Бахшҳо
24 янв 2017 12:02Тоҷикистон / Сиёсат

Шарҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе асос латту кӯб шудаанд

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муноқишаи шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 22 январро шарҳ дод.

Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, се шаҳрванди Тоҷикистон Ёсинҷон Амаков (соли таваллуд 1985), Хайруллохони Ализода (2000) ва Муслиҳиддин Шарипов (2001), ки баъди мусобиқаи футбол дар ҳудуди Қирғизистон қасди ба хонаҳояшон баргаштан доштанд, дар деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон аз сӯи як гуруҳи 15 нафарӣ бе ягон асос зери латту кӯб қарор гирифтаанд: “Боиси ёдоварист, ки барои вуруд шудан ба маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи деҳаи Кок-Тоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Ботконти Ҷумҳурии Қирғизистон мегузаранд. Баъди чунин ранг гирифтани ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон барои кӯмак ба нозири минтақавии маҳаллаи Сомониён ва Хоҷа-Аъло хабар мерасонанд. Дар натиҷа кормандони милитсияи Шӯъбаи ВКД-2 дар шаҳри Исфара саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сади роҳи муноқиша мегарданд, аммо шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар онҷо ҷамъ шуда буданд, худи онҳоро низ сангсор намуда шишаҳои 3 адад автомашинаҳои кормандони мазкурро мешикананд”.

Манбаъ меафзояд, ба ҷойи ҳодиса сардори Дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе” Отряди сарҳадии “Исфара” ҳозир мешавад ва барои ҳаллу фасли муноқиша сардори Дидбонгоҳи сарҳадии “Кок-Тош”-и Қирғизистонро даъват мекунад, аммо дар вақти ҳаракат ба сӯӣ якдигар шаҳрвандони Қирғизистон сардори дидбонгоҳи сарҳдиро низ сангсор мекунанд, ки дар натиҷа аз дасти росташ ҷароҳати сабук мебардорад: “Дар ин ҳолат як автомашинаи сабукрави тамғаи “Матиз”, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон таалуқ дошт дар вақти ҳаракат аз тарафи Зарафшони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба самти деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон зери сангбор қарор гирифта шуд дар натиҷа ҳамаи шишаҳои автомашина шикаста мешавад ва худи ронанда бе ягон зарари ҷисмонӣ бо автомашинааш аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Ҳамчунин ҳангоми сангсоркуни шаҳрвандони Қирғизистон манзили истиқоматкунандаи шаҳрванди Тоҷикистон Холикбердиев Нозим Расулович, ки бевосита дар хати сарҳади давлатӣ ҷойгир мебошад, болопӯш ва шишаҳои тирезаи хонаашро ба харобӣ оварда мерасонанд”.

Бино ба иттилои Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони оперативии Отряди сарҳадии “Исфара” муайян шуда, ки ин муноқишаро вакили маҳаллаи деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон Розия Усарова ва сокини ин деҳа Зайниддин Хурамов ташкил кардаанд: "Мувофиқи маълумотҳои воридшуда шоми худи ҳамон рӯз Хурамов Зайниддин бо писарони худ, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз майдони варзишӣ бармегаштанд, латту кӯб менамоянд. Ҳамчунин аз тарафи ҷабрдидагон, яъне шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса даъват кардани кормандони милитсия аз ҳодисаи кор шаҳрванди Қирғизистон Розия Усарова хабардор шуда, иловатан ба ҷойи ҳодиса ҷавонони деҳаи Ақ-Татири ҷамоати деҳоти Равоти Қирғизистонро даъват мекунад. Ҳангоми ҷамъ шудани шумораи зиёди шаҳрвандони Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса муноқишаи мазкур авҷ мегирад. Сипас ба ҷоий ҳодиса раиси ноҳияи Боткони Қирғизистон Салихов Кениш Каримович, сардори отряди сарҳадии “Боткон” подполковник Ниязбеков Эргеш ва сардори ШВКД ноҳияи Боткон ҳозир шуда бо мардуми ҷамъшудаи қирғиз корҳои фаҳмондадиҳи гузаронда, вазъро таҳти назорат мегиранд. Розия Усарова бо истифода аз мавқеи ишғол намудааш пайваста дар минтақаҳои наздисарҳади миёни шаҳрвандони ҳарду ҷониб муноқишаҳо ба амал меорад. Мақсади асосии амалҳои иғвоангезонаи Розия Усарова ин кӯч бастани шаҳрвандони Тоҷикистон сокинони маҳаллаи Сомониён ва ё аз ҷониби онҳо қабул намудани шаҳрвандии Қирғизистон мебошад".
Мӯҳр
Виркан
Ин чи шармандаги, факат точик шатта мехурад, о намешавад, ки точик хам касеро занад, ээ безор шудем аз хамин "положение порожняков", дунё дунёи игво шудааст, дунёи бади шудааст, аммо мо хануз хам таъзиму бахшиш, таъзиму бахшиш. Бади бояд бо бадии шадидтар бартараф шавад, бад бояд ба бадтарин чазо сазовор бошад,..... Факат мо шатта мехурем, мо зарар мебинем. Чаро????? Чаро????

Муқобила ба мисл бояд кард! Фавран сафири ин кишвар фарохон ва нотаи эътирозӣ супорида шавад ва омилони ин бетартибӣ муҷозоти сангин шаванд то дарси ибрат барои дигарон шавад.
Вакили беадаб аз ваколати худ бинобар барангехтани кинаю адоват ва душмании ду халқи бо ҳам дусту бародар аз ваколатҳои худ маҳрум карда шавад. Бадро бо бадтарин шева ва усул бояд муҷозот кард!
Шерони ҳамеша дар сангар бо Шумо ҳастанд муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба пеш!!!
Аз поймолшаваии ҳуқуқҳои миллати бо шараф ва иззатманд бояд дифоъ кард!

Таджик
Что это за без придел. Это уже не в первый раз надо что то делать с такими не дружелюбными соседями!

Кулоби
Ба Худо ба минтакаи сархади 100-200сокинро аз минтакаи Кулоб кучонда оред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)