Бахшҳо
30 янв 2017 16:14Тоҷикистон / Иқтисодӣ

ТОП-5: Тоҷикистон масири камсайёҳ, вале ояндадортарин дар ҷаҳон

Созмонҳои сайёҳӣ дар заминаи пажуҳиши ширкати Mastercard 5-гонаи хатсайрҳои камсайёҳ, вале ояндадори ҷаҳонро таҳия кардаанд.

Тибқи иттилои пойгоҳи сайёҳии 34travel шаҳри Душанбе дар сархати 5-гонаи хатсайрҳои камодам, вале ояндадортарини ҷаҳон шинохта шуд. Ба иттилои гузоришгарон меъморӣ ва манзараҳои зебои Тоҷикистон ин масирро ояндаи наздик миёни сайёҳон машҳур хоҳад кард.

Дар мақоми дуюм шаҳри София, пойтахти Булғористон, 3-Бухарести Руминия, 4-Косабланка ва 5-Бостони ИМА қарор гирифтаанд, ки ояндаи наздик дар назар аст, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин масирҳо якбора зиёд шавад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёмаш ба парлумон сайёҳиро аз самтҳои афзалиятнок эълон карда, изҳор дошт, ки барои ҳалли масоили марбут ба ин соҳа ниҳоди давлатии алоҳида ташкил хоҳад шуд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии Тоҷикистон моҳи равон гуфт, то соли 2020 теъдоди саёҳон дар кишварро ба 1 миллион нафар хоҳанд расонд. Абдуллозода 12-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи 3 соли охир теъдоди саёҳон дар кишвар ду баробар афзоиш ёфта, соли гузашта ба 312 ҳазору 602 нафар расид: “Ин нисбат ба иншондоди соли пешӣ 72 ҳазор нафар бештар мебошад. Аз ҳисоби сайёҳон ба иқтисодиёти кишвар 156 миллион доллар ворид гардид”.
Мӯҳр
Сохаи сайёхи шадидан ба пешрави ниёз дорад. Бо гузоштани 4-5 туалет намешавад1-2 миллион сайёхро ба кишвар чалб кард. Бояд роххо,чойхои сайругашт хама Пеш аз хама роххои хамвор дошта бошад. Кучахову бинохои замонави бояд зиёд сохта шавад. Наклиётхои нав тоза ва замонави зиёд кардан даркор. Мушкилихо хеле зиёд аст дар кишвар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)