Бахшҳо

(ВИДЕО) Раиси “Тоҷиксуғурта”: Пули 1000-сомонӣ супориш аз боло набуд

Аловиддин Сатторӣ, раиси “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, пешниҳоди зердасташ барои нашри пули 1000 сомонӣ бо акси раисиҷумҳур супоришӣ набуд.

Сатторӣ имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, пешниҳоди Шариф Каримов, раиси дафтари “Тоҷиксуғурта”-и Шаҳринав дар мавриди нашри пули 1000-сомонӣ ин мавқеи шаҳрвандии ӯст: “Баъзан гапҳо аст, ки гӯиё ин дастур аз боло аст. Шахсан аз ҷониби раиси “Тоҷиксуғурта” ин хел супориш нашудааст. Ин мавқеи шахсии ҳамон нафар аст”.

Раиси Тоҷиксуғурта таъкид намуд, ки пешниҳоди Каримовро дастгирӣ мекунад ва нашри пул бо акси раисиҷумҳур дар қиёс бо хидматҳое, ки Ҷаноби Олӣ кардааст, ҳеч аст.



Шариф Каримов сентябри 2016 зимни ироаи ин пешниҳод дар матбуот гуфт, маҳз бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистону тоҷиконро мешиносанд. Каримов навиштааст, бо талошҳои Президент ҷанг дар Тоҷикистон хотима дода шуд ва гурезаҳо ба ватан баргаштанд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ахиран дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, барои омӯзиши нашри пули 1000-сомонӣ бо акси Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуруҳи корӣ фаъолият дорад. Ӯ таъкид намуд, ки салоҳияти гирифтани тасмими ниҳоӣ дар бораи нашри пули 1000-сомониро ҳукумат дорад: “Гуруҳи корӣ меомӯзад ва ба ҳукумат пешниҳод мекунад”.

Раиси Бонки миллӣ таъкид намуд, ки агар раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нашри пули 1000-сомонӣ ҷонибдорӣ кунад, онро амалӣ хоҳанд кард. Нурмуҳаммадзода гуфт, пешниҳоди чопи пули 1000-сомонӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва шахсони алоҳида ироа шудааст.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ дар ҳоли ҳозир пуле, ки дар гардиш аст барои қонеъ намудани талабот кофӣ мебошад.

Аз соли 2000 сомонӣ пули миллии Тоҷикистон аст. 1 сомонӣ бо акси Мирзо Турсунзода, 3 сомонӣ бо акси Шириншо Шотемур, 5 сомонӣ бо акси Садриддин Айнӣ, 10 сомонӣ бо акси Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 20 сомонӣ бо акси Абуали ибни Сино, 50 сомонӣ бо акси Бобоҷон Ғафуров, 100 сомонӣ бо акси Исмоили Сомонӣ, 200 сомонӣ бо акси Нусратулло Махсум ва 500 сомонӣ бо акси Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба муомилот бароварда шудаанд.
Мӯҳр
пас агар шумо рад кунед аз боло ба шумо хам супориш намешад-ми?


Гурезахоро ба Ватан баргардонда ба таври "транзит"-и ба Руссия сафарбар кунонида шуд.

сугурта
Агар 1000-сомони чоп шавад, маъум мешевад ки сатхи таваррум(инфляция) баланд аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)