Маркази нави давлатӣ барои ҳар дақиқа 15 дирам мегирад
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳаққи Маркази ягонаи комутатсионии “Тоҷиктелеком”-ро 15 дирам барои ҳар дақиқаи тамос аз Тоҷикистон ба хориҷ муайян кардааст.
Дар ин бора имрӯз, 26-уми январ Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар посух ба суоли "Озодагон" иттилоъ дод.
Маркази ягонаи комутатсионӣ соли гузашта дар назди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон фаъол шуда, тамоми тамосҳо ба хориҷ тариқи он мегузоранд. Даҳ сол қабл, ки таъсиси чунин марказ ба миён гузошта шуд, Хадамоти зиддиинҳисорӣ зидди он баромад ва онро хилофи қонунгузории зиддимонополӣ хонда буд.
Аммо ахиран Қодирзода изҳор дошт, ки мақсади ташкили Маркази ягонаи комутаторӣ таъмини амнияти давлат мебошад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи равон ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон карданд, ки бо назардошти ҳаққи Маркази навтаъсис нархи тамосҳои байналмилалиро 20 дарсад, то 1,2 сомонӣ боло мебаранд.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, нархи ҳадди ақалро барои ҳар дақиқаи зангҳо ба Русия 1,16 сомонӣ муайян кардаанд. Ӯ инчунин болоравии нархи тамосҳоро ба афзоиши қурби асъори хориҷӣ ва зиёд шудани хароҷоти ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон рабт дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |