Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:40

Умед Ҷайҳонӣ: Ниҳодҳоямонро бояд аз истилоҳоти “уштурговпалангона” пок кунем

3 феврал 2017, 08:26

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 30 январ гуфт, онҳо барои тоҷикитар кардани номи вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигар як гуруҳи корӣ таъсис додаанд. Ба таъкиди ӯ, ҳадаф доранд ин тарҳро зина ба зина татбиқ кунанд. Баъди нашри ин гуфтаҳои хонум Шарофзода забоншинос ва ҷойномпажуҳи варзидаи тоҷик -- Умед Ҷайҳонӣ изҳор дошт, омодааст, дар ин кори ба гуфтаи вай хайр ёрӣ бидиҳад. Дар зимн, Иршод Сулаймонӣ бо Ҷайҳонӣ суҳбате анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсид, вуҷуди ҳамин хараҷу мараҷ дар номгузории ниҳодҳо ба куҷо бармегардад ва ин бебандуборӣ аз куҷо маншаъ мегирад?


Умед Ҷайҳонӣ: Ин ҳарфу марҷ дар номгузории ниҳодҳои давлатӣ аз Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ки ахиран онро ҳам русиёна Конститутсия хондаанд) ва дигар қонунҳои ҷории кишвар маншаъ мегирад. Забони қонунгузории Тоҷикистон бисёр русизада аст ва бархе аз қонунҳои Тоҷикистон ё куллан рӯбардор аз қонунҳои Русия ҳастанд ва ё аслан аввал ба русӣ омода шудаву сипас ба тоҷикӣ баргардон шудаанд, ки аз ҷумлабандияшон ошкор аст. Ин қонунҳо низ бояд ислоҳ шаванд. Вале гумон дорам ки номи вазорату ниҳодҳоро мешавад пештар ҳам ислоҳ кард ва мунтазир набуд, ки кай қонунҳоро ислоҳ кунанд.

Озодагон: Ҳоло фикр мекунед кадом ниҳодҳову вазоратхонаҳо ба чунин номгардонӣ ниёз доранд ва чаро бояд ҳатман номгардон шаванд?

Умед Ҷайҳонӣ:
Аз болотарин ниҳоди кишвардории Тоҷикистон, яъне Президент бигиред ва то поинтарин ки раиси ҷамоати деҳот аст, номҳо аз русӣ баргардон ва ё гардабардорӣ шудаанд. Чунончи, Президентро бояд Раиси Ҷумҳурӣ ва кӯтоҳтар Раисҷумҳур гуфт. Аммо онро метавон Кишвардор ҳам гуфт. Бори маъноии истилоҳоти “кишвардор” (“сарвари кишвар”) ва “кишвардорӣ” (“дониш, фанн ё шеваи идораи кишвар”) имкон медиҳад, ки онро барои номидани мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба кор барем ва ба ҷои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯтоҳу зебову расо Кишвардори Тоҷикистон гӯем. Корбурди истилоҳи “кишвардор” ба маънии “болотарин мақоми иҷроии ҳар кишвар” роҳро барои пазириши “устондор” ба ҷои “раиси вилоят”, “фармондор” ба ҷои “раиси ноҳия”, “шаҳрдор” ба ҷои “раиси шаҳр” ва “деҳдор” ба ҷои “раиси ҷамоати деҳот” ҳамвор мекунад ва радаи хӯшавожаҳои идориро падид меоварад.

Яке дигар аз истилоҳоте ки ҳатман бояд ислоҳ шавад, “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” аст. Бо таваҷҷуҳ ба ҷойгузинҳое, ки барои раёсати ин воҳидҳо пешниҳод кардем, “мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят” бояд кӯтоҳакак “устондорӣ” номида шавад. Ногуфта намонад ки вожаи “устон” бозмонда аз “*abi+stāna-“ дар порсии бостон аст, ки аз пешванди “abi-“ ва “*stāna-“ аз решаи “stā-“ ба маънии “истодан” сохта шуда ва маънияш “ҷой, макон, сарзамин” аст, ки дар номи Тоҷикистон ошкор аст. Ин вожа дар порсии миёна “awestān” ва дар порсии дарӣ “ustān” гашта аст. “Устон” бо вожаҳои олмонии “Staat”, англисии “State”, Испании “Estado”, фаронсавии “État” ҳамреша ва бо “Province” дар англисӣ, “Provinz” дар олмонӣ ва “Province” дар фаронсавӣ ҳаммаънӣ аст. Ҳамин пешинаву корбурдро бояд дар назар гирифт ва вилоятҳоро “устон” номид.

Ҳамчунин, “мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия”-ро метавон “фармондорӣ” ва “ноҳия”-ро низ “шаҳристон” номид. Ҳамин, ки ноҳияе дар Тоҷикистон Шаҳристон ном дорад, гувоҳ бар ин аст, ки ин вожа бегона нест, чунон ки шояд бархе гумон баранду онро “эронича” пиндоранд. Ба ҷои “ҷамоати деҳот” ҳам бояд истилоҳи тоҷикии “деҳистон” ба кор гирифта шавад. Истилоҳи уштурговпалангонаи “мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр” бо як вожа ҷойгузин мешавад ки он “шаҳрдорӣ” аст. Ин истилоҳот ҳама дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” оварда шудаанд, ки худ гувоҳ бар корбурдашон дар қадим аст, гарчи маънияшон дигаргунтар будааст.

Аз дигар истилоҳоте, ки бечуну чаро бояд ислоҳ шаванд, “суд” ва “прокуратура” ҳастанд, ки аз русӣ гирифта шудаанд. Суд бояд “додгоҳ” ва прокуратура бояд “додситонӣ” номида шаванд. “Суд” дар забони мо даромадеро гӯянд, ки аз хариду фурӯш ё сармоягузорӣ ба даст ояд. Натиҷаи хубу дилхоҳеро, ки аз коре ба даст ояд ва асари дилхоҳ ё хушоянди чизеро ва баҳраро низ суд гӯянд. Аз ин вожа истилоҳоти судовар, судбахш, судҷӯ, судгароӣ, судманд ва судмандӣ сохта шудаанд. Яъне дар забони мо “суд” ҳаргиз маънии додгоҳро надошта ва наметавонад дошта бошад. Судя ва прокурор низ бояд бо додвар ё додрас ва додситон ҷойгузин шаванд.

Яке аз ниҳодҳои тозабунёди кишварамон Палатаи ҳисоб аст. Ногуфта пайдост ки “Палатаи ҳисоб” рӯбардор аз “Счётная палата” дар забони русӣ аст. Агар номгузорони ин “палата” каме худро заҳмат медоданд ва нимнигоҳе ба кишварҳои ҳамзабон мекарданд, медиданд ки чунин ниҳоде ҳамакнун дар Эрон “Девони муҳосиботи кишвар” ном дорад ва метавонистанд ҳамин номро бар ин ниҳод бигзоранд, ки бисёр муносиб аст. Агар ҳам нигоҳашон он дуриҳоро намебинад ва ё маънии истилоҳи “муҳосиба”-ро дар намеёбанд, шояд саре ба “Луғатномаи Деҳхудо” мезаданд, то медиданд ки он фарҳангнома муъодили форсии “муҳосибот”-ро “ҳамор” ва “ҳамора” овардааст, ки “андозаву шумору ҳисоб”-ро мегуфтанд. Агар каме худро бештар заҳмат медоданд ва нигоҳе ба “Фарҳанги решашинохтии забонҳои эронӣ” мекарданд, медиданд ки ин “ҳамор(а)” бо “омор” ва “шумор” аз як реша аст: “(h)mar-“ (“ба ёд доштан; ба ёд овардан”) ки дар эронии бостон “*ā-(h)mārta-“ шуда ва аз ин вожа дар порсии миёна “āmārkār” (“оморгар”) ва “hamārkār” (“ҳаморкор”) дорем ки “ҳисобрас” аст. Азбаски “омор” ва “оморгар” акнун бар кор мераванд, метавонистанд аз “ҳамор” ва “ҳаморгар” низ баҳра баранд ва номе рӯдакиёна ва фирдавсивор бар ин ниҳод бигзоранд ва онро “Девони ҳамора” биноманд. Аммо номгузорон ки ин ҳама доштаҳову тавонмандиҳои забони миллиамонро намедонанд, он ниҳодро русиёна “палата” номиданд.

Бисёре аз вазоратҳоро ҳам бояд номгардон кард. Чунончи, вазорати адлияро бояд вазорати додгустарӣ номид. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳам бояд Вазорати кор номида шавад, зеро “меҳнат” дар забони мо ба маънии кор нест, балки “мусибат, бало, бадбахтӣ, идбор” ва “ранҷ, азобу уқубат, машаққат, заҳмат” аст. Аз ин намунаҳо бисёр аст ва ҳар номи вазоратеро бояд ҷудогона баррасӣ кард, то номе муносиб барояш ниҳода шавад.

Ҳамчунин бад нест, ки дар пайравӣ аз Сомониён вазоратҳо “девон” номида шаванд. Дар ин бора метавон муфассал ҳам гуфт, вале бояд донист, ки ин истилоҳ яке аз қадимитарин истилоҳоти кишвардории мост. Он камобеш 2500 сол–аз оғози подшоҳии Ҳахоманишиён то поёни аморати Манғитиён – яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли 1920 милодӣ ва сипас дар солҳои 1991 – 1994, корбурд доштааст. Бино бар гуфтаи “Торихи Бухоро”, “Амири Саъид Наср ибни Аҳмад ибни Исмоъили Сомонӣ ба Регистон сарое фармуд ва сарое сохтанд бағоят неку ва моли бисёр дар вай харҷ кард ва бар дари сарои хеш сарои уммол (коргузорон) фармуд бино карданд, чунон ки ҳар омилеро алоҳида девоне будӣ андар сарои хеш бар дари сарои султон, чун девони вазир ва девони муставфӣ ва девони соҳиби шурта ва девони соҳиби барид ва девони мушриф ва девони мамлакати хоса ва девони муҳтасиб ва девони авқоф ва девони қазо, бад-ин тартиб девонҳо фармуд бино ниҳоданд”. Дар пайравӣ аз ҳамин девонҳо метавон номҳое кӯтоҳу расо барои ҳама вазоратҳо гузошт. Аз дигар истилоҳоте ки ҳатман бояд ислоҳ шаванд, дараҷаҳои низомӣ ҳастанд, ки куллан аз русӣ вом гирифта шудаанд.

Озодагон: Кумитаи забон мегӯяд, онҳо Шӯрои машваратӣ ва Шӯрои коршиносон доранд, ки ин гуна масоилро меомӯзанд ва барои ниҳодҳо хулоса ва ё тавсия пешниҳод мекунанд. Вале аз таъсиси Кумита 7 сол мегузарад, аммо то кунун чунин истилоҳоту номҳо ба таъбири Шумо “рузбакӣ” натанҳо вуҷуд доранд, балки бамаротиб бештар мешаванд. Инҷо чӣ мушкил вуҷуд дошта метавонад; фаъолияти Кумита муассир нест ва ё?

Умед Ҷайҳонӣ:
Чунон ки аз Низомномаи Кумитаи забону истилоҳот бармеояд, Кумита “мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд”. Яъне салоҳияту ихтиёроти кофиро дорад, ки битавонад аз номгузориҳои рузбакона пешгирӣ кунад. Вале фаъолияти Кумита муассир нест ва далелаш шояд ин бошад, ки дар ислоҳи номгузории ниҳодҳои давлатӣ дигар мулоҳизотро ба назар мегирад. Коршиносони Кумита дар тағйири номҳои ҷуғрофиёӣ низ камтарин асарро надоранд, вагарна нақшаи ҷуғрофиёии кишвар аз номҳои бемаъниву ғалат намешуд. Ин маврид ҳатман бояд бознигарӣ шавад.

Озодагон: Шояд як иллати дигар дар ин бошад, ки то кунун шахсон ва ниҳодҳои масъул соҳибназарон ва мутахассисинеро надоштанд, ки ин гуна мушкилотро дуруст ташхис бидиҳанд ва дар пайи ислоҳи он бошад?

Умед Ҷайҳонӣ:
Чунон ки аз сохтори Кумита дида мешавад, кормандони ин ниҳод худ коршиносони риштаҳои марбута ҳастанд ва соҳибназаранд. Ҳамчунин Кумита дар заминаи номгузорӣ ва номгардонӣ бояд бо Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ва Пажуҳишгоҳи торих ва забоншиносону ҷойномпажуҳони тоҷик ва хориҷӣ ҳамкорӣ кунад. Мо дар ин замина дастовард фаровон дорем, вале камбахтона аз онҳо ҳеч баҳрабардорӣ намешавад.

Озодагон: Оё мувофиқед, ки ба Кумитаи забон бар асоси қонун ҳуқуқи истисноии таъйид ва таъйини истилоҳот дода шавад. Яъне ба ин хотир, ки то ин Кумита истилоҳеро напазирад истифодаи он муҷоз нагардад?

Умед Ҷайҳонӣ:
Кумита ҳамакнун ҳам чунин салоҳиятеро дорад, вале беҳтар аст пояашро болотар кунанд, яъне кумита табдил ба созмон ё ниҳоде тасмимгиранда ва иҷроӣ шавад, то муқаррароташ лозимулиҷро бошанд. Вале бо таваҷҷуҳ ба авзову аҳволе, ки забони мо дар кишварамон дорад, бояд ниҳоде чун Фарҳангистони забон дошта бошем то шояд мушкилотамон кам-кам ҳал шаванд.

Озодагон: Агар аз шахси Шумо даъват шавад, ки дар ин кори хайр ба Кумита ёрӣ бирасонед, омодаед?

Умед Ҷайҳонӣ:
Бале, омода ҳастам бо Кумита ҳамкорӣ кунам. Акнун, ки роёнаву интернет фосилаҳоро кӯтоҳ кардаанд, ҳамкорӣ аз роҳи дур ҳам муассир хоҳад буд.

Озодагон: Метавонед шумораи телефун ва ё роёномаатон(почтаи электронӣ)-ро дар ихтиёрашон бигузоред?

Умед Ҷайҳонӣ:
Бале, метавонам. Ростӣ, чанд сол пеш номае ҳам ба нишонии Кумита фиристода ва пешниҳоди ҳамкорӣ карда будам, вале камбахтона посухе аз он дарёфт накардам. Ҳаройина омодаам дар ин замина ҳар ончиро, ки медонам ва аз дастам бар меояд, дар ихтиёри Кумита бигзорам.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Карим

  • 3 феврал 2017 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мулохизаву пешниходоти соддалавхона, гайриилми ва сарсари.
Посух додан
  • Точик

  • 3 феврал 2017 11:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин маак худуш бо кияй, ки соф калимахои эронию афгонира ворид кадан мехоха? Як тарчумаи холша бтен кучора хондаст, сатхи донишаш чихелай, баъд мора насихат куна, угам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Конститутсия, Президент, Суд, прокуратура, Палата ва дигар истилохоте, ки ин акаи Умед русишон ном мебарад, ягонтоаш руси нест. Акаи Умед кам-кам точикиро медонистаи, аммо аз дигар забонхо тамоман хабар надори!!! Ягон тои инхо руси нестанд. Гузашта аз ин Чумхури, расичумхур, Конун инхо хам точики нестанд. Инхо калимахои араби хастанд. Аз арабии семити дида хамон калимахои аврупои ба мо наздик аст. Чунки забони точики забонест, ки ба оилаи хиндуаврупои дохил аст. Аз хамон арабида аврупои хуб аст. Масъалаи кишвару кишвардор, додситону додгустар, додвару додрас бошанд, дар хакикат точики хастанд.
Посух додан
  • лоик

  • 3 феврал 2017 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И марака раиси Кумитаи забону...... тезтар мондан лозим. Кандша занад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик,
Ту ба хами бесаводит бо мехохи сатхи дониши дигаронро фахми ? Ту аввал навистанро ёд гир худат. Аз кадом кишло омади худат ого
Посух додан
  • Исматуллох

  • 3 феврал 2017 15:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардум, то кай шарххои аблахона мемонед, охир ин чавонмард сад дар сад рост мегуяд! Медонад ки як чиро менависад. То кай аз руси лангандбардорона рубардор мекунем, вакте 1100 сол пештар хамон иборахо дар забони модариамон будааст. То кай мо хиёнат ба забони модариамон мекунем????
Посух додан
  • Античахолат

  • 3 феврал 2017 15:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Биёед дафъ кунед хамин калимахои афгониро! Аз онхо буйи чахолату акибмондаги меояд! Ба пеш харакат кардан лозим на ба асри миена!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба мо устондор дар кор не раиси вилоят мода даркор. Ин калимахое ки шумо гуфтен хамааш дар эрон истифода мешавад. Дар мо нохия даркор мо безор аз калимаи шахристон. Ба оне хам ки гуфт калимахои аврупои барои мо аз калимахои араби наздиктаран гуфтаниям ки барои ту чунин аст. Хамин калимахои арабии вилоят, раис, нохия, чамоат барои мо бехтараст зеро дар асари гузашти замон дар хуну устухони мо чо шудаанд.
Посух додан
  • Тугиён

  • 3 феврал 2017 15:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин,ба сину соли чавонашон нигох накарда бисер илму идеяхои нагз доранд,чаро кумита чунин шахсиятхои арзандаро ба худ намегиранд?дар холн ки Умед хкд бо забонаш мегуяд таёрам,ки сахмгузор бошам.бародархо биёед дастгир бошем то он ки шахсиятхое,ки арзандаанд дар ин кумитахо кору фаолият карда дар асл сахми арзанда гузоранд!.на онхое,ки ба воситаи таго бозияшон сохиб мансаб мешаванду дар муддати солхо ягон кореро анчом намедиханд.
Посух додан
  • Ҳамшаҳрӣ

  • 3 феврал 2017 16:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бачаҳо ман мурғ накӯштаам, лекин бадбахт ҳамин "забоншиносе"-ро, ки калимамаи "чипта"- ро ёфта баровардааст, ёбам, аз худаш гила кунад. Ҳамон забоншиноси ноқисулақл намедонад, ки 8 миллион тоҷик ҳамминро билет мегуянд. Дар Эрон билет мегӯянд. Зану кӯдаки худаш ҳам боварӣ дорам, билет мегӯянд охири охиронаш ҳамин , ки аз ҳамин чипта дида билет калимаи зебою гӯшнавоз нест?!...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакте бо як Эрони бо забони ноби точики сухбат мекуни мегуяд: - Шумо бо забони Фирдувси ва Рудаки сухбат микунид... Забони форсие ки дар Эрон истифода мешавад пур аз калимахои араби ва инглиси шудааст. Аммо ин Чайхуни мехохад забони моро низ арабизада кунад. Забони точикиро аз чунин "донишмандон" бояд начот дод. Инхо ба чуз "хизмати хирсона" чизе карда намечавонанд.
Посух додан
  • Ҳаддоди Одил

  • 3 феврал 2017 17:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввлан, ки дар Эрон вилоятро остон мегуянд. Яъне остони Форс -марказаш шаҳри Шероз. Дар ҳамин робита "устондор"-нею "остондор" дуруст аст. Дигараш ин ки ҳамон форсие, ки мо тоҷикҳои "нав" ба лаҳҷаи тоҷикии тоза гӯем маҳмадоно моро меомузонанд, форсии асил нест. Форсии асил эҷоди Ҳофизу Саъдию Мавлоно ва Хайём ҳаст, ки барои ҳар тоҷик мисли забони имрӯзааш мебошад. Ин фикри ман нест. Ин ақидаи олимони асили имрӯзаи худи Эрон аст, ки банда бо онҳо борҳо ин сӯҳбатҳоро доштам...
Посух додан
  • Амириён

  • 4 феврал 2017 11:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахудо ба ин тарзе ки забон месозед баъди чанд сол ба ояндагон як забони махлутро боки хохед гузошт.. Тамоми номгузори галат аст. Аз номгузории шахру нохия то дехахо. Ба номи шоирону адибон мондани номи шахру нохияхо хандаовар аст. Мо ку ин кадар истиллоххои зебои барои номгузори дорем. Комисиёни истилохии мо мутаасифона худашон тарафдори номхои руси хастанд Хамсояхои кучманчи аз мо бештар ин истилоххои зебои точикиро дар номгузории нави шахру рустои худ истифода кардаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамшахрии чун, инро равоншод акадимисиян Мухаммадчон Шакурии Бухорои аз Бухорои шариф ба армугон оварда буданд.
Ҳамшаҳрӣ,
Посух додан
  • Точик

  • 5 феврал 2017 00:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вазъи имрузаи номгузории нохияхо дар Точикистон:

- А бача, ай кучо мешай?
- Ма ай Чалолиддини Руми мешам.

Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!