Бахшҳо
24 янв 2017 15:12Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазир дар бораи садамаи Норак ва бозгашти “лимит”

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, бебарқии сесоатӣ, ки кишварро шоми 28-уми октябри соли 2016 фаро гирифт, дар пайи садама дар нерӯгоҳи Норак рух дод.

Усмонзода имрӯз, 24-уми январ дар шарҳи он садама изҳор дошт, ки сабабҳояш техникӣ буд ва якбора чархаҳои Норак аз кор монданд. Ба гуфтаи вазир дар пайи садама нисбати масъулини энергетика чораандешӣ шуд, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештари он худдорӣ карда, ба “Барқи тоҷик” вогузошт.

Дар мавриди хисороти садама Усмонзода изҳор дошт, ки ба истиснои ТАЛКО корхонаҳои дигар зарар надидаанд, зеро садама бегоҳ буд ва он замон кор аллакай анҷом ёфта буд: “ТАЛКО зарарашро пешниҳод кардааст ва айни ҳол гуруҳи корӣ ба омӯзиши ин масъала машғул мебошад”.

Дар мавриди лағви “лимит” Усмонзода гуфт, бо супориши раисиҷумҳур имкониятҳои низоми энергетикии кишвар ҳисобу китоб шуда, маҳдудияти интиқоли барқ ба мардум бардошта шуд. Ӯ гуфт, ин имкон дар пайи фаъолшавии Маркази барқу гармидиҳӣ фароҳам шуда, феълан сатҳи об дар обанбори Норак нисбати ҳамин давраи соли пешӣ 3 метр боло мебошад.

Дар мавриди он, ки “лимит” барои ҳамеша хонаи тоҷикистониёнро падруд гуфт, ё дар оянда боз дар хоҳад кӯфт, вазири энергетика гуфт, агар соли оянда маҳдудияти барқ ҷорӣ ҳам шавад, хеле кам хоҳад буд: “То зимистони оянда хонаи сокинони Душанбе бо хатти гармӣ пайваст мешавад ва ин боиси беҳбуди таъминот бо барқ мегардад”.

Вазир таъкид намуд, ки таъмини хонаи сокинони Душанбе бо гармӣ дастури раисиҷумҳур аст ва онро то тирамоҳи оянда пурра таъмин мекунем.

Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон имсол қабл аз муҳлат 14-уми январ пурра лағв гардид.
Мӯҳр
"феълан сатҳи об дар обанбори Норак нисбати соли пешӣ 3 метр мебошад" ? -Кам ё зиёд мебошад?

Чаноби вазир бисёр одами донишманд хастанд.
Агар тахлил карда бароем имсол ягон неругох ё тавоноии нави энергияистехсолкунанда ба истифода дода намешавад аммо дар баробари ин даххо заводу корхонахо ва бинохои истикомати ки истеъмолкунандаи барк хастанд ба истифода дода мешавад... яъне истеъмол зиёд мешаваду истехсол не. норасоии барк бештар эхсос мешавад...
Дар Точикистон саноат ва сохтмон аз энергетика дида тезтар рушд дорад... Худо кунад ки хар чи зудтар Рогун сохта шавад вагар на камбуди баркро дар кишвар кохиш додан осон нест.

беном
3-метр боло мебошад

Щамшод
Мусофир,
Мусофир братан дуруст хонед, 3 м боло гуфтагй-ку!

Щамшод,
калимаи "боло" баъди коменти ман илова шуд ё ки ислох шуд. Ибораи "феълан сатҳи об дар обанбори Норак нисбати соли пешӣ 3 метр мебошад" аз хамин макола копя карда мондаам вагар на ман шрифти точики надорам!

Саргардон
Эхееее ин суханхои аз минбари баланд оиди лимит бардошта шуд, хамааш рекламная пауза будаст ку

Ёри
Дар нохияи Панчакент бошад холо лимит бардошта нашудааст.Бегох 2 соат хомуш мекунанд субх бошад 1 соат сабабаш маълум нест.

Бобочон
Дар баъзе дехахои Панчакент холо хам "лимит"-барк вучуд дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)