Бахшҳо
25 янв 2017 12:45Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Transparency International: Қабули фасод дар Тоҷикистон якбора зиёд шуд

Созмони ҷаҳонии шаффофият, "Transparency International" дар раддабандии нави худ оид ба фасодпазирӣ Тоҷикистонро дар зинаи 151 қарор додааст, ки нисбати соли гузашта 15 зина қафо мебошад.

Тибқи раддабандии пажуҳишгарон фасодпазирӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, кишвари мо аз 100 холи имконпазир 25 хол гирифтааст: “Дар раддабандии соли 2015 Тоҷикистон мақоми 136-ро дошт”.

Дар раддабандии ҷадид аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи беҳтаринро Қазоқистон дорад, ки дар ҷои 131-ум мебошад: “Қирғизистон – 136, Туркманистон – 154, Узбакистон дар мақоми 156-ум ҷой гирифтаанд”.

Раддабандӣ 176 кишвари дунёро фаро гирифта, мизони пасттарини фасодкорӣ дар Дания, Зеландияи Нав ва Финландия сабт гардидааст. Вазъи Кореяи Шимолӣ Судони Ҷанубӣ ва Сомалиро пажуҳишгарони Transparency International бадтарин арзёбӣ кардаанд.

Ин феҳраст аз рӯйи назарпурсиҳои коршиносон ва тоҷирон таҳия шуда, соли равон рейтинг 176 кишварро фаро гирифтааст.

Бад шудани мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҳолест, ки моҳи октябри соли сипаришуда Рустами Эмомалӣ, собиқ раиси Оҷонсии зидди фасод низ зимни муаррифии як таҳқиқот дар назди Президент бо таассуфу нигаронӣ изҳор дошта буд, ки мардум масъулини мубориза бо коррупсияро фасодзадатарин медонанд.

Рустами Эмомалӣ аз қавли мусоҳибон маоши бештари кормандон, ҷазои сангинтари фасодкорон ва таъини шахсони поквиҷдонро ба мансабҳои давлатӣ яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи коррупсия хонда буд. Рустами Эмомалӣ ҳадафи ин таҳқиқот ва пурсиши сотсиологиро, ки бо иштироки 88 ҳазор сокини кишвар гузаронда шудааст, муайян намудани сабабу омилҳои коррупсионӣ, муносибати аҳолӣ нисбат ба коррупсия ва муқовимат ба он дар сохторҳои давлатӣ хондааст.

Натиҷаи пурсиш муайян намуд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 34 ҳазор нафар ё 39 фоиз сатҳи коррупсияро дар мақомоти идоракунии давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ баланд арзёбӣ намудаанд, ки ба соҳаҳои заминсозӣ 39 фоиз, тандурустӣ 35 фоиз, маориф 25 фоиз, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 36 фоиз ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 34 фоиз рост меояд.
Мӯҳр
Салом, дар вокеъ Созмони ҷаҳонии шаффофият, "Transparency International хеле дуруст арзёби кардааст. Пушида наст, ки як омузгори одди вазифаи хеле мукаддасро ба ухда дорад аммо ба осони ва бе шармона (аксарият) ба ришва даст мезанад! Пас аз тарбияи ин гуна афрод, чигуна чавонони солим фикрро чомеа аз омузгорону волидайн талаб менамояд?! хеле боиси таассуф аст, ки чунин омузгорон чавононро дар рохи фассоду ришвахори тарбият менамоянд... ва як чавони хунхораю дар акидаш ришват ба воя мерасад. Пеши ин хамаро дар як мох ва хеле сода метавон гирифт, аммо намехоханд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)