Бахшҳо
06 фев 2017 17:05Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Чаро “Тоҷик Эйр” ба “Ориён иншуриенс” пул медиҳаду ба “Тоҷиксуғурта” не?

Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, мусофирони “Тоҷик-Эйр” бояд донанд, ки суғурта нашудаанд.

Сатторӣ имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Тоҷик Эйр” бо чор ширкати хориҷӣ ҳамкорӣ мекунаду бо ҳар баҳона бо ширкати давлатии Тоҷикистон кор намекунад: “Ин амалашонро бояд ба раҳбарияти давлату мардум фаҳмонанд”.

Ӯ зикр кард, ки ҳукумат қарзҳои “Тоҷик Эйр”-ро дар назди “Тоҷиксуғурта” бахшид: “Мо низ барои беҳтар шудани вазъи ширкат кӯмак кардем. Аммо баъди ин низ ягон сомонӣ ба ширкати мо надодаанд. Фақат баҳона мекунанд, ки полиси суғуртавии “Тоҷиксуғурта” қурби байналмилалӣ надорад. Инро бояд зикр кард, ки дар ҷаҳон ҳамагӣ 10-12 ширкати суғуртавӣ ҳаст, ки қурби байналмилалӣ дораду халос”.

Ба иттилои манбаъ, мусофироне, ки тариқи ин ширкат сафар мекунанд, донанд, ки суғурта нашудаанд ва ширкат фақат ҳавопаймою таҷҳизоташро суғурта кардааст: “Мо умед доштем, ки раҳбарияти нави “Тоҷик-Эйр” уҳдадорияшро дар назди ҳукумату давлат иҷро мекунад, аммо накарда истодааст”.

Қаблан раҳбарияти “ТоҷикЭйр” иддаои “Тоҷиксуғурта”-ро дар бораи напардохтани маблағи суғурта шарҳ дода гуфт, ин ниҳодро зарур аст ҳуҷҷати ҷавобгӯи сатҳи байналмилалӣ пешниҳод кунад. Масъулини “Тоҷик Эйр” гуфта буданд, ки полиси “Тоҷиксуғурта” дар сатҳи байналхалқӣ ҷавобгӯ нест ва маҷбур мешаванд ба дигар ширкатҳои суғуртавӣ муроҷиат намоянд.

Ба иттилои Хайрулло Раҳимов, роҳбари “Тоҷик-Эйр” ширкат соли қаблӣ ба ташкилоти суғуртавии “Ориён иншуриенс” суғурта шуда ҳама маблағро пардохт кардаанд “Ҳуҷҷати суғуртавии “Ориён иншуриенс” ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошад. Мо се намуд суғурта кардем мусофирон, ҳавопаймо ва инчунин тарафи сеюм, аҳолии атрофи фурудгоҳро низ суғурта кардем”.
Мӯҳр
Нои
Тоҷиксуғурта аввал бояд номашро иваз кунад.
Баъдан дар шароити бозор аор гарданро ёд гиранд. То ба кай аз пушти ҳукумат ва мардум худро баррачаи бегуноҳ нишон медиҳад?
Бозори бима бозори калони молиявӣ аст ва рн ҷо қонунҳои бозору пул кор мекунанд.

Боз як рохи фиреб кардани мардум ва ситонидани маблаг аз ахоли аст. Точиксугурта пули бе дарди миенро аз ахоли мегираду, боз огох мекунад, ки дар холати рух додани ягон холат ба умеди пули мо нашавед!!!! Кани мантик?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)