Бахшҳо
02 фев 2017 13:14Тоҷикистон / Акс

АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 2-юми феврал дар Боғи Наврӯзгоҳ дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ ва дигар масъулини пойтахт барои барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурӯдгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт супориш додаст.

Дар пайи шиносоӣ бо лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар майдони Боғи Наврӯзгоҳ Эмомалӣ Раҳмон дастур додаст, ки барои боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ ва ба як ҷойи хушманзара табдил додани он дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонида шавад: “Ба роҳбарияти боғи Наврӯзгоҳ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидан, барои ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ супоришҳои мушаххас доданд”.

Боғи Наврӯзгоҳ соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар майдони 15 гектари боғ дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.


АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз

АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз

АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз

АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз

АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз

АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз


АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз

АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз
Мӯҳр
"сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис" - ҳо, ҳамин дарахтони бехованд номи тоҷикӣ надоранд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)