Бахшҳо

(ВИДЕО) Суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов то ҳол пардохт нашудааст

Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, то ҳол маблағи суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури пешин ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон пардохт нашудааст.

Сатторӣ имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, хаттӣ ба Маҷлиси Миллӣ дар масъалаи пардохти суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов дархост равон кардаанд, аммо посух нагирифтаанд: “Аз ҷониби наздикони Маҳкамов низ барои пардохти маблағи суғурта дархост ворид нашуд. Агар муроҷиат кунанд, маблағи суғурта пардохт хоҳад шуд”.

Сатторӣ ҳаҷми суғуртаро муодили 8 маоши марҳум арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи масъулин барои Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун раисиҷумҳури собиқ суғурта пардохт намешавад: “Суғуртаи ҳаёт дар замони фаъолияти президентӣ пардохт мешавад”.

Ба гуфтаи Сатторӣ раисиҷумҳур ва тамоми таҷҳизоте, ки дар хидматаш қарор доранд, бо суғурта фаро гирифта шудаанд.

Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, соли 1991 ба истеъфо рафт.


Мӯҳр
Ғиждалобод
- Худораҳматиро пеш аз мурданаш дар як "мусоҳиба" журналист пурсид: Қаҳҳор Махкамович дар Тоҷикистон коррупсия вуҷуд дорад?..
- Махкамов ҷавоб дод:
-Ҳамин масъалая омӯхтагим не.. Мардака боақлияша бинед
Ба миллат як хизмати хуб кард, мурд...

Ба намояндагони Гиждалобод мегуям Он чи ки аён аст хочат ба ьаён нест.

КВД «Тоиксуѓурта» вобаста ба пардохти маблаѓи суѓуртавии собиќ узви Мачлиси Миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мархум Ќаххор Махкамов чунин иттилоъ медихад:
Мутобиќи санадхои меъёрию хукуќии сохаи суѓурта дар холати рўй додани ходисаи суѓуртави ба узви Мачлиси Миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ки ба хаёт ва саломатиаш зарар расидааст ба таври хатти бо ариза ва дар холати фавт бошад аз чониби меросхур ё масъулини чойи кор дар мухлати муќаррарнамуда ба унвонии ташкилоти суѓуртави мурочиат менамояд.
Бояд изхор намуд, ки аз чониби Дастгохи Мачлиси Миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон санаи 16 феврали соли 2017 хуччатхои зарури ба КВД «Точиксуѓурта» пешниход гардида, пардохти маблаѓи суѓуртави аз чониби КВД «Точиксуѓурта» амали карда шуд.
Дар санаи 6 феврали соли 2017 дар иштироки намояндагони воситахои ахбори омма, ќайд намудани рохбарияти Корхона оид ба ирсол намудани мурочиати хатти ба Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон сахв мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)