Бахшҳо
25 янв 2017 13:23Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вазири саноат: Майнӯшии мардум кам шудааст

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, талабот ба нӯшокиҳои спиртӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Бобозода имрӯз, 25-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, майнӯшии мардум кам ва талабот ба нӯшокиҳои спиртӣ коҳиш ёфтааст: “Ин хуб аст, ки мардум наменӯшанд. Солҳои пеш дар тӯю маъракаҳо машруботи спиртӣ зиёд истифода мешуданд, ҳоло бошад қариб, ки нест”.

Ба гуфтаи вазир феълан дар кишвар дар маҷмуъ ҳудуди 100 корхонаи нӯшокиҳои спиртӣ фаъолият доранд, ки қисмеяшон ҳам маҳсулоти спиртӣ ва ҳам нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол мекунанд.

Дар идома Бобозода аз корхонаҳои тавлиди нӯшокиҳои ташнашикан тавсиф намуд, ки ҷойи маҳсулоти воридотиро танг карда истодаанд. Ба иттилои манбаъ воридоти нӯшокиҳо ба кишвар 25 дарсад кам шуда, фаъолияти корхонаҳои ватанӣ густариш ёфтааст.

Изҳороти вазир дар мавриди майнӯшии ками мардум дар ҳолест, ки тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт ё World Health Organization (WHO) Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишваре дониста мешавад, ки аҳолиаш аз ҳама кам нӯшокиҳои спиртиро истеъмол мекунанд.

Дар гузориши СУБ дар ин робита омада буд, ки дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар нафар солона 2,8 литр нӯшокиҳои спиртӣ менӯшанд. Қирғизистону Туркманистон 4,3 литр, Узбакистон 4,6 ва аз ҳама зиёд дар Қазоқистон ҳар нафаре солона 10,3 литр спирт истеъмол мекардааст.
Мӯҳр
Давлат
Хама мулло шуда бурафтагй...

Мухочир
Мухтарам Взир леки ин маънии уро надора, ки дар давлатхое ки майнуши каме нисбати Точикистон зиёд аст (ба монанди Россия, Белоруссия, Казокистон, Украина, Арманистоон ва гайра )тараккиёти онхо суст аст , не ин хел нест, пас матлаби Шумо чист, магар мо давлати дуняви да зиндаги надорем?

Завсклади қадим
-Бачаҳо ҳозираша намедонам, ҳамин масчидои солҳои навадумро ҳамаша қариб бачаҳои арақхӯр бунёд мекарданд. Аксарияташ завскладҳои тахтаю шифер, мудирони анбори савдою плодоовошу селхозтехникаю главснабу ва дигар идораҳои рунду ру буданд. Мезаданд арақаю мегуфтанд, бобои мулло саруш кун, тахтаю шиферу хишташ аз худам. Дилу нияти арақхӯр, ки пок аст, масчидам зуд бунёд мешуд. Бобои мулло ҳам, бекор намеистод. Аз ҳаму чӯбу тахтаю масолеҳи сохтмонӣ кам-кам дӯздида, ба зани дуюмаша хона месохт. Масчидҳо ҳам, пури намозхон буданд. Бобои мулло медонам дандонот чарақ-чарақ доранду лекин ҳамин хел буд.
Ё гапам, нодуруст бачаҳо?!..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)