Бахшҳо
27 янв 2017 08:22Тоҷикистон / Видео

Сано Ҷӯраева: Барои табобати писарам ба дастгирии ҳар яки Шумо ниёз дорам (ВИДЕО)

Сано Ҷӯраева, як сокини шаҳри Душанбе барои муолиҷаи писари 38-солааш, ки аз бемории “Сиррози ҷигар” (цирроз печень) ранҷ мекашад, аз кулли сокинони саховатманди кишвар кӯмак мехоҳад.

Хонум Ҷӯраева, ки ба дафтари “Озодагон” омад, мегӯяд, писараш Шуҳрат Ҷӯраев 3 сол мешавад, ки гирифтори ин маризӣ шудааст ва барои табобату ҷарроҳии минбаъдааш ночор мондааст: “Қаблан гирифтори касалии “Гепатит С” буд, ҳоло ин беморӣ ба сиррози ҷигар расидааст, ки ба гуфти табибон хело хавфнок аст”.

Ӯ гуфт, барои табобати Шуҳрат доруҳои гаронарзиш заруранд, вале қудрати харидории онҳоро надорад: “Ҳафтае пеш як дору харидем, ки 200 доллар арзиш дошт. Барои хариди доруҳои дигараш маблағ ҷамъоварӣ дорам”. Сано Ҷӯраева афзуд, табибон тавсия додаанд, ки бояд саривақт писараш ҷарроҳӣ шавад: “Барои ҷарроҳӣ ва табобат наздики 40 ҳазор доллар талаб доранд. Ман хонаамро ба фурӯш гузоштаам, вале ин арзишро надорад. Ҳоло харидор ҳам пайдо нашудааст”.



Шуҳрат Ҷӯраев се фарзанди хурдсол дорад ва ба гуфтаи модараш бар асари беморӣ дигар наметавонад кор кунад. “Худам дар мактаби миёна кор мекунам, маблағамон барои таъмини оила ва баъзе доруворӣ мерасад. Ба дастгирии ҳар яки Шумо хело ниёз дорам”.

Афроде, ки имкони ёрӣ ба ин модар ва ҷигарбандашро доранд, метавонанд бо шумораҳои телефони 907 88 93 43 ва 98 761 00 41 тамос бигиранд ё ба суратҳисоби зер маблағ бигузаронанд:

Сано Ҷӯраева: Барои табобати писарам ба дастгирии ҳар яки Шумо ниёз дорам (ВИДЕО)
Сано Ҷӯраева: Барои табобати писарам ба дастгирии ҳар яки Шумо ниёз дорам (ВИДЕО)
Сано Ҷӯраева: Барои табобати писарам ба дастгирии ҳар яки Шумо ниёз дорам (ВИДЕО)

Мӯҳр
Шахрванд
Худо ба ин модар ва фарзандаш дармон ато кунад. Намешавад тавассути терминалхо кумакро ба роҳ монд?

Салом хонандаи азиз.
ман ба Ин Бародар и Гироми аз даргохи Худованди муттаъол Шифои Комилу Ъочил Хохонам.

Охами журналистои сафинаву шабакаи аввал мегарданд бад як умр мадхия хонда сафсата хонда. Намешавад,ки як барномае ба рох монанд мисли рен-тв ва 5тв-и Россия,ки мардум аз саросари кишвар смс-шапак кунанд ?? Барои як сарояндаи кучаги,ки аз чизе кам нест вакт чудо карда ташвикаш мекунанд хохишу пешниход мекунанд,ки смс равон кунед. Чаро як дакика вакт намеёбанд,ки акалан пешниход кунанд,ки кадоме ба ин бемори кумак мекунад ба фалон ракам смс равон кунад ?

Изхор
Худованд ба ин модари мехрубон сабр ва ба фарзандаш шифои комил ато фармояд. Афсус мехурам, ки баъзе шахсон кудрати кумак карданро доранд, мурочиатномаро мехонанд, аммо кумак намерасонанд. Дустон касе, ки кудрат дошта бошад ба ин модар 100 сомон аст, 100 долар аст кумак кунадсавоби бузург мешавад... Аз тамошои гули сурх аз чи мемондам чудо, Гар ба каф чун ахли олам дираме медоштам.

shahrom, дуъора чомекуни бехтараш панчсум кумакаш кун. 25 сол шид дуъо додестен. И чита домуло шид дар и мо. Аз кудаки гахвора то шайхи дарбори хама дуъоте шидиянд.

Бародар хазратчон худованд хидоятат кунад. Муллохо чойнишинони пайгомбаранд. Ин кадар муллохоя бад набин,окибаташ хуб нест.

омузгор
эх вазорати тандурусти кучост ? давлат кучост,ки вазорати тандурустиро нигох намекунад ? ин духтуронро давлат танзим накунад инхо инсофу адл надоранд ! эх худо авалан ба ингуна беморон дармонатро ато кун , баьдан ба ин духтурони беинсоф инсоф те!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)