Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 апрел 2017, 16:53

Генерали тоҷик: Реклама кардем, дар як ҳафта 5-6 нафар худро ба дарёи Сир партофт (ВИДЕО)

26 январ 2017, 11:33

Раёсати умури дохилии Суғд минбаъд аз пешниҳоди маълумот дар бораи шомилшавии одамон ба равияҳои террористиву ифротӣ ва онҳое, ки даст ба худкушӣ задаанд, худдорӣ мекунанд. Ин нуктаро Шариф Назарзода, сардори ин ниҳод дар нишасти ахири хабариаш дар Хуҷанд изҳор дошт.

Генерал Назарзода мегӯяд, ин иқдом бар асоси таклифу пешниҳоди падару модарон ва коршиносон гирфта шудааст: “Доимо ман сифру рақамҳоро гуфта мегузаштам. Ба ман муроҷиат карданд, падару модарон ва коршиносон. Шумо ба ҳолати рўҳии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонед, ҳангоми баромадҳову дар бархе мавридҳо. Таҳлил карда баромадем, дар ҳақиқат ҳам ҳамин ҷой дорад”.

Сардори Раёсати умури дохилии Суғд гуфт, дар нишастҳои матбуотӣ ва умуман чизеро аз хабарнигорон пинҳон намекард. Дар ҳолате, ки ҷиноят содир шавад, саривақт ба журналистон хабар медод. “Вақте мо аз додани ҳамин шумораҳо худдорӣ кардем, ҳоло кам шудааст. Барои ҳамин дар баромад ҳам ман дар бораи худкушӣ низ нагуфтам. Мо дар баъзе мавридҳо реклама мекунем”,- афзуд Шариф Назарзода.

Ӯ гуфт, минбаъд аз пешниҳоди баъзе чизҳое, ки ба ҷавонон таъсири руҳии манфӣ мерасонад, худдорӣ хоҳад кард: “Мана як маротиба мо бо воситаи телевизион барои пайдо кардани наздикони як зане, ки аз болои пуле дар назди Шӯъбаи ВКД худро партофт, муроҷиат кардем, дар давоми як ҳафта 5-6 нафар аз дарёи Сир аз ҳамон ҷо худашро партофт. Мана реклама кардем-ку! Ман ҳаминро хостам гуфтам, ки баъзе чизҳое ҳастанд, ки таъсир мерасонад ба ҳамон ҳолати равонии ҷавонон, на ин ки онҳо ба шаҳрвандон низ”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост мега баъзе хабарнигоро хабари бадро чунон менависанд, ки гуё ягон кахрамони бошад. Ман бовар дорам ки 70%и хами чавонои мо ба сурия ва ирок тавасути баъзе расонахои хоричие ки дар кишвари мо нашр мешаванд чалб шудаанд. Хар руз кариб онхоро таъриф мекарданд ки инкадар чойро ишгол карданд, маоши баланд медиханд,... То он вакте ки у терористо худи хабарнигоронро тахдид накарданд танкидашон накарданд. Авалин журналисте ки бар зиди ин терористхо менавист ин Ахмади Иброхим буд ки уро чанд бор тахдиди ба куштан кардан офарин ба ин хел журналистони шучоъу часур!
Посух додан
  • Мухлис

  • 26 январ 2017 16:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба Генерали точик Назарзода Ш.Н. Шумо дар асл Генерали халки хастед, бо халк хастед. Генерали хакикатпарвар, Тавонистед, ки бо лаёкати кордони тачрибаи доштаатон чиноятхои нихоят мухиму нозукро ошкор намудед. Обруву манзалати милитсияи точикро баланд бардоштед. Бо ин фаъолияти озоду шаффофатон дар дили пиру барнои омма чой шудед. Халк шуморо хеч гох фаромуш намекунад.
Хамеша саломату сарбаланд бошед.
Посух додан
  • Мирзо

  • 27 январ 2017 09:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Мухлис. Отатай ё тагат?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухлис,
Карбойии гардакда об гирифта рав дастои генерала якборги об гир
Посух додан
  • Хайрон

  • 29 январ 2017 13:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба худо хичи намефахмм ино бояд реклама кнан е тартиботи чамьиятира нигах кнан? Барои реклама тв сафина хастак.
Посух додан
  • Анвар

  • 6 феврал 2017 07:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Коил, реклама хам ба ошкоркунии чиноят ва ба вазъи криминогени таъсир мерасонидааст... кор кардан лозим...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!