Бахшҳо

"Хома" барои ВАО-и Тоҷикистон мураббиёни миллӣ омода мекунад

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии чанд созмони байнулмилалӣ барномаи вижаеро барои мураббиён (тренерҳо) эълон мекунад.


Тибқи иттилои Лола Мерганова, шахси мутасаддии ин тарҳ, лоиҳа бо кӯмаки институти «Ҷомеъаи кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, мактаби олии журналистика дар назди мактаби олии иқтисодии Русия ва мактаби олии журналистикаи Молдова сурат пазируфта, унвони он «Бунёди базаи тренерони миллии ВАО» мебошад. Гуфтанист, тарҳи мазкур ба рушди ВАО дар Тоҷикистон равона шуда, тавассути бунёди базаи тренерони касбӣ дар  самтҳои зерин амалӣ мегардад:  радио, ТВ, расонаҳои чопӣ ва он-лайн журналистика.

Манбаъ афзуд, барои бо омўзиши ҳамаҷониба ва мувофик ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани иштирокчиёни лоиҳа муаллимони баландихтисоси мактабҳои пешқадами журналистикаи давлатҳои собиқ шўравӣ ҷалб шудаанд.Иштирокчиёни фаъоли  лоиҳа, ки марҳилаҳои омўзишро бомуваффақият гузашта, нақшаҳои (модулҳои) таълимии худро ҳимоя мекунанд, соҳиби сертификат мегарданд.Барои иштирок дар лоиҳа таҷрибаи кор дар ВАО ва омода будан барои кори тренерӣ зарур аст.Таҷрибаи кори педагогӣ истиқбол  мешавад.Барои иштирок дар марҳилаи аввали интихобӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:

Эссе дар мавзўи «Чаро ман дар ин лоиҳа иштирок кардан мехоҳам?» (бо ишораи ҳатмии мавзўи модули таълимии оянда, ки ҳар як иштирокчӣ онро дар доираи лоиҳа мукаммал месозад), на зиёда аз 2 саҳифа; маълумотномаи иштирокчӣ (CV); нусхаи шиноснома; пешниҳоди тавсиянома аз ҷониби нафароне, ки таҷрибаи кори педагогӣ доранд, пазируфта мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо то рӯзи 15-уми декабри дома меёбад. Суроғаи электронӣ: lola@khoma.tj. Телефонҳо барои маълумот: 221 86 93, 221 86 95

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)