Бахшҳо
01 фев 2017 11:48Тоҷикистон / Тема дня

Зуҳуров ба муовини вазир: Шиорпартоӣ бас аст, кор кунед!

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз мизони пасти ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нигаронӣ кард.

Раиси палатаи поёнии парлумон имрӯз, 1 феврал аз муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пурсид, ки ҳоло ҳиссаи саноат дар ММД чанд дарсадро ташкил медиҳад? Акрам Рӯзизода дар посух гуфт, ки он 15 фисад мебошад. Ҷаноби Зуҳуров таъкид намуд, ин хеле кам аст ва афзуд, тибқи нақша он то соли 2020 бояд ба 35 дарсад баробар карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин ба суханҳои Рӯзизода дар бораи пешрафтҳо дар бахши саноат эрод гирифт. Вақте муовини вазир дар бораи таъсиси корхонаҳои бузург дар кишвар суҳбат намуд, Шукурҷон Зуҳуров гуфт, мардум медонанд, ки ин иншоотҳо бо маблағи сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудаанд. Ӯ дар идома афзуд: “Шиорпартоӣ бас аст. Вазифаҳо мушаххас ҳастанд, Пешвои Миллат дар паёмашон гуфта буданд. Акнун кор кунед”.

Акрам Рӯзизода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи палатаи поёнии парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат”-ро муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи вай, дар доираи ин тарҳ таъсиси Фонди рушди саноат ва системаи ягонаи иттилоотӣ дар назар аст.
Мӯҳр
Саноат дар тамоми давлатхо пояи иктисодиёт аст. Вакте саноат ноль бошад иктисод бешак ноль аст. Мисли иктисодиёти мо.
Хукумат барои мустахкамии иктисодиёт бояд тамоми кувваро ба саноат равона кунад. Факат истехсолот метавонад,ки кишваро ба пой хезонад.
Мо мтаасифона чизе истехсон намекунем. Хаст хеле Хеле паст аст сохаи саноат дар мо.

benom
и вазорати саноат ва технологияхои нава кораш факат дар когаз хисобот доданай тамом

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)