Бахшҳо

“Кёрлинг”-ро чӣ бигӯем: “Керлинг”, “курлинг” ё “сангсуронӣ”?

Кёрлинг яке аз бозиҳои Олимпики зимистонӣ аст ки дар он ду гуруҳи чаҳорнафара сангҳои бузургу гирду сайқалии вижаеро бар рӯи масире яхӣ ба сӯи хонаҳое дар поёни замини бозӣ сур медиҳанд ё месуронанд.

Чанде пеш дар яке аз расонаҳои тоҷикӣ дидам ки номи ин варзишро “керлинг” навиштаанд. Дар Эрон ин бозиро “курлинг” меноманд, вале Фарҳангистони забону адаби форсӣ “яхсанг”-ро баробараш ниҳодааст. Он дар пайравӣ аз номи бозиҳои маҳаллии Эрон сохта шуда, ки бо канори ҳам гузоштани афзорҳои он бозӣ сохта мешаванд, монанди шакарпанир, шоҳвазир ва шоҳдуздвазир, шамъгулпарвона, говгӯсола ва болобаландӣ. Ин равиш дар дигар забонҳо низ роиҷ аст. Барои намуна, бозие ки дар Эрон “санг-коғаз-қайчӣ” номида мешавад, дар инглисӣ “Rock-paper-scissor” ва дар русӣ “Камень, ножницы, бумага” ном дорад. Вале ин равиши номгузорӣ дар миёни тоҷикон камтар роиҷ аст. Аз ин рӯ, “яхсанг” барои мо гунг аст. Аз дигар сӯ, дар илми конишиносӣ яхсанг криолитро ҳам меноманд ки яке аз кониҳои камёб аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин мавридҳо ва таърифе ки аз “кёрлинг” болотар овардем, ин бозиву варзишро метавон “сангсуронӣ” номид. Сангсуронӣ аз ду вожа сохта шудааст: санг + суронӣ аз сурондан, яъне чизеро рӯи замин ё сатҳе дигар лағжондану ба сӯи пеш бурдан.

Умед Ҷайҳонӣ
Мӯҳр
Саид
Надошта бошем сохтан даркор. Сангсуронй нашавад, сангчарронй гуед.

Хабиб
Чаро не? Чанде кабл дар чое хондам, ки "писсуар"-ро "ростмезак" тарчума кардаанд, керлинг чаро сангсуррони ё ин ки санггуррони набошад*)))

Калимаи сангсуронӣ расо, мувофиқ. Керлинг ва кунлинг хандаовар))

Muhojir
Санглағжонӣ behtar nest? Farhangistoni azizi mo kalimai "sur"-ro ba juz tuyu sur boz chi meguyad? Sur, surondan kujoist?

Киё Muhojir,
Сур ба маънии ҷашни ҳамсаргузинӣ ё базму меҳмонӣ ба хатти форсӣ «سور», вале сурондан «سراندن» навишта мешавад. Яъне сур бо вов ва сурондан бе вов навишта мешавад ва талаффузашон ҳам яксон нест. У дар сур дарозу кашида аст ва дар сурондан кӯтоҳ.
Сангсуронӣ дар гуфтор равонтар аз санглағжонӣ аст.

шахованд
Кёрлинг бигуед, чӣ бадӣ дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)