Бахшҳо
01 фев 2017 13:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Афзоиши фоизҳои Бонки миллӣ ва пешниҳоди қарзҳои якрӯза

Бонки миллии Тоҷикистон фоизи қарзҳояшро барои бонкҳои кишвар 12,5 фоиз муқаррар карда, барои бори нахуст ба ташкилоти молиявӣ қарзҳои якрӯзаро пешниҳод намудааст.

Тавре дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон имрӯз, 1-уми феврал иттилоъ дод, меъёри бозтамвил дар кишвар 1,5 фоиз боло рафта, ба 12,5 фоиз баробар шудааст, ки нисбати нишондоди моҳи феврали соли гузашта 4,5 дарсад бештар мебошад.

Бонки Миллӣ шарҳ додааст, ки сатҳи таваррумро дар соли равон дар доираи 7 фоизи солона пешбинӣ кардааст ва меъёри бозтамвил бо назардошти хатарҳои берунӣ боло бурда шудааст: “Бахусус идомаёбии номуайянии вазъи иқтисодию молиявӣ ва геосиёсӣ, инчунин устувор гардидани қурби доллари ИМА дар миқёси ҷаҳон, эҳтимоли пайдо гардидани фишорҳои беруниро ба сатҳи нархҳои воридшаванда бо дарназардошти зиёд будани ҳиссаи молҳои воридотӣ дар сабади истеъмолӣ, ба вуҷуд оварад”.

Инчунин Бонки Миллӣ аз роҳандозии қарзҳои якрӯза хабар дод, ки барои ҳисоббаробаркуниҳо ба бонкҳои ниёзманди кишвар ироа мегарданд: “Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон қарорро доир ба ҷорӣ намудани фишанги нави сиёсати монетарӣ, амалиёти кӯтоҳмуддати бозтамвил – қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва муқаррар намудани меъёри фоизии фишанги мазкур дар сатҳи ҷамъ +4,0 банди фоизӣ ба тасвиб расонид”.

Бонки Миллӣ ҳадафи қарзҳои “овернайт”-ро таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳо арзёбӣ кардааст: “Ҳамчун воситаи қарзии доимамалкунанда пешниҳоди қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт) ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад, ки норасоии пардохтпазирии дар давоми рӯз ҳангоми ҳисоббаробаркунии пардохтҳо ба вуқуъояндаро дарёфт ва рӯйпӯш намоянд ва ҳамзамон меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ ба танзим дароварда шаванд”.
Мӯҳр
Ачиб, Пешвои миллат дар Паёми имсола гуфтанд, ки зик нашавед, пулхоятонро мегиред. Хуб, рахмат. Аммо Агроинвестбонк пулхои моро, ки доллар дода будем, бо сомони бо фоизи паст, яъне, нисбати он ки дар фуруршгоххои давлати-бонки долларро мефуруршанд, боз мегардорад, барои чи, нафахмидам. Ин ба замми он аст, ки мо шаш мешавад, пулхоямонро истифода бурдаанд, ба чои за моральный ущерб фоиз доданашон. Ба гайр аз ин пулро кисм-кисм карда медиханд, ки бебаракат мешавад. Кормандони занхои гулбанозашон бошад, он кадар дагал бо одамон гап мезананд, ки аз пулат безор мешави, ба Худо.

ана инро сиёсати бонки меган. инро тарзи дастгири меган. дар бонк ки пул намонд ба фоиза баланд мекунану меган мархамат. ин аз паёми раиси чумхури хело тачриба кардан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)