Бахшҳо
24 янв 2017 14:13Тоҷикистон / Акс

(АКС) 834,798 доллар ёрии Ҷопон ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар доираи 10 лоиҳаи нав аз Ҳукумати Ҷопон 834,798 доллари ИМА ёрии бебозгашт дарёфт кард.

Расми имзои созишномаҳо имрӯз, 24 январ дар Душанбе сурат гирифт. Ҳаҷиме Китаока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ҳарчанд ин гуна ёриҳо барои рушди сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон таконе мешаванд, вале умедвор аст, раисони навоҳии кишвар низ барои рушди бештари ҷумҳурӣ талош мекунанд.

Бар асоси лоиҳаҳо дар деҳаи Сайёди ноҳияи Ҳамадонӣ бинои нави мактаби №50 (84400 доллар), бинои нави беморхона дар ҷамоати “Қизиғ-Рабат”-и ноҳияи Мурғоб (88026), бинои нави беморхонаи минтақавии деҳаи Доғистони ноҳияи Шоҳин (85052) бунёд шуда, ду пул дар ноҳияи Ҷайҳун (84355 доллар), беморхонаи минтақавии ҷамоати Вранги ноҳияи Ишкошим (85191) ва бинои мавҷудаи мактаби №20 деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритуз (84868) барқарор мешаванд.

Ҳамчунин дар доираи ин ёриҳо барои дастрас намудани техникаи кишоварзӣ барои Ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 84,814 доллар, барои таъмири техника дар нигоҳдории канали обёрӣ дар ноҳияи Фархор 79,800 ва барои беҳтар намудани низоми оби нӯшиданӣ дар ноҳияи Қубодиён 84,216 доллар ихтисо дода шудааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин аз ҷониби сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва директори иҷроияи созмони Кумакҳои Башардӯстона (ФОКУС) як лоиҳаи дигар барои мустаҳкам намудани хоки нишебиҳои соҳили дарё ва беҳтар намудани системаи обёрӣ дар 5 деҳаи ноҳияи Роштақалъа бо маблағи 74,067 доллар ба имзо расид.

Ин маблағҳо дар доираи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амниятӣ башарии Ҳукумати Ҷопон роҳандозӣ шудаанд. Аз соли 1996 то кунун дар доираи ин барнома Ҷопон ба Тоҷикистон 29,3 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст.

(АКС) 834,798 доллар ёрии Ҷопон ба Тоҷикистон

(АКС) 834,798 доллар ёрии Ҷопон ба Тоҷикистон

(АКС) 834,798 доллар ёрии Ҷопон ба Тоҷикистон

(АКС) 834,798 доллар ёрии Ҷопон ба Тоҷикистон

(АКС) 834,798 доллар ёрии Ҷопон ба Тоҷикистон

(АКС) 834,798 доллар ёрии Ҷопон ба Тоҷикистон
Мӯҳр
Сокин
Ин раисони мо хамаашон хар руз машк мекунан, ё аз пурхури бошад ,ки ин кадар фарбеханд)/)
Нигаред ба акс ун раиси чопониро (834,789 долар додааст). Инкадар логар аст !!!

сароб
бовар кунед наход системаи обери дар фархори мо соз шавад??? як сол аз кучое грант гирифтан насосои давраи шуравира канда насосои китайский арзонтарака оварда шинондан ва хар сол мардуми дехкон азоб доран.. Оби нушидани хам надоранд мардум илтимос назорат кунед ки якбора вайрон накунанд будагиаша.. илтимос Оби нушидании мардума восстановить кунед ба худо гунох аст..

Деваштич
Саъди гуфтааст: Аспи логармиён ба кор ояд, Рузи майдон на гови парвори

Мухочир, фарбехии аксари раисон аз харакат накардан аст, яъне онхо кори фикри бештар мекунанд.Ин хам онкадар дилгиркунанда аст ва ба асаб таъсир мерасонад, ки хазор бор кори чисмониро авлотар медони. Хам бегам ва хам обутоби чисм. Фарбехи низ касал аст, ки баъзан марговар.
Дигар ин ки шукр, ки мардуми мо хам кадбаланд дорад ва ин кадбаландхо Худо асло паст нашаванд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)