Бахшҳо

Ду маст дар Маскав гуши як ҷавони тоҷикро буридаанд

Гуши як ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекардааст, буридаанд.

Торнамои “МК” менависад, ин воқеа шаби 31 январ дар кӯчаи Моховойи Маскав ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, вақте шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон аз мошин берун шуда ба назорати чархҳои он машғул будааст, ду ҷавони сархуш бо ишора ба тоҷик буданаш ба таҳқири ӯ шурӯъ кардаанд. Ҷавон аз онҳо хостааст, барои ин суханҳо узр пурсанд: “Баъди ин яке аз ҷавонҳо ӯро дошта, дигарӣ бо корд гушашро буридааст”.

Торнамо менависад, ҷавонон аз ҷойи ҳодиса фирор карда, ҷавони тоҷик бо кумаки як роҳгузар, ки Ёрии таъҷилиро даъват кардааст, ба беморхона бурда шудааст: “Ҳоло вазъи ӯ хуб аст. Аммо гуши буридаро пайдо накардаанд. Шояд нобакорон онро бо худ бурда ё партофтаанд”.

Аз рӯи ин далел мақомоти тафтишотӣ ба санҷиш оғоз кардаанд. Ҳанӯз касе дар ин робита боздошт нашудааст.
Мӯҳр
az on ki chunin haivonho hamvatanam hastan bisyor khijolat mekashamu bisyor norohat hastam.

555
Бечора точик дар хама чо уро мекубанд

555,
Барои чи хиҷолат мекаши ?! барои он, ки гуши хамватанатро буридан барои хамин?? Дуруст фикр кун бад навис! АЗ ЧУНИН ХАМВАТАНОНИ БЕСАВОД ДАР ХИЧОЛАТЕМ МО!

Ба бехзод: шояд бесавод бошам аммо бале аз доштани чунин хамватан хичолат мекашам ки ба хамватани худ рахм намекунад. Хамватан ки хич ин басавод хам дахл надорад балки у инсон аст. хатман лозим нест ки у ё ман савод дошта бошем мухим мо ахлок ва дили инсони дошта бошем вале мутаасифона хич кадомро надорем. ХОЛО ШУМО АЗ ХУДАТОН ПУРСЕД КАДОМАШРО ДОРЕД? БОВАРИ ДОРАМ ХИЧ КАДОМРО!

точикбача. ..
ба khatloni...Оё ватани ту Точикистон аст ё ин ки Россия? Ту аввал Ватанро интихоб намо ва пас худро " khatloni" муаррифй намо.

Рустам
Гуши камбагалро баргардонед!!!

диловар
хатлони ба фикри ман нафахмидааст ки гуши он чавонро точикон не балки чавонхои рус буридаанд


Ҳофиз
Ҳамин гӯшро агар меёфтанд, пайванд карда мешуда бошад?khatloni,

Ҳофиз,
Агар сари вахт ёфта ба духтур мурочиат куни имкон дорад.
Ду се сол Пеш дар В. Сугд як хонум сурнайи Шавхарша бурида буд бахотири хиёнат карданаш. Вале мутаасифона гуем ё хушбахтона духтуро натавонистанд духта дар чояш.
Ба хархол эхтиёт кунед.

dodo
Гирьяи кас меояд аз бесохибии точикон. Дар барномахои масхарабозони рус рузхои охир персонажи точик зиёд шудааст?!!

Зафаробод
Э мардуми точик айбаст охи! Наход ду масте , ки ба пой ба як азоб меистаданд гушбури кунанд. Агар хакикат чунин бошад хайф ба хаминхели чавонмарди точик ки аз худаш химоя карда натавонист. Боз ин хабарро дар сомона чори мекунен. Аз хамингуна рафтору кирдорои мардуми мо обу руи дигар надорем.

Гушдор
Онхо гурусна будагистанд, гуша бурда бирён када хурдиян, вахшихо...

Ба Зафаробод(и):
Рахмат ба фикру гуфтагиятон. Хакикатан тарсончакхои мо дар хорича зиёданд. Агар дар якчанд мавридхо ба миллагароён чавоби мардона диханд, шасташон пастар мешавд , мисли мардуми Кавкоз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)