Бахшҳо
30 янв 2017 16:37Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Фурӯши Хоҷаобигарм, "Тоҷиксемент" ва собиқ корхонаи Зайду Фирташ

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон азм дорад, се корхонаи машҳури кишвар - “Тоҷиксемент”, осоишгоҳи Хоҷаобигарм ва корхонаи дузандагии “Гулистон”-ро фурӯшад. Дар ин бора Анвар Наҷмиддинзода, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ имрӯз, 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

ҶСП “Гулистон”, ки дар гузашта ба соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов ва тоҷири укроинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, ба гуфтаи Наҷмиддинзода ба ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” табдили ном карда, ба тавозуни давлат гузаронда шуд.

Ноиби раиси Кумитаи сармоягузорӣ гуфт, ин корхона дар назди "Амонатбонк"-у "Фононбонк" қарздор аст ва давлат ду бор талош кардааст, “Гулистони Душанбе”-ро бифурӯшад. Ҷаноби Наҷмиддинзода афзуд, моҳи сентябри соли 2016 ва баъдан моҳи январи соли 2017 корхонаи мазкур ба фурӯш гузошта шуд, аммо касе ҳозир нашуд, онро бихарад: “Харидорон таваҷҷуҳ накарданд”.

Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфтанд, талош мекунанд, “Гулистони Душанбе”, "Тоҷиксемент" ва Хоҷаобигармро соли равон ё дар солҳои наздик бифурӯшанд.

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе қаблан корхонаи дузандагии “Гулистон”-ро, ки 95 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, миллиардери укроинӣ ва 5 дарсадаш ба Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира карда буд.
Мӯҳр
Албатта маълум аст, ки оне, ки Зумуррад, Сафедоракро харид, инҳоро ҳам мехарад.

Давраи гуломдори фаро расид!!! Ватани мо дигар дорандаи ягон мерос нест. Корхонаи алюмини бад аз хочаобигар фурухта мешавад.
Саноат тамом ба хамин!!!
Навбат ба донишгохову беморхонахову гесхову мактабхо мерасад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)