Ҳалокати модару духтар аз дуди ангишт
Дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Рӯдакӣ ду аъзои як хонавода ба ҳалокат расида, ду тани дигар дар беморхона бистарӣ шудааст.
Зафар Латипов, раиси ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса субҳи дирӯз (25 январ) дар рустои Дӯстӣ (собиқ ) ба вуқӯъ пайвастааст: “Мастона Сафарова бо тифли 6-солааш фавтида, шавҳари ӯ Аҳлиддин Сафарову писари дусолааш ҳоло дар беморхона ҳастанд”.
Ба гуфтаи Латипов, ҳолати падару писар нисбатан беҳтар аст.
Ин ягона ҳолати ҳалокати одамон аз дуди ангишт дар соли равон нест. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзи 11 январ бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор як зану шавҳар ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 12:30 марди 55-сола бо ҳамсари 54-солааш дар манзили итиқоматии худ, аз бӯйи гази ангишти печи худсоз заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |