Бахшҳо

Интиқоди Шарофзода аз забони ғайриадабии “Муллои замонавӣ”

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон забони тарҷумаи филмҳои бадеиву ҳунариро омӯхта, сифати тарҷумаро нигаронкунанда хондааст. Тибқи иттилои ин ниҳод аз ҳама беш дар тарҷумаи филми туркии маъруф бо номи “Муллои замонавӣ” ва филми тасвирии “Паҳлавон ва бузбала” қоидаҳои забони тоҷикӣ вайрон шудаанд.

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, дар филми “Муллои замонавӣ” қоидаҳои забони адабӣ ба шадидтарин шева вайрон шудаанд: “Мо забони тарҷумаи ин филм ва филмҳои дигарро мавриди омӯзиш қарор додем ва хулосаи Кумитаро ба ниҳодҳои дахлдор ирсол кардем ва онҳо тасмим мегиранд, ки сарнавишти минбаъди ин филмҳо чӣ мешавад”.

Кумитаи забон ҳамчунин фаъолияти студияҳоеро, ки ба тарҷума ва банду басти филмҳо машғуланд дар соли 2017 мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз ҷумла ин Кумита дар студияҳои “Тоҷикдиёр”, “Санои синема”, Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи тенологии Тоҷикистон”, “Истиқлол”, “Нурангез”, “Адам”, “Суҳайл синамо”, “Ҳамсадо”, “Амирӣ медиа”, “Фариддун”, “Муҳаммад”, “Суғдивидео”, Муассисаи давлатии “Суғдсинамо”, “Абдулломедиа” ва “Дарвозфилм” масоили риояи меъёр ва қоидаҳои забони давлатиро месанҷад.

Дар мавриди забони тарҷумаи филми “Муллои замонавӣ” баҳсҳои гуногуне дар матбуот низ сурат гирифта буд, ки бар пайи он Кумитаи забон ва истилоҳот нишасти илмии вижае низ баргузор намуда буд.
Мӯҳр
Ман тарафдори манъи хамин филмам хохиш мекунам чоп кунед

Домулло Зиё
Апаи Гавхар, филм хеле хуб тарчума мешавад! Илтимос, бини нахалонед!!!
Илтимос, моро аз хазлу шухихои Левен, Шавкат ва Домулло Азми Булут махрум накунед!!!

Мирзо
Хонум Шарифзода шумо танхо дар хисоботхо чунин мегуеду то шашмохай дигар нопадид мешавед. Мо чонибдорем ки забонамон поймол нашавад. Танхо ба гуфтан намешавад бояд амал кунед.

Шокир
Забони филмхои Точикфилму Сафинаро ки месанчад? Муаллима Шарофзода, ин савол ба шумо.

филми Мулои замонавӣ хеле хуб тарҷума шудааст. 99℅ одамоне ки ин филмро тамошо мекунанд аз тарҷумаш розианд

филми Мулои замонавӣ хеле хуб тарҷума шудааст. 99℅ одамоне ки ин филмро тамошо мекунанд аз тарҷумаш розианд

Tojik
Умуман манъ кардан лозим аст, рост аст тарчумааш тарчумаи кучаги аст. Мо бе ин хам чавонои имрузаи мо 4 калима гапа дуруст гуфта наметавонанд, болои ин ин хел тарчумаи кучаги / ин деградация аст

сохибмулк- хучанд
филми махзакави якум хеле тамошобоб бароварда шудааст ва дуюм хело ва хело мувофик ба филми мазкур тарчума гардидааст ва махз бо хамин ин кадар тамошобини зиёд дорад Офарин ба тарчумонон ва нафароне ки филми мазкурро тарчум

tamoshobin
тарчумаи филм бад нест монед акалан мардум бо тамошои хамин филм каме ханданд хушхоли кунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)