Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 07:40

Директори собиқи “Ҷаҳоннамо” сухангӯи Рустами Эмомалӣ шудааст

24 январ 2017, 07:15

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода, роҳбари акнун собиқи телевизиони “Ҷаҳоннамо”-ро раиси Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили пойтахт таъин кардааст.

Ҷаноби Ҳакимзода рӯзи 23 январ бо як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо” озод шуд.

Абдумаҷид Ҳакимзода яке аз журналистони пуртаҷриба буда, аз ин пештар дар шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”-у “Сафина” ва дафтари матбуоти раисҷумҳур кор кардааст. Курсии сухангӯи шаҳрдори пойтахтро солҳои тӯлонӣ Шавкат Саидов дар ихтиёр дошт. Моҳи апрели соли 2015 ӯ аз ин вазифа озод ва раҳбари телевизиони “Пойтахт” таъин гардид, аммо ахиран Рустами Эмомалӣ ба ин мақом директори собиқи телевизиони “Тоҷикистон” Суҳроб Рауфовро таъин намуд.

Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъин шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мароми пойтахт

  • 24 январ 2017 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин кадр, интихоб дуруст аст. Барори кор устоди азиз!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
устод Абдумачид Хакимзода яке аз чехрахои арзандаи хама гуна маснаду мансаби сохаи журналистика ва филология аст, аз нухбагонест,ки назир надорад. Офарин ба Рустами Эмомали,ки гавхаршинос аст. Муваффак бошед. Ба горди кории Рустам барори кор,осудагии мондагор, комебии бешумор орзу дорам.
Чавоно сап мапеч аз панди пирон,
Ки рохи пир аз умри чавон бех.
Худо ёру мададгоратон бошад.
Посух додан
  • Ветеран

  • 25 январ 2017 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
-Абдулмаҷид намедонам, калон шуди ё майда, табрик гӯям ё нагуям. Лекин як чизаш фоли нек аст, барои ояндаи Тоҷикистон. Дар атрофи Рустам мисли худат мардони бо дилу нияти пок нисбати халқу Ватан ҷамъ шаванд...
Ба ҳар ҳол Рустамҷонро барои дарёфти чунин кадр табрик мегуям, ба ҳардуятон саломатию муваффақиятҳо орзумандам!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!