Бахшҳо

Раиси Агентии зидди коррупсия дар бораи Усмон Сабзов

Раиси тозатаъини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, нисбат ба раиси собиқи ноҳияи Ҳисор ҳеч шикояте ворид нашудааст.

Сулаймон Султонзода, ки 23 январи соли равон бо як фармони раисҷумҳур директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, имрӯз, 27 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, унвонии ниҳоди зери раҳбариаш ҳеч шикояте дар мавриди Усмон Сабзов ворид нашуда ва нисбати фаъолияти ӯ ба ҳайси раиси собиқи ноҳияи Ҳисор ҳеч гуна санҷише ҳам анҷом нашудааст. Ҷаноби Султонзода ин нуктаро дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё дуруст аст, дар пайи бекор шудани қарорҳои содиркардаи Сабзов нисбати ӯ санҷиш идома дорад, таъкид намуд.

Ахиран расонаҳо навиштанд, ки Шарифҷон Ҷумъазода, раиси нави ноҳияи Ҳисор қарорҳои Усмон Сабзовро дар бораи тақсими қитъаи замин ба беш аз 700 сокини ноҳияро бо далели ғайриқонунӣ буданашон бекор кардаст.

Усмон Сабзов моҳи феврали соли 2013 раиси ноҳияи Ҳисор таъин шуда, моҳи феврали соли 2016 аз вазифа барканор шуд. Номи ӯ чандин бор дар робита ба изҳоротҳояш расонаӣ шудааст. Аз ҷумла ӯ соли 2013 дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, дар пайи шикояти шаҳрвандон дар базаи дуюми “Тоҷикматлубот” гуруҳҳоеро, ки даст ба қиморбозӣ мезаданд, ошкор ва боздошт намудаанд.

Боздошти 37 “ашрофзода” барои пойгаи шабона: Раиси Ҳисор ҳам иштирок кардааст

Соли 2016 Иттифоқи нависандаҳо аз хориҷ шудани 26 нафар аз узвияти ин иттиҳод хабар дод, ки гуфта мешавад миёнашон Усмон Сабзов низ ҳаст. Он замон Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” аз хориҷшудаҳо “аъзои тасодуфӣ” ном бурда гуфт, “ба далели мувофиқ набудани сатҳи касбияшон аз узвияти ИНТ хориҷ шуданд".

Дар акс Усмон Сабзов
Мӯҳр
О шикояти мардум яктараф истад. Раиси мухтарам шумо намедонед,ки шахсе гайриконуни замини давлатиро фурухт ин чиноят аст , хиёнат аст худаш ново баста аз он,ки касе шикоят мекунад ё не ? Шумо кормандони зиди фасод набояд чашмакотон чор канди барбарис фучида шинед то ,ки ба бастгохои шумо номаи шикояти фиристанд. Агар мардум шикоят накунад яъне у заминхои фурухтаи раис конуни хисоб мешавад ? Дар холе,ки раис худаш гайриконуни ин заминхоро фурухтааст на заминхархо .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)