Бахшҳо

ВИДЕО: Ҳушдори Жириновский аз ҷанги тоҷику қирғизу узбак барои об ва даъват ба эҳёи “СССР”

Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолбарангез ва раиси ҳизби либерал-демократии Русия аз ҷанги тоҷику қирғизу узбакҳо барои об ҳушдор дода, пешгӯӣ кардааст, ки фазои тарс “СССР”-ро бидуни тирпаронӣ барқарор хоҳад кард.

Жириновский дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии “Царград” суҳбатро аз он оғоз кардааст, ки агар ӯ президенти Русия мебуд ва бо Доналд Трамп во мехӯрд, мегуфт: “Доналд, биё мувофиқа мекунем. Дар мавриди Чин – мо розӣ, дар мавриди Эрон – мо розӣ... Созиш мекунем, ки бар иваз Трамп ба дархостҳои мо чашм мепӯшад”.

Ӯ дар идома мегӯяд, дар мавриди Чин бо Трамп ба ин хотир гузашт мекунанд, ки ибтидо бояд дар масъалаи барқарор кардани марзҳои пешини ИҶШС-“СССР” ба ифоқа бирасанд: “Ба Трамп мегӯем, мо марзҳои ИҶШС-ро тавассути роҳҳои мусолиматомез барқарор мекунем ва агар шумо дар сиёсати хориҷии худ изҳор кунед, ки бо он чи дар кишварҳои шӯравии пешин мегузарад, ҳеч мавзеъгирие намекунед, пас мо... Яъне савдо мекунем. Вай як тоҷир аст. Ӯ мегӯяд, ки нуфузи Чинро намехоҳад ва мо намехоҳем. Дар ин маврид мо мувофиқем. Омили исломӣ хатарнок аст, таҳдидҳои бисёре барои ташдиди террор вуҷуд дорад. Ин омил ҳам ӯ ва ҳам моро нигарон кардааст. Сарҳадҳо? Мо нагуфтаем, ки Финландиёро мегирем ё Лаҳистонро. Танҳо марзҳои кишварҳои пешини шӯравиро бидуни ҷанг”.

Ба қавли Владимир Жириновский, дар ин гуна тавофуқ Русия бояд нисбат ба Амрико бештар гузашт бикунад, зеро мо қаламрави худро дубора бозпас мегирем. Ба Трамп таҳдидҳое, ки аз сӯи Чин ва Эрон эҳтимоли расидан доранд, мо онҳоро бартараф мекунем ва ӯ рақибони иқтисодиямонро бартараф мекунад. Жириновский гуфтааст, бо Трамп дар мавриди ҳама чиз мешавад мувофиқа кард. Арвупо барояш даркор нест, Иттиҳоди Аврупо низ даркор нест. Минтақаи Шенген, евро... ИМА пештар аз модели коммунистӣ метарсид, ҳоли чизе барои тарс нест.

Раиси демкоратҳои либерали Русия ҳамчунин афзуда, ин гуна тавофуқ бо Трамп имконпазир аст: “Ҳанӯз дар замони Брежнев амрикоиҳо ба мо гуфтанд, ки Финландиёро бигиред ва барои мо Кубаро бигузоред. Ҳоло Фидел Кастро мурд ва режим тағйир мекунад ва онҳо ҳам мисли Укроин мухолифи мо мешаванд ва Финландия ҳам ҳеч вақти дигар аз мо намешавад”.

Жириновский гуфтааст, шаҳрвандони қаламрави Шӯравии собиқ орзу мекунанд, ки ба қаламрави ягона боз баргарданд, зеро дар ин кишварҳо мардум ба табақаҳо тақсим шудаанд – дороҳо зиндагии олӣ доранд, камбағалҳо не: “Дар замони шӯравӣ онҳо зиндагии хубтаре доштанд. Аз ин рӯ мо бартарии бузурге дорем, коммунистҳои шӯравӣ онҳоро мехӯронданд ва онҳо ба ёд меоваранд, ки 25 сол пеш онҳо зиндагии беҳтаре доштанд”.

Ӯ дар муносибат бо кишварҳои шӯравии пешин низоми Русияи подшоҳиро мисоли ибрат хондааст, ки Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Русияро бо маҳсулот таъмин мекард ва дараке аз муҳоҷирон дар Маскаву Санкт Петербург набуд. Жириновски низоми шӯравиро танқид кардааст, ки ба ин кишварҳо мустақилияту сабукиҳо ироа намуд.

Дар мавриди баргардондани қаламравии пешини шӯравӣ, раиси либерал-демократҳои Русия гуфтааст, Ғарб мудохила намекунад. Тонкҳо мо ба Берлин ва Вена намераванд, мо танҳо сарҳадҳои пешини “СССР”-ро барқарор мекунем.

Дар ин мусоҳиба Жириновский ҳамчунин гуфтааст, кишварҳои шӯравии собиқро тарс дубора ба оғӯши Русия меоварад: “Мо ба онҳо амниятро таъмин мекунем. Ҳоло мо Амрикои Лотин виноро мехарем, меваро аз Африқо. Ҳамаи ин дар Осиёи Марказӣ ҳаст, дар Моварои Қафқоз ва Шимоли ин минтақа вуҷуд дорад. Яъне мо сиёсатро тағйир медиҳем. Ҳама чиро аз онҳо мехарем. Масалан Тоҷикистон. Тути фарангии аз ҳама хубтар ва карами тару тоза дорад. Ҳамагӣ баъд аз ду мо дар ин кишвар ҳосили нав ба даст меояд. Оё бад аст, ки мо карами 2017-ро бихурем? Вагарна дар мағозаҳои мо карамҳои 2016-ро мефурӯшанд”.

Ба ақидаи Жириновский Русия бо кишварҳои пешини шӯравӣ муносибатҳои табииро ба роҳ мемонад, зеро онҳо, феълан дар арафаи таркишҳо қарор доранд: “Водии Фарғона. Тоҷикҳо, узбакҳо ва қирғизҳо онҷо қарор доранд. Тоҷикҳо ва қирғизҳо мехоҳанд пеши роҳи дарёҳоро бибанданд. Ба узбакҳо об намеояд, аммо онҳо зиёданд. Ҷанг ногузир аст. Онҳо аз ин метарсанд. Мо марзҳоро барҳам медиҳем. Мо тамоми обро медиҳем, чӣ миқдоре зарур бошад медиҳем ва барои онҳо зиндагии бехтар таъмин мешавад”.

Жириновскиий ҳамчунин гуфтааст, ки агар марзҳоро барқарор кунем низоъҳои мавҷуд дар ин кишварҳо низ аз байн меравад: “Агар марзҳоро соҳиб шудем, дигар Қарабоғе, Озорбойҷоне вуҷуд надорад. Вилоятҳо (губернияҳо)-и Боку, Ереван, Тифлис ва ғайра ташкил мекунем, мисле, ки дар замони Русияи шоҳӣ буд. Амният ҳаст, зиндагии хубтар ҳаст, рушд ҳаст. Ҳама ба забони русӣ мегузаранд. Нависандагони худ ва дигар ҳама чизи худро фаромӯш мекунанд. Ҳоло онҳо дар мавриди дабираи лотинӣ орзу мекунанд. Алифбои арабӣ миллатгаройӣ, таассуби диниро рушд додааст. Ин корро Арабистони Саудӣ маблағгузорӣ мекунад. Баъди мо Саудӣ дигар маблағгузориро қатъ мекунад. Дар Қирғизистон 5 ҳазор масҷид вуҷуд дорад, вале оё зиндагии қирғизҳо хуб шуд? Не, масҷидҳо холиянд ва ҳама ба Маскав омадаанд. Аммо Арабистони Саудӣ маблағҳоро беҳуда харҷ мекунад”.

Жириновский гуфтааст, ки барои ҳамин онҳо хушбахт мешаванд, агар Русия марзҳоро дубора барқарор кунад: “Мо агар онҳоро бигирем онҳо хурсанд мешаванд ва ҳама чиро аз онҳо мехарем. Зиндагии ороми онҳо таъмин мешавад. Дигар зарурати ба Русия ба кор омадан намемонад. Ҳоло онҳо ба Русия барои он меоянд, ки маҷбуранд. Агар ҳама чизро аз онҳо бихарем дигар ин зарурат намемонад. Ҳоло баъзе мансабдорон метараснд,ки “чӣ мешуда бошад”. Чизе намешавад, танҳо тартибу низом мешавад”.


Мӯҳр
...Baroi chi hamin holo mahsuloti moro namechari Guberniyavu viloyat karda boyad chari?!Shart ast yagon gapi bema'ne zani!?...

Хамаи шоирони худро фаромуш мекунанд забони худро хам яъне Руси гап мезананд. Жирик хобатро ба об гуй. Шумо бо бародарони славянии худ Украина Белорусхо соз намегиред бо мо точикону киргизону узбекхо соз мегиренд? Мо иншоолох на барои обу на барои чизе дигаре чанчол намекунем. Худо хохад хамааш нагз шудаистодааст ва нагзтар хохад шуд.

ман
Политический клоун !!! По другому не как !

мухочири кори
жирновски дуруст мегуяд мохам назди зану фарзандонамон бозмегардем

ватандуст
Ин хобатро дар об гу

Солехбой
Ин маака саруш дар хакикат вейрун будаст. Аввал инки союза бархам намедоданд. Ду-се мансабдор барои хукумат шурвиро бархам доданд. Акнун ин жирика сар додиян ки ба чойи онхо плефтагуйи кунад. Хестаст, ки ховай...


Пири беакл и жирик руз то руз беакл шидестай и ки боша ай номи точики узбака киргиз гап мезада боша

Аслиддин
"Озодагон", бехтарин расонаи хабарй дар хамаи кишвар аст. Ин назари ман аст ва аз руйи тахлил мегуям (факат аз худ наравед). Танхо як чизро хотиррасон карданиам, ки муаллифони хабару гузоришхоро мушаххас кунед.

Хукумати советия шумон фурехтен сиесатмадорои рус хамаш дер шудаги таьрих кафо намегардад бояд мо ба таможный союз дохил нашавем т с ташкилоти дуругай яго маьни надорад аз россия хама руй гардондаги барои он ки неблагодарный

Марди Озод
Агар харро як кутак бизанӣ рост ба роҳаш меравад ва ин Жирка не рости ҷойи ин сирк ҳаст, дируз дар тв царград суханони инро шунидам ва гуфтам эй кош пешам мебудӣ ки чанд кутак мезадам то одам шавӣ. Суханони ин ҳеҷ арзише надорад, илло агар дар қоғазҳо бинавсанд мутмаинам ки он навиштаҳоро дар санъати сохти қоғази ташноб истифода хоҳанд, кард.

Даф шав қатии ҳамин хел гапҳои бемаъниат!!! 70 сол задед забону фарҳанги моро нест карда натонистед акнун метонед, ки бо Васяю Алёшаи алкаш забони моро нест кунед? Чӣ ту гуфтании мо ба ҷойи Румиву Камоли Хуҷандиву Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Аркадий Гайдару кадом як Игори шумора хонем?!

бобои Файз
- Бачаҳо ин чуғзи Путин аст. Ҳарчӣ ки мегуяд, аз ҳамонҷо дастур дорад. Ҳамин, ки "меҳрубонӣ" дорад, омад-омади "акои калон" аст. Намебинед ҳар ҳафта дар Кремл як орден мегирад. Вазифаи мою шумо дар ҳоли ҳозир ин бадбахт чизе мегӯяд чапак задан аст.

Ин сиёсатмадорест, ки ба мукаллафиаш миллионхо нафар шубха дорад. ИН сафсатае беш нест. Пас аз хазор сол мо сохибватан гаштем, давлати сохибистиклол дорем. Бале мушкили дар мо хаст, зиёд хаст ва барои ин албатта вакт лозим. Точикистон кадамхои устувори худро гузошта истодааст. Ободии Ватанро хамаи мо дида истодаем. Моро бо хамсоягон хамин русхо чанг наандозанд мо бе хеч вачх муносибати хамсоягиро вайрон кардани нестем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)