Бахшҳо

Замоне ки модарони тоҷик таҳқир мешаванд...

Агар наметавонӣ хидмат бикунӣ, бирав то хиёнат накунӣ...
Доктор Алӣ Шариатӣ


Андешаҳои Идигул Қосимова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 27 январи соли ҷорӣ дар мавриди занони ҳиҷобпӯш бисёр дағал, тунд ва ғайримунтазир буд. Бино бар гузориши сомонаи “Азия Плюс”, Идигул Қосимова гуфтааст: “Мо худ дидем, ки занони ҳиҷобпӯш ба даллагӣ ва сабукпоӣ машғуланд. Ман инро бо чашмони худам дидам ва нафратам омад”.

Пас аз ин қадар таҳқирро раво дидан ба занони мусалмон, дар идома боз мегӯяд: “Вақте занон арзишҳои барои фарҳанги мардуми тоҷик бегонаро мепарастанд, барои онҳо бадахлоқӣ як чизи оддӣ мешавад”. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ин ҳарф ҳам як навъ таҳқир аст. Зеро мардум ба кишварҳои зиёд сафар мекунанд, онҷо кору зиндагӣ мекунанд ва аз рӯи хоҳиш ё меъёри либоспӯшии ҳамон ҷой либос мепушанд? Чӣ магар онҳо бадахлоқанд?

Аз нигоҳи дин посух додан ба гуфтаҳои Идигул Қосимова ба зимаи муфтии Тоҷикистон ҷаноби Саидмукаррам Абдулқодирзода ва тамоми руҳониёни тоҷик мебошад, ки мо инҷо дар ин хусус лаб фурӯ мебандем. Аммо ончӣ дар гуфтаҳои ин бону бисёр такондиҳанда ва таассуфбарангез аст, ин роҳ додан ба таҳқири оммавӣ ва нақзи қонунҳои Конститутсионӣ ва меъёрҳои фарҳангии тоҷикон аст, ки касро наметавонад бетараф бигзорад.

Оё ҳиҷоб чист, худи хонум Қосимова медониста бошад?! Агар не, пас лозим мешуморем, гӯем ҳиҷоб -- яъне пӯшонидан аст. Дар шариат ҳиҷоб - он матоъ ё порчаи матоеро мегӯянд, ки битавонад сатри аврати занро (яъне ҳудудҳои муайянкардаи Худоро, ки ба зану марди мусалмон фарз аст) аз чашми номаҳраме бипӯшонад. Фарқ надорад, ки ин матоъ дар Чин, Амрико, Фаронса ё ҷои дигаре истеҳсол ва чи тарз пӯшида мешавад. Ҳамин тавр дар фарҳанги миллии мо занон ва хоҳарону бибиёнамон аз рӯи шарм, ҳаё ва имон рӯймол, дока, чодарро истифода менамоянд. Яъне, дар ҳиҷоб (пӯшида) ҳастанд, ки ин тӯли асрҳо, ҳатто пеш аз дини Ислом ҳам вуҷуд дошт. Ва имрӯз беш аз 90 дарсади занон онро бо ҳар тарзе риоя мекунанд. Фарҳанги миллии либоспӯшии занони тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо бар ҳамин шакл ташаккул ёфтааст.

Мехостам аз Идигул Қосимова бипурсам, ки оё он модарону хоҳарони мо, ки сари урён, пеши бари кушода, остинҳои кутоҳ надоранд ва ба қавли Шумо либосӣ “миллӣ” намепӯшанд, магар бадахлоқанд? Магар онҳо аз фарҳанги бегона пайравӣ мекунанд?

Вақте Шумо ба таври оммавӣ мегӯед: “мо худ дидем ҳиҷобпӯшон ба даллаги ва сабукпоӣ машғуланд”, оё пеш аз гуфтани ҳамин ҷумла пеши назаратон намеояд, ки 90 дарсади занони миллати тоҷик рӯймол (ҳиҷоб) ба сар мекунанд? Оё ин як навъ таҳқири оммавӣ ба тамоми занони рӯймолпӯши тоҷик, ки сафашон марзи миллионро мегузарад, нест?

Оё мешавад бо танфурӯшӣ ва бадахлоқии чанд нафар заноне, ки бо сари урён, остини кутоҳ, гардани луч даст ба корҳои пасту фаҳш мезананд, чунин ҳукм кард, ки тамоми занони аврупоипӯш танфурӯш ҳастанд? Ҳамин навъ ҳукм оё мантиқ ва бохирадона аст? Агар не, пас ҳукми бараксаш ҳам аз рӯи мантиқ нест.

Гузашта аз ин саркорхонуми гиромӣ, ба таваҷҷуҳатон мерасонам, ки бо ин тарзи ҳукматон чанд мавридеро аз Конститутсияи Тоҷикистон, ки мову Шумо бо итоат аз он кору зиндагӣ мекунем, бисёр дағалона поймол кардаед:
Моддаи 5 банди 2: Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Пӯшидани рӯймол (ҳиҷоб) барои як модар ва хоҳари мусаломон қадр, номус ва ҳуқуҳои фитриаш аст, ки дахлнопазир аст ва ҳеч кас ҳам ҳаққи дахолат кардан ба онро надорад, ки онро чи тавр ва бо кадом ранг ба сар мекунад.

Моддаи 17 банди 2: Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеъи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Вақте Конститутсия Тоҷикистон қатъи назар аз эътиқоди динӣ (!) озодиҳоро кафолат медиҳад, пас Шумо ба ҳиҷобдории як зан чаро дахолат мекунед? Чун ҳиҷоб ҷузъе аз эътиқоди динии як зани мусалмон аст.
Моддаи 26: Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд...
Яъне, як зани ҳиҷобдор мустақилона бо дине, ки интихоб кардааст, онро пайравӣ мекунад ва расму оинҳои онро комилан ба ҷой меорад ва ин ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ мебошад.
Моддаи 30 банди 2: Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ, хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ аст.
Бону Қосимова, модаи 42-и Конститутсия банди аввалаш чунин мегӯяд: Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи (!) дигаронро эҳтиром намояд.
Шумо мегӯед: “Ман худам дидам занони ҳиҷобпӯш (!) даст ба даллагӣ мезананд”, магар ин паст задани шаъну шараф, ҳуқуқу озодиҳои он модарон ва хоҳароне нест, ки ҳиҷоб ба сар мекунанд? Шумо бояд бидонед, ки танфурӯш ҳиҷобдору беҳиҷоб намешавад. Ба ростӣ ҳеч бовар кардан намехоҳам, ки ҳарфҳои зикршударо раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфта бошад. Ин суханон тавҳини аксари занони миллат аст. Ин суханҳо аз нақзи ҳуқуқи конститутсионӣ то таҳрифи фарҳанги миллӣ ва тавҳин ба як рукни муҳими дин аст. Сониян, аз роҳбари Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Озода Эмомалӣ ва ҳамсари раисиҷумҳур хонуми муҳтарам Азизамоҳ, аз бонувони вакиле, ки дар парлумон мешинанд, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онҳо дар чунин таҳқирҳо нисбати занону модарони тоҷик бетараф набошанд. Зеро худи онҳо борҳо ҳиҷоб ба сар кардаанд (дар маросимҳои азодорӣ, ҳангоми адои ҳаҷ, ҳангоми арусӣ ва замони пиронсолӣ). Хосатан ҳамсари муҳтарамаи раисҷумҳур, бону Азизамоҳ ҳар ҷое, ки бо шавҳарашон сафар мекунанд ва онро дар телевизион намоиш медиҳанд, ҳиҷоби комилро риоя мекунанд. Шояд дахолати эшон ба ин масъала хонум Идигул Қосимоваро ба худ меорад ва водор мекунад, то хатояшро ислоҳ намояд ва аз тамоми занону модарон ва хоҳарони тоҷик узр пурсад!

Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
Амин
Али фархор
Далер Шарифов рахмат бар гузаштагонат. Бандаи худо

Ориёбарзин
Далер ҳудудҳои муянкунандаи аллох бигуи ба хакикат наздиктар мешави чун он вожаи болои ки истифода кардаи кабл аз ислом буд ва у ин меъёрхоро таъин накардааст

МошоАллох бародар хеле чавоби пурмухтаво

Солим
раиса рост мегӯяд. гапа ис ӯ усу тоб дода ӯро душман накун Далер, худат баринҳо аз любой гап аз одам душман метарошанд... акидаи ту ҳамин аст, ки ҳукумат хато кор мекунад тамом вассалом. лекин худат хато ҳасти....

Далер бародари азиз Худованд чазои хайр дихад ва охирататро обод кунад!

Точик
Сафсатаи холи навиштаи Далер! Чойи ту минбари масчид дар Афгонистони" исломи")))

Хичоби араби хеч гох хоси мо набуд! Раиса рост мегуяд! Пушидани хичоб маънои боиффат буданро надорад! Холо хичоб ба як муд табдил ефтаасту халос. Хар Макка хам равад боз хамон хар аст!

Точик
Ин муллочахо дар суханрониву сехри сухан устухон надоранд! Танхо инсони бодиккат аз макри онхо огох мешавад!

хонанда
ростӣ намедонам, чӣ як дуои хайре дар ҳаққи падару модаратон кунам бародар Далер

Адолат
Офарин Далерчон бехтарин чавоб ва хакикати холро байон карди.

Савол
Офарин Далерчон оиди ба бар кардани ҳиҷоб бисёр дуруст навиштаед, Худованд нигаҳбонатон бошад!.
Дар ҳақиқат вақто ки зан - модар аз тарафи шахсе, ки худ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аст ва чунин сухани таҳқиромезро мегуяд, ки гуё даллагӣ ва сабукпоии занони ҳиҷобпӯшро бо чашмони худ дидааст пас чӣ гуна метавонад дар ин Кумита ба ҳайси раиса фаъолият намояд, дар ҳоле ки дидаасту ҳеҷ чорае наандешида аст!?? Амин,

ислоҳ
ба муҳтарам Солим ва Тоҷик,
шахси солим ғараз надорад,ва илло солим нест.
Тоҷики тоҷдор дар гузашта домуллову мулло буд...

хонанда
ростӣ намедонам, чӣ як дуои хайре дар ҳаққи падару модаратон кунам бародар Далер, ки чунин як фарзанди баномусро барои ҷомеа таваллуд карданд, ҳазор раҳмату ҳазор таҳсин бар падару модарат эй шермард, субҳоналлоҳ, чӣ дифои мунсифонае аз хоҳарону модаронамон кардаӣ. Худованд баракатат диҳад, қаламат боз ҳам бурротару тезтар гардад...

Шамсулло
Бо Точик ва Солим мувофикам. Очередная тафтология. Ну как всегда. Факат шумою шумобаринхо доноянд

Субхоналлох, баракат ёби бародар тахлили пуркувват кардаи, Худованд гузаштагонатро рахмат ва сафи Шумо барин шахсиятро дар чомеа зиёд гардонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)