Бахшҳо

Пешниҳод: Пайкараи Борбад ва Ҷӯраев гузошта шавад

Як донишманди тоҷик пешниҳод дорад, назди биноҳои фарҳангие, ки номи ашхоси шинохтаро доранд, пайкараи онҳо ҳам насб шавад.

Мизроб Амирбеков дар як матлаб унвонии "Озодагон" гуфта, беҳтар аст, ки дар назди Кохи Борбад ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон пайкараи Борбад ва Акашариф Ҷӯраев гузошта шавад. Ӯ дар ин навишта, Борбад ва Акашариф Ҷӯраевро муаррифгарони фарҳанги волои тоҷикон унвон карда, менависад, "бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар Кохи Борбад ва Филармония ҷашнвораҳои миллӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию тиҷоратии давлатӣ ва байнидавлатӣ сурат мегиранд. Иштирокдорони ин маъракаҳо номи ин фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро дар пешдевори қасрҳо мехонанд, вале симои тоҷикона ва зебои онҳоро пайдо карда наметавонанд. Имрӯз месазад, ки дар майдони кушоди ин қасрҳои бошукуҳ пайкараи Барбад ва Борбади сонӣ - Акашарифро гузорем ва насли имрӯза ва оянда, меҳмонони Тоҷикистон аз дидани чеҳраҳои онҳо баҳраманд шаванд ва симои зебои тоҷиконаи онҳоро бинанд ва шиносанд".

Амирбеков мегӯяд, Борбади тоҷик аз аввалин эҷодкори мусиқии муҳташами устодонаи созию овозӣ дар таърихи таммадуни мусиқии мардуми шарқ буда, муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 достони хусравонӣ, бунёдгузори сабки марвихонӣ мебошад: "Ихтирооти мусиқии Борабад воқеан дар шаклгирии жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронӣ, балки дигар халқҳои шарқ заминаи асосӣ гузошт. Борбад ба сифати устоди фарҳангистони ҳунари Сосониён дар табақабандии даста, гуруҳҳои ҳунарӣ, коргузории гуруҳҳо хизмати шоиста намуда, барои ҳар гуруҳи ҳунарӣ таснифоти мусиқӣ сохтааст ва ҳар дастаи тартибдодаи Борбад худ роҳбар дошт. Ин буд, ки Борбад дар дарбори шоҳаншоҳи Сосонӣ ба мартабаи "сарвар", "шоҳи ромишгарон" расид".

Соли 1985 дар шаҳри Душанбе аз 1400 солагии зодрӯзи Борбад ҷашн гирифта, зимнан бузургтарин кохии Душанбе номи ӯро гирифт.

Мизроб Амирбеков дар бораи Акашариф Ҷӯраев гуфтааст, соли 1941 вақте даҳҳаи фарҳангии тоҷикон дар Маскав баргузор шуд, Сталин аз ҳунарнамоии ӯ ба ваҷд омада, 22 апрели соли 1941 изҳор дошт, ки "тоҷикон халқи барӯманданд, онҳо узбак, қазоқ, қирғиз нестанд ва халқи қадимтарини Осиёи Миёна мебошанд. Тоҷикон дорандаи тоҷанд ва инро худашон исбот сохтаанд. Шумо бояд дар ин давраи даҳҳа эҳсос намоед, ки тоҷикон бадеияти нозук, маданияти қадима дошта, лаззати истеъдоди онҳо дар мусиқӣ, суруд ва рақси онҳо таҷҷассум ёфтааст".

Ин донишманди тоҷик мегӯяд, имрӯз суруд ва оҳангҳои Акашариф Ҷӯраев мисли оҳанг ва сурудаҳои Борбад дар Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Узбакистон, Қафқоз ва ҳатто Аврупою Амрико аз тарафи шогирдон ва ҳаводоронаш суруда мешаванд: "Боиси фахр мебошад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳунари волои ин марди фарзонаро қадр намуданд ва маркази мусиқии Тоҷикистон-Филармонияи давлатиро ба номи ӯ гузоштанд".
Мӯҳр
Борбад
-Рӯи ҳаму Исталин сиёҳ, ҳаминро, ки медонист, барои чӣ ҳамаи марказҳои фарҳангии тоҷиконро гирифта ба ҳамонҳое дод, ки онҳо гӯё гуфти худаш ҳеҷ кас набудаанд?!
Тоҷик мемураду аз соддагияш намемонад..

ном
Магар Устод З Нозимон О Хошимов А Назри ино чи гунох доран ки ягончо ба номи ино пешниход ва ё номгузори намешаванд

Тарафдор
Ба номи устод Зафа Нозим гузошта шавад.

одиназода
э бародар инчо матлаб дигар аст гузоштани пакарахои номбардорони фарханги миллии мо,медони борбад ки буд,асосгузори фоарханги таммадуни башар,вакте ки борбад мехонд саньаткори мекард 90% мардуми дуне не фарханг доштанду не саньату не таммадун....."озодагон"фикрхои хаторо чоп накунед...хохиш...!!!

Дар Торикистон кори дигар намондааст,ба чуз аз хайкалмониву
пешвотароши... мардум гуруснаву дар ба дар .... хайкали дарвозаро гузоред,то точик тавассуташ ба ватан боз дарояд.

РОСТИН, ш. Душанбе.
Ба Сталин рахмат гуфтан даркор, ки хатояшро фахмид. Аммо замон барои ислохи чунин як хатои бузург ба у имкон надод. Зеро корхои мухимтару азимтаре пеш омаданд, ки ислохи чунин хаторо ба таъхир гузоштанд. Мо дигар аз у талаб накардем, ки дубора сари ислохи ин хатои хеш баргардад. Зеро хама кори дунё сахтгири дорад. То тифл гиря накунад, модар ба у шир намедихад.
Дар хар маврид ба Сталин ташаккур гуфтан даркор, ки истиклолияти Точикистонро пазируфт. Ленин напазируфт. У дар яке аз телеграммахояш ба Фрунзе гуфта буд. "Он чо вакти зиёдро сарф накунед. (манзураш Осиёи Маркази) Узбекия, Киргизия ва Туркмения ташкил карда баргардед"
Дохии бузург нагуфт, ки Таджикия хам ташкил кунед.Аммо Сталин ба ташкили Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон ичозат дод. Барои хамин мо то замоне, ки хастем бояд аз Сталин миннатдор бошем.

Бехтарин пешниход аст ва сазовори дастгирист. Имруз, ки Точикистони сохибистиклол чунин имконият дорад, гузоштани пайкарахои ин абармардони миллат барои тарбияи насли имруза ва оянда ва зинда нигох доштани номи ин фарзандони точик хело бомаврид аст.

Вокеат
Мо Имруз ба кучо равонем, наход хамин Афзалшоро Хукумат е Вазорати фарханг намедонад читур кор ва фаъолият кардаистодааст, Э мардум ин кох ба нести рафтаистодаст.

БУБАХШЕД, аммо аз ин ҳайкалу ҳақкалтарошӣ чӣ фоида. Хуб мешуд, ки ба маблағи сармешудаи ин ҳайкалҳоро ба дигар кори ободонӣ сарф кунанд. Мо ҳоло проблемаҳои ҳасталаби зиёдеро дорем.

Шуруп.
Бехтарин кор мешавад,дар оянда гузоштани пайкарахои,Кали Зирак,Лак ва Паку Алдар куссаро низ фаромушт накунед.

Фархангчи
Мухтарам Афзалшо, ба Шумо бовар карда вазифа доданд, Шумо чи ?

Борбад
-акаи Ростин "лубиёву каду лаънат ба ҳарду" Сталини хушбурут 42 сол салтанат кард. Ленинаш бадбахт 4 сол буд. Нисфаш дар ҷогаҳи хоб-касал гузаронид. Сталин як бор ғайрат кард. Вилояти Сурхондарёро (Тирмиз) ба Тоҷикистон бахшид. Указ дар газетаи "Правда" чоп шуд. Вале тибқи ин указ ҳамсоя истиқлолияташро аз даст медод. Зеро як шарти ҷумхурӣ шудан ин буд, ки бо кишвари хориҷӣ сарҳад дошта бошӣ. Ҳамсоя дар ҳамин Тирмиз 180 км марз бо Афғонистон дораду халос. Баъди аз даст додани ин марз Ҷумҳури буданаш, зери суол мерафт. Бинобарин, рузи дигар Сталин указашро бо указ бекор кард.
- Худо оқибаташро бахайр кунад...

Мухочир
Фархангчи,
Afzalsho chi kori nohub kardas???

Kommenthora mehoni fikr mekuni in mardum dar asri 17-18 zindagi dorad.Ba dardi mahalchigi hama giriftor.Borbadu JUraev megui, onho Zafaru Nazri meguyand.Avval hon, bubin Borbadash ki budaj, Juraevash ki budaj...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)