Бахшҳо

Тавсифи Президент аз раиси Кӯлоб ва супориш ба Рустами Эмомалӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми январ нахустин ҷаласаи ҳукумат дар соли 2017-ро баргузор кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласа нахуст ҳисботи раиси шаҳри Кӯлоб дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллӣ шунида шуд. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ аз рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти Кӯлоб оид ба бартараф кардани баъзе камбудиҳо, аз ҷумла аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар масъалаи истифода ва пардохти ҳаққи неруи барқ, таъмини гармӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии амалҳои ҷиноятӣ дар самти истифодаи замин дастуру супоришҳо доданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани камбудиҳо дар пойтахт низ ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдории нави Душанбе ва муовинонаш супоришҳо додааст: "Аз ҷумла раисиҷумҳур таваҷҷуҳи шаҳрдории Душанбе ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ дар пойтахтро ба масъалаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳо мутобиқ кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ, беҳдошти вазъи санитарӣ, назорату танзими маъракаҳо ва расму оинҳо, баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, аз байн бурдани мушкилот дар роҳҳои маҳаллаҳои пойтахт, сифати оби ошомиданӣ, беҳтар кардани системаи обу корез ва ғайра ҷалб намуд".

Зимни ҷаласа инчунин лоиҳаи чанд қонун ба тасвиб расонда шуда, барои тасвиб ба парлумон пешниҳод гардиданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласа вобаста ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд таъкид гардид, ки ин тадбир ба хотири соддагардонии низоми раводид ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он амалӣ карда мешавад: “Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигари минтақа ва доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пешбурди кори консулӣ ва низоми раводид аз ҷумлаи давлатҳои пешсаф буда, бо ин мақсад дар раёсатҳои дахлдори Сарраёсати консулӣ навтарин таҷҳизоти ҷаҳонӣ дастрас карда шудааст”.


Тавсифи Президент аз раиси Кӯлоб ва супориш ба Рустами Эмомалӣ (АКС)

Тавсифи Президент аз раиси Кӯлоб ва супориш ба Рустами Эмомалӣ (АКС)

Тавсифи Президент аз раиси Кӯлоб ва супориш ба Рустами Эмомалӣ (АКС)

Тавсифи Президент аз раиси Кӯлоб ва супориш ба Рустами Эмомалӣ (АКС)

Тавсифи Президент аз раиси Кӯлоб ва супориш ба Рустами Эмомалӣ (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)