Эҳтимоли “тоҷикитар” шудани номи вазорату идораҳои давлатӣ (ВИДЕО)
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, эҳтимол дорад номи бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ ва ниҳодҳои дигар, ки аз русӣ баргардон шудаанд, бознигарӣ шавад.
Гавҳар Шарофзода имрӯз, 30 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар кумита гуруҳи корие созмон ёфтааст, ки ҳоло ба омӯзиши бознигарии номи воҳидҳои маъмурию ҷуғрофӣ машғуланд: “Дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон мо ин тарафи масъаларо ҳам ба инобат гирифтаем. Ин нукта дар омӯзиши мутахассисон қарор дорад ва мо ният дорем онро зина ба зина татбиқ кунем”.
Аммо хонум Шарофзода афзуд, айни ҳол замони мушаххаси ин корро гуфтан имкон надорад, чун ба омӯзиши дақиқу муфассал ниёз дорад.
Дар Тоҷикистон солиёни зиёд аст, ки забоншиносон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди номувофиқ будани номи сохтори идораҳои давлатӣ ва ниҳодҳои дигар ба асолат ва табиати забони тоҷикӣ баҳсу мунозара мекунанд. Ба назари забоншиносон ва фарҳангиёни ворид ба баҳсҳо, ин номҳо дар бештари маврид тарҷумаи таҳтулафз аз забони русӣ мебошанд.
Дар мавриди номи вазорату идораҳои давлатӣ қаблан дар "Озодагон" гузорише таҳия шуда буд, ки такроран пешниҳоди хонанда мегардад:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |