Бахшҳо

Тахфифи ҳукумат ба соҳибкорони пешпардохткунандаи андоз

Ҳукумати Тоҷикистон ба тоҷироне, ки тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, барои пешпардохти андоз тахфиф ироа кардааст.

Тибқи тағйирот ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта тасдиқ гардиданд, минбаъд ба соҳибкороне, ки барои се моҳи оянда пули патенту шаҳодатномаро пардохт мекунанд, аз ҳаҷми умумии маблағ 10% кам карда мешавад.

Инчунин ҳукумати Тоҷикистон соҳибони бозор, марказҳои тиҷорӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётиро вазифадор кардааст, ки ҳар моҳ дар мавриди теъдоди нуқтаҳои савдо ва соҳибкороне, ки бо онҳо шартнома бастаанд, ба мақомоти маҳаллии андоз ҳисобот пешниҳод кунанд.

Пешниҳоди тахфиф барои пешпардохти андоз дар ҳолест, ки нозирон қаблан низ аз соҳибкорон пардохти андоз барои моҳҳои ояндаро талаб мекарданд.

Аммо ахиран Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфт, ин талаби нозирон асоси қонунӣ надорад ва соҳибкорон метавонанд ба Кумита шикоят баранд.
Мӯҳр
Сохибкор
Агар яксола пардохт куни чи кадр тахфиф мешавад .

Точир
хамон матни пурраи карори Хукуматро аз кучо ефтан мумкин?

Андозро супоридам ва ҳуҷҷат ҳам дорам. Қарздор нестам. Аммо Нозири андоз хост ба тарзи нақд ба дасташ супорам. Ҳоло маро қарздор баровардӣ аст.
"Тахфифи ҳукумат ба соҳибкорони пешпардохткунандаи андоз" ин афсонаҳои Халқи Тоҷик мебошад.

Точир,
Пешпардохт танхо барои семохи минбаъда пешбини шудааст на барои соли пурраи таквими ва ин имтиёз танхо барои С/И патентдор пешбини шудааст!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)