Бахшҳо
25 янв 2017 11:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

2016: Аз маҳбасҳои Тоҷикистон 64 ҷасад берун овардаанд

Мақомоти адлияи Тоҷикистон мегӯянд, соли 2016 дар маҳбасҳои кишвар 64 маҳбус даргузоштаанд.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 25-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ин теъдод 16 маҳбус бар асари бемории сил даргузаштаанд: “44 нафар дар пайи амрози даруна ва 4 маҳбуси дигар дар натиҷаи дигар ҳодисаҳои ногувор ҷон доданд”.

Ӯ ҳодисаҳои ногуворро шарҳ надод, аммо таъкид намуд, ки соли 2016 ягон маҳбус худкушӣ накардааст.

Даргузашти мубталоёни бемории сил дар ҳолест, ки соли 2015 парлумони Тоҷикистон маҷбурсозии маҳбусони мубталои силро барои истеъмоли дору ва ғизо иҷоза дод.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳамад, вакили парлумон зимни муаррифии тағйирот дар “Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ” гуфт, нисбати маҳкумшудаҳои мубталои бемории сил, ки аз истеъмоли ғизою дору саркашӣ мекунанд, чораҳои маҷбурӣ истифода шаванд: “Маҷбуран ба онҳо ғизою дору дода шавад”. Холмуҳаммадзода ҳадафи ин навовариро беҳбуди вазъи маҳбусони бемор арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки маҳкумшудаҳо низ инсон ҳастанд ва дар сурати гирифторӣ ба бемории сил бояд дар ҷойи алоҳида бо ғизою дору таъмин карда шаванд. Зуҳуров таъкид намуд, ки доруҳои лозимӣ барои беморон ройгонанд ва муассисаҳои ислоҳӣ бояд онҳоро барои маҳбусон таъмин кунанд.
Мӯҳр
Ассалому алейкум ,ман мехостам ки бифахмам як шиносам дар кадом турма бошад,ман хавотир мешавам барои у лек афсусеки намедонам у дар кадом турмаи Душанбеба хаст,агар имконе бошад аз шумо дасти ери мепурсам ки,уро аник чояшро фахмида баман хабар медодед,номаш Бахрулло афсус фамиляша намедонам,илтимос аз шумо ,интизори хабарам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)