Бахшҳо
07 фев 2017 09:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қарори №52-и Рустами Эмомалӣ: Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!

Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор дар пойтахт 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ эълон кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдори пойтахт мегӯяд, ин маърака таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!” “бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт, ниҳолшинониюкабудизоркунӣ, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” роҳандозӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, 150 рӯзи ободонӣ аз 1 феврал шурӯъ шудла ва 27 июни соли 2017 идома хоҳад кард. Дар қарори Рустами Эмомалӣ омадааст, “раисони ноҳияҳои шаҳр (Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ.), КВД таҷрибавии илмию истеҳсолии “Сабзкорӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Халикова Т.М.), роҳбарони корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда дар мавзеъҳои интихобгардида бо ширкати аҳли ҷамоатчигии шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинони-дани ниҳолҳоро ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намуда, раванди ниҳолшинонию кабудизоркуниро пайваста тақвият бахшанд”.

Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. То он замон ӯ ба ҳайси раҳбари Оҷонсии зидди фасод фаъолият мекард.
Мӯҳр
...OFARIN!!!Shachsh gir dodar!

Бисер бахонаи хуб шуд барои кормандони ЖУ- и махаллаи 82. Гаражхоро чаппа карданду аз они худашонро монданд. Дарахтони сабзро бо хар бахона бурида мефурушанд. Мухтарам Раиси шахр! Як маротиба ба махаллаи 82 биеед, Сари хар як кадам одамони вазифадор, сардори ЖУ, нозири минтакави бо розигии якдигар будкахои гайриконуниро гузошта фаъолият доранд. Танхо дар назди "Мардикорбозор" 3 будкаро гузоштаанд, ки шахрро ба як кишлок монанд кардааст.... Сари хар як кадам савдои кучаги амал мекунад. Кани назорат?????

z
Сами бы еще вовремя мусор убирали со дворов.salim,

Darvesh
Muhtaram Raisi SHahr 1 marotiba ba mahallai BINOKORON raven. Kormandi SHUMO. Ronandai Hukumati shahr, havlii nazdi bino (domro) zamini kishtukor sokhtaast!!!!!! 2 proezdi Binokoron 7 mahallai 7 km.
Peshtar murojiat karda budem yagon foida nashud. Bovar dorem SHumo yagon rohi halro meyobed.... Badan email-I hukumati shahro peshnihod kuned ki mardum shakhsan ba onjo murojiat kunand dar borai kambudii shahr ............. Qarori befoida manoe nadorad muhtaram RAIS>>>>>>>>>>>>

Дилёб
Салом. Фоли нек....офарин!! Ба 102юм мкр худатон меомаден бисер хуб мешуд рафиқ Генерал!! Агар наоен 102 ба кучаҳои Ҳиндустон мубаддал мешавад.......

Мо сокинони шахри Душанбе бовари комил дорем,ки раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали поитахти азизи моро хураму зебо бо сатхи балад мегардонад.

уфф
Дар бораи таъмини чои кор, корхонахо сухан нест. Хамеша дар бораи богу чангалдори сухану пешниход.

Акаи раиси нав. Хохиш ва илтимос як бор барномаи вакилони шахри ва 4-нохияи шахрро талаб карда омузед. 99% надорад. Агар вакили мачлис 10% кор мекард шахр барвакт Гулистон мегашт.. Алокаи вакил бо халк умуман вучуд надорад.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)