Бахшҳо

Пешниҳоди Президент барои ҷамъи пули Қатару захираҳои Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сармоядорони қатарӣ пешниҳод кардааст, ки захираҳои табиии Тоҷикистон бо имконоти молиявии Қатар ҷамъ гарданд ва ҳар ду кишвар аз ҳамкорӣ манфиат бардоранд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаст, ки дар кишвари мо барномаҳои зиёди судовари иқтисодӣ мавриди татбиқ қарор гирифтаанд ва ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосирро тақозо дорад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла бахшҳои истихроҷи сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти тару тоза ва нахи пахтаро таъкид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додааст, ки дар Кодекси андози Тоҷикистон барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд: “Қонунгузории ҷорӣ дар самти сармоягузорӣ такмил ёфта, дар баробари таҳкими муқаррарот оид ба кафолати ҳуқуқҳои сармоягузорон, муҳлатҳои имтиёзнок барои сармоягузорон аз 5 то 10 сол зиёд карда шудаанд”.

Ӯ илова намудааст, ки аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика сармоягузорон метавонанд фоидаи зиёди иқтисодӣ бардоранд: “Ин гуфтаҳо, аз ҷумла ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии миёна ва хурд низ, ки маблағгузории на он қадар зиёдро талаб менамоянд, дахл доранд”.

Феълан Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёнаш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба кадрҳо, вазирони рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, нақлиёт, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини якум ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар Қатар қарор дорад.
Мӯҳр
taj
Салом ба кормандони торнамои Озодагон.
Чи шуда ба шумо... аз ин бемаънитарин сарлавхаи ин макола
надида будам. Дигар калимахоро дуруст истифода барид.. амалия чи яъне .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)