Бахшҳо

Даъвати IRS ба ҳамдигарфаҳмӣ: Аз сафар худдорӣ кунед

«IRS»-ширкати роҳбон дар масири “Душанбе-Чаноқ” бо зикри талафотӣ ҷонӣ ва барфрезии бесобиқа дар ин хатсайр аз сокинони кишвар даъват намудааст, ки муваққатан аз сафар бо ин роҳ худдорӣ кунанд.

Ин ширкат имрӯз, 30-юми январ бо пахши як иттилоия гуфтааст, “аз он ки офатҳои табиӣ боиси аз ҳаёт маҳрум шудани чанд ҳамватанамон гардид, сахт андӯҳгинем ва мусибати онҳоро мусибати худ медонем. Бинобар ин, шаҳрвандонро мебояд ба рух додани ҳолатҳое, ки ҳаводиси табиӣ маҳсуб мешаванд, бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд ва ба корҳои амалишуда баҳои холисона диҳанд”.

Тибқи иттилои «IRS» шурӯъ аз 28 январ бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф, аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе – Чанок зиёда аз 50 тармаи баландиашон зиёда аз 10 метр фаромадаанд: “Зиёда аз 30 техникаи пуриқтидори филиали Ширкати «IRS» дар ин қисмат беист фаъолият доранд ва тавонистанд дирӯз шабона ҳаракати нақлиётро таъмин кунанд. Мутаассифона, имрӯз низ боришоти шадид ва тармафароӣ идома ёфта, дар километрҳои 65 ва 69 тармаҳои калонҳаҷм фаромада, ҳаракати нақлиётро қатъ намуд. Айни замон техникаҳои пуриқтидор ба макони офат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад”.

Ин ширкат ба далоили амниятӣ ва халал нарасондан ба роҳтозакунӣ аз сокинон даъват намудааст, ки аз сафар дар масири Душанбе-Чаноқ худдорӣ кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол дар роҳи Душанбе-Чаноқ 5 ҷасади мусофиронро аз зери тарма берун овардаанд ва кофтукоб идома дорад.
Мӯҳр
вп
Хамон шлангбаума махкам кунед, касе сафар намекунад. Лекин пул ширин, пула те чор тарафат кибла.

Тчк
Дар фасли сармо ин рох ба рохи Марг табдил меебад. О намешавад, ки чун дар давраи шурави авиатсияи дохилиро инкишоф дихем, то ки мардуми бечора бе тарси чон сафар кунад!? Дар замони шурави кариб ба. тамоми нохияхо тайераву чархболхо бо нархи хеле арзон парвоз мекарданд. Макомоти дахлдор бояд дар ин мавзуъ фикр кунанд. Ва сафари мошинхои хурд дар зимистон бо ин рох тамоман манъ карда шавад.

АХМАДЗОДА
ураааа агар то 10 -ум хамин хел бошад мани студент ва яхели дига студентхо самалет савор мешем

Донишчу
Аз макомотхои дахлдор хохиш мекунем, ки нархи чиптахоро назорат кунанд чунки аллакай 100сомони кимат шудааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)