в-он хамру хумораш бин,
В-он ҳазму гувораш бин, чун гулшакарам омад.
Аз марг чи метарсам, к-у оби ҳаёт омад,
В-аз таҳна чаро тарсам, чун у сипарам омад.
Имрӯз Сулаймонам, к-ангуштариям додӣ,
В-он тоҷи малукона бар фарқи сарам омад.
Аз ҳад чу бишуд дардам, дар ишқ сафар кардам,
Ё Раб чи саодатҳо к-аз ин сафарам омад.
Вақтаст, ки менушам, то барқ занад ҳушам,
Вақтаст, ки барпарам чун болу парам омад.
Вақтаст, ки дар тобам чун субҳ дар ин олам,
Вақтаст, ки барғарам чун шери нарам омад.
Байти ду бимонд аммо, бурданд маро ҷоно,
Ҷойе, ки ҷаҳон онҷост, пас мухтасарам омад.

Ба вазифаи директори Институти собиқ Шарқшиносӣ киро таъин мекарда бошанд? Ягон хабар бошад менавиштед, нағз мешуд

Ватаншо
Ин раиси нави Рушон чи кораву ки будай??
Мо мардуми Рушон ин каса намеднм?

Боз чойивазкуни. Аз иваз кардани чои зарбшавандахо оё хосили зарб тагир меёбад? 3*5=15 Ё 5*3= 15. Чи мехоста бошад президент бо ин кадрхо? Агар чойхои онхоро иваз кунад магар онхо хубтар кор мекунанд?

сафирхо кай иваз мешаванд, чавонхо сафир шаванад дар Украина, Белорусия Афгонистон Миср, Фаронса

Ба Худоерзода Худоер марди бузург марди коргар , марди барои ватану халкашон чонро дарег намекунад , вазифаи наваш халол халол ва Муборак бошад..!! Табрик марди бвзург ва дар корхояшон мувафакият.

Хамаи вазифахои иктисодиёти Точикистонро аз шимол монданд.

НАСИБ
РУШОНАКИ МАН БОЗ БЕ САРВАРИ ДИЛСУЗ МОНД

Рахмат Чаноби Оли ин шахс бо мехнат халоли худ аз диспечири автобазаи номери 50 дар соли 1982 то дарачаи муовин, раиси Рушон ва Вазир расид.Кариб 15 сол ин шахс дар сохахои калиди рохбар будааст, вале не бустонсарой дораду не каср бисер шахси хоксор хаст.Дар корхои минббадатон муваффакият орзу мекунам акаи Худоер Завкибеков.Бо ехтироми Айни Ашурбеков....

Ба акаи Сулаймон дар корхои пурмасули минбаьдааш бурдборихо мехохем . Худо хохад чаноби оли генералирохам ба Шумо медихад ва сазоворед. Шумо зебандаед ака...

Худоер худо ва сарвари муазами мо точикон хакикатпарастан шумо сазоворед ва арзанда ба ин мансаби баланд уморо табрик ва тавфик дар кори пурмахсул бо эхтиром Бекназаров

адолов
бародари азиз шумо ин марди бузургро намешиносед мумкин шумо аз нохияи рушон набошед зеро иншоотхои мухими ин нохия бо дастгирии бевтситаи ин шахс сохта бо иштироки пешвои миллат чаноби оли президенти чт мухтарам эмомалм рахмон ба истифода дода шудааст ин шахсият метавонад дар тамоми структураи чумхури кору фаолят кунад ман хамчун шахси холис аз ин мард боварии комил дорам рахмат мегуям ба чунин шахсият

дарвози
раиси рушон бехтарин сиесатмадор аз чумлаи мардуми вилоят аст ,камина уро нагз мешиносам,бехтарин интихоб аз чониби рохбарият,дар ободктри инженери бехтарин дар хамаи сохаи нохия сахми арзанда дорад,махсусан дар ободкорихои нохияи рушон...ахсан ...!!!

Хар дам зи ИМОМ назар ба суят хохем Хар лахза аз У гузар ба куят хохем Хар субхдаму шомгахон вакти намоз Тавфику нишоту обруят хохем Табрикоти омузгорони нохияи Рушон ро кабул намоед мухтарам Раис Худоерзода Худоер Завкибек.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)