Бахшҳо

Қатъи парванда алайҳи писари ноиби сарвазир: Айби мошин буд (ВИДЕО)

Додситонии кулли Тоҷикистон аз қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Фаромуз Саидови 23-сола, писари Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазири кишвар хабар дод.

Шариф Ҳабибуллоев, сардори раёсати назорати милитсияи Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, парванда алайҳи Фаромуз Саидов дар робита ба садамаи маргбораш қатъ шудааст. Ӯ шарҳ дод, ки дар пайи баррасии маводи парванда муайян шудааст, ки садама бо сабаби ҷой доштани мушкили техникӣ рух додааст.

Ҳабибуллоев афзуд, ки парванда аз ҷониби муфаттиш қатъ карда шуд ва чанд рӯз қабл барои омӯзиш ба додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ӯ гуфт, мо далелҳои қатъи парванда алайҳи Саидовро мавриди баррасии иловагӣ қарор медиҳем ва қонунӣ будани ин қарорро муайян мекунем.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ду ҳафта қабл овозаҳо дар мавриди афв шудани Фаромуз Саидови 23-соларо рад карда, гуфт: “Дар доираи парванда алайҳи ӯ чанд ташхис гузаронда шуд. Баъзе хулосаҳои зидду нақиз буд, ман супориш додам, тафтишотро ҳар чӣ зудтар анҷом диҳанд”.



Ӯ ҷузъиёти хулосаҳоро ироа накард ва афзуд, ки айни ҳол парванда барои омӯзиш ба додситонии генералии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Сонеҳаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидов шаби 10 сентябри соли гузашта дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузошт. Бино ба иттилои ВКД, “дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромуз Саидов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад”.

Дар робита ба ин ҳодиса бар пояи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парванда боз шуда буд.
Мӯҳр
Мухтарам озодагон. Шумо ба фикрам ба филолог ниёз доред, ё конуни чт дар бораи забони давлати ва имлоро намеписандед. Ин садама мохи сентябри сол гузашта шуда буд. Шумо чи навиштед?

вао
Бояд хатман президенти ширкати Тойота ба махкама кашида шавад бо ин мошинхои шаллакаш.

Ин парвандаро якбори дигар бояд бинан, чун дар вакти саламандра 2нафар халок шуда буд.
Конун барои хама конун АСТ. Дар чое хондам (Фаромуз Саидов мадхуш будааст дар вакти садама) бояд чазояшро бигирад аз руи конун.

маьюб
конун факат барои камбагалон аст

чум
Чаро ин меъёри қонун нисбати дигар шаҳрвандон то ба имрӯз боре ҳам истифода нашудааст????

Соҳибони 2 ҷавон чикор карда бошанд неужели харида бошандшон як умр дар назди виҷдон шон чикор мекарда бошанд

Хайрон
Вазифаи Додситони кулл, ВКД дигару дигарш кор намеомадай. Муовини САРВАЗИР ё САРВАЗИР шидан даркор,.

рустам
ман муддати 5 сол хукукхои худро дар суди Панчакент химоя мекунам вале афсус ки моддаи 22 аз тарафи ин макомот дагалона варон карда мешвад ва як мурофиаи дигар аз тарафи суди нохияи Синои шахри душанбе варон карда шуд ки манфиатдор бошад......агар одам медоштам сафед ва голиб мебаромадам холо ин ки ман мурчиат кардам вале афсус ба нафъи чавобгар хал шуд........ба ин ки чавоб медихад суд е ман

калакаду
айби симчубро фаромуш накунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)