Бахшҳо

ВКД: Бобохонов 7 сол барқро ғайриқонунӣ истифода кардааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як санҷиш дар шаҳри Душанбе чанд ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ошкор шудааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, зимни ин санҷиш муайян шудааст, ки Абдураҳмон Бобохонов, як сокини 60-солаи пойтахт 7 сол аз барқи ғайриқонунӣ истифода кардааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ “аз симчӯби барқӣ хати барқро ба манзили истиқоматиаш кашида, муддати 7 сол 272 ҳазору 160 киловатт қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода намуда, ба ширкати саҳҳомии холдингии “Барқи Тоҷик” ба маблағи 34 ҳазору 292 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст”.

Манбаъ меафзояд, инчунин ошкор шуд, ки Ҷамшед Ғуломов сокини кӯчаи Қосимоваи шаҳри Душанбе дар ошхона ва нонвойхонааш бидуни иҷозатнома ва шартномаи “Барқи Тоҷик” қувваи барқро истифода бурда, ба ин ширкат 18 ҳазору 275 сомонӣ зарар расонидааст: “Нисбати номбурдагон маводи лозим тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад”.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии чанд рӯзи қаблаш гуфт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 82 ҷиноят дар соҳаи барқ ошкор шудааст, ки зарари расонидашуда аз ин ҷиноятҳо 866 ҳазору 628 сомониро дар бар мегирад: “Аз ҳисоби қарзҳои истифодаи қувваи барқ 16 миллиону 809 ҳазору 73 сомонӣ руёнида, ба буҷети давлат ворид карда шудааст”.
Мӯҳр
Дар 7 сол зиёда аз 40 хазор доллар мешавад ин ?? У чи истифода будааст тули ин мудат ? Хар моха расходаш зиёда аз 600$ доллар мешавад агар хисоб кунем.
Дар хакикат нархи барк дар мо кимат будааст. Боз хукумат мехохад кимат кунад магар аз ин зиёдтар киммат мешавад ?

баъд чи мешавад? Хонаашро мегиранд? ёки Шахри бехатар барин хонаро ба Штрафплощадка бурда махкам мекнан то чаримаро супориданша)?

сода
Бе иштироки коркуни барки Точик (ё(барки Точик)) и кор намешаввааа....

ээээ мардум ин валлх 50/дар 100/даш дуругаст ман медонам дар яхел чойхо
мини маслабойка кор мекунад ку раван увора тафтиш кунан дар учахам одамой хучонан бад мекован дар гичо яг одами бечораву бекаса биёван ХУДО меташон

Man,
Максадта гап зан !!! Чи мехохи ? Салом дар Россия 4 сол шид намеёя дига. Хамуча зан гирифтай гаштай меган

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)